Забур
Суруди болобароӣ.
2 Ту аз меҳнати дастони худ хоҳӣ хӯрд.
Хушбахт ва обод хоҳӣ буд.+
3 Занат дар хонаи ту мисли токи пурбор+
Ва писаронат дар сари дастархонат мисли навдаҳои зайтун хоҳанд буд.
4 Чунин аст баракати шахсе, ки аз Яҳува метарсад.+
5 Яҳува туро аз Сион баракат медиҳад.
Илоҳо тамоми умри худ ободии Ерусалимро бубинӣ+
6 Ва фарзандони фарзандонатро бубинӣ.
Осоиштагӣ бар Исроил бод!