Ирмиё
16 Аз ҷониби Яҳува ба ман боз паём омад: 2 «Дар ин макон зан нагир ва писардору духтардор нашав, 3 зеро Яҳува дар бораи писару духтароне, ки дар ин ҷо таваллуд мешаванд, ва дар бораи падару модарашон, ки онҳоро ба дунё меоранд, чунин мегӯяд: 4 “Онҳо аз бемориҳои марговар хоҳанд мурд,+ вале касе дар ҳаққи онҳо нола нахоҳад кард ва онҳоро нахоҳад гӯронид. Онҳо мисли поруи рӯйи замин мешаванд.+ Онҳо аз шамшер ва гушнагӣ мемиранд+ ва ҷасадҳояшон хӯроки парандаҳои осмон ва ҷонварони саҳро мегардад”.
5 Яҳува чунин мегӯяд:
“Ба хонаи мотам надаро
Ва барои нола ё дилбардории касе он ҷо нарав,+
Зеро ман осоиштагиямро аз ин халқ гирифтаам,— мегӯяд Яҳува.—
Ман онҳоро аз меҳру вафо ва раҳматам маҳрум кардаам.+
6 Хурду бузург дар ин замин хоҳанд мурд.
Онҳо гӯронида намешаванд,
Касе дар ҳаққашон нола намекунад
Ва барои онҳо баданашро чок ва сарашро кал намекунад*.
7 Ҳеҷ кас ба мотамзадагон хӯрок нахоҳад овард,
То дилашон аз марги наздиконашон таскин ёбад.
Ҳамчунин ҳеҷ кас ба онҳо пиёлаи тасаллӣ нахоҳад дод,
То касе, ки падар ё модараш мурдааст, онро нӯшида дардаш кам шавад.
8 Ба хонаи дилхушӣ низ надаро,
То бо онҳо нишаста, бихӯриву бинӯшӣ”,
9 Зеро Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Инак, дар ҳамин ҷо, дар рӯзҳои шумо, ман дар пеши чашматон ба садои шодиву хурсандӣ, овози домоду арӯс, хотима мебахшам”.+
10 Вақте ҳамаи ин суханонро ба мардум бигӯӣ, онҳо туро мепурсанд: “Чаро Яҳува чунин фалокати бузургро бар сари мо овардан мехоҳад? Мо бар зидди Худоямон Яҳува чӣ хато кардаем?”+ 11 Ба онҳо бигӯ: “Бобоёни шумо аз ман рӯй гардонданд,+— мегӯяд Яҳува,— ва аз пайи худоёни дигар рафта, онҳоро парастиш намуданд ва пеши онҳо саҷда бурданд,+ аммо аз ман рӯй гардонданд ва шариати маро риоя накарданд.+ 12 Шумо бошед, аз бобоёнатон бадтар рафтор кардед+ ва ҳар яки шумо, ба ҷойи он ки ба ман итоат кунед, аз пайи дили якраву бадкори худ рафтед.+ 13 Аз ин рӯ ман шуморо аз ин замин ба замине мепартоям, ки онро на шумо медонистеду на бобоёнатон.+ Шумо дар он ҷо шабу рӯз худоёни дигарро парастиш хоҳед кард,+ зеро ман ба шумо раҳм намекунам”.
14 Аммо рӯзҳое меоянд,— мегӯяд Яҳува,— ки дигар касе чунин нахоҳад гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини Миср берун овардааст!”,+ 15 балки чунин хоҳанд гуфт: “Қасам ба номи Яҳува, Худои зинда, Худое, ки халқи Исроилро аз замини шимол ва аз ҳама ҷову маконе, ки онҳоро пароканда карда буд, берун овардааст!” Ман онҳоро ба заминашон бармегардонам, ба замине, ки ба бобоёнашон дода будам.+
16 Инак, ман моҳигирони зиёдеро мефиристам,— мегӯяд Яҳува,—
То онҳоро дошта бигиранд.
Баъд аз ин ман шикорчиёни зиёдеро мефиристам,
То онҳоро дар ҳар кӯҳу теппа ва сӯрохиҳои шахҳо шикор кунанд,
17 Зеро чашмони ман бар ҳама корҳои онҳост.
Рафторашон аз чашми ман пинҳон намондааст
Ва хатояшон аз назарам пӯшида нест.
18 Пеш аз он ки онҳоро баргардонам,
Барои хатову гуноҳашон ба таври пурра сазояшон медиҳам,+
Зеро онҳо замини маро бо бутҳои беҷону ҳаромашон беҳурмат кардаанд
Ва мулки маро бо чизҳои нафратовар пур кардаанд”».+
19 Эй Яҳува, қувват ва такягоҳи ман,
Гурезгоҳи ман дар рӯзи тангӣ,+
Халқҳо аз гӯшаву канори замин сӯйи ту омада, хоҳанд гуфт:
«Бобоёни мо чизҳои дурӯғ, ҳеҷу пуч ва бефоидаро мерос гирифтанд».+
20 Оё одамизод метавонад барои худ худо бисозад?
Он чӣ онҳо месозанд, Худо нест.+
21 «Аз ин рӯ ман ба онҳо маълум месозам,
Он вақт ман ба онҳо қувват ва қудратамро маълум месозам
Ва он гоҳ онҳо мефаҳманд, ки номи ман Яҳува аст».