Сафанё
2 Ҷамъ шав, ҷамъ шав,+ эй халқи беҳаё!+
2 Пеш аз он ки ҳукм ба амал ояд,
Пеш аз он ки рӯз мисли коҳ парида равад,
Пеш аз он ки оташи ғазаби Яҳува бар шумо фурӯ резад,+
Пеш аз он ки рӯзи хашми Яҳува бар сари шумо ояд,
3 Яҳуваро биҷӯед,+ эй ҳамаи нармдилони* замин,
Ки фармудаҳои одилонаи ӯро риоя мекунед,
Росткорӣ ва нармдилиро* биҷӯед,
Шояд ки, дар рӯзи хашми Яҳува паноҳ ёбед,+
4 Зеро шаҳри Ғазза беодам мемонад
Ва Ашқалӯн ба харобазор табдил меёбад.+
Сокинони Ашдӯд дар рӯзи равшан ронда мешаванд
Ва Эқрӯн решакан мегардад.+
5 Вой бар сокинони соҳили баҳр, бар халқи каритиён!+
Яҳува бар зидди шумо паём фиристодааст.
«Эй Канъон, эй замини фалиштиён, ман туро нобуд месозам
Ва дар ту сокине намемонад».
6 Соҳили баҳр чарогоҳ мегардад
Ва дар он чоҳҳо барои чӯпонон ва қӯраҳо* барои гӯсфандон хоҳанд буд.
7 Он маконе барои бақияи хонадони Яҳудо мешавад,+
Ва онҳо чун гӯсфандон дар он ҷо мечаранд.
Онҳо бегоҳӣ дар хонаҳои Ашқалӯн дароз мекашанд,
Зеро Худояшон Яҳува сӯйи онҳо назар мекунад*
Ва асирони онҳоро бармегардонад.+
8 «Ман таънаи Мӯоб+ ва дашномҳои Аммӯнро+ шунидам,
Онҳо халқи маро паст заданд ва худбоварона гуфтанд, ки заминашонро аз худ мекунанд.+
9 Бинобар ин,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои Исроил,— ба ҳаёти худ қасам ки,
Мӯоб мисли Садӯм ва Аммӯн мисли Амӯро+
Ҷойи газна, чоҳи намак ва харобазори абадӣ мегардад.+
Бақияи халқи ман онҳоро тороҷ мекунад
Ва боқимондагони халқам молашонро соҳиб мешаванд.
10 Ҳамаи ин аз барои ғурурашон+ ба сари онҳо меояд,
Зеро онҳо халқи Яҳува, Худои лашкарҳоро, паст заданд ва худро аз онҳо боло гирифтанд.
11 Вақте Яҳува бар зиддашон амал кунад, онҳо ба воҳима меафтанд,
Зеро ӯ ҳамаи худоёни заминро нобуд месозад
Ва тамоми халқҳое, ки дар ҷазираҳо сокинанд, ҳар яке аз ҷойи худ,
Пеши ӯ саҷда мебаранд.+
12 Шумо низ, эй ҳабашиён, бо шамшери ман кушта мешавед.+
13 Ӯ дасти худро сӯйи шимол дароз карда, Ошурро нобуд месозад
Ва Нинверо ба харобазор табдил медиҳаду+ мисли биёбон хушк мегардонад.
14 Галаҳо, ҳар навъ ҳайвонҳои ваҳшӣ, дар он мехобанд.
Мурғи саққо ва ҷайра байни сутунҳои афтодааш шабро рӯз мекунанд.
Аз тирезаҳои ӯ садои хониши парандагон* шунида мешавад.
Дами дар пур аз шикастапора мешавад
Ва рӯйбастҳои чӯбин луч мегарданд.
15 Ин аст шаҳри мағруре, ки дар бехатарӣ менишаст
Ва дар дили худ мегуфт: “Ман ягонаам ва касе мисли ман нест”.
Ӯ макони ҳайвонҳои ваҳшӣ шудааст,
Кас ҳоли зорашро дида ба даҳшат меафтад.
Роҳгузарон ҳуштак мекашанд ва сӯйи ӯ мушт мебардоранд».+