ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Подшоҳон 28
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон

      • Шоул ба Эйн-Дӯр, назди пурсандаи арвоҳ, меравад (1–25)

1 Подшоҳон 28:1

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 14:52
  • +1Пш 27:12; 29:3

1 Подшоҳон 28:2

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 29:2

1 Подшоҳон 28:3

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 25:1
  • +2Мс 22:18; 3Мс 19:31; 20:6, 27; 5Мс 18:10, 11; Ошк 21:8

1 Подшоҳон 28:4

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 19:17, 18; 4Пш 4:8
  • +1Пш 31:1; 2Пш 1:21; 21:12

1 Подшоҳон 28:5

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:20

1 Подшоҳон 28:6

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 14:37
  • +2Мс 28:30; 4Мс 27:21

1 Подшоҳон 28:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 22:18; 3Мс 19:31; 20:6; 1Пш 15:23; 28:3
  • +Юш 17:11

1 Подшоҳон 28:8

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 18:10, 11; 1Вқ 10:13

1 Подшоҳон 28:9

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:3
  • +2Мс 22:18; 3Мс 20:27

1 Подшоҳон 28:12

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «касеро, ки худро Самуил нишон дод».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:3

1 Подшоҳон 28:14

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «ҷелаки».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 15:27

1 Подшоҳон 28:15

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:6
  • +3Мс 19:31

1 Подшоҳон 28:16

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 15:23; 16:14

1 Подшоҳон 28:17

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 13:14; 15:28; 16:13; 24:20

1 Подшоҳон 28:18

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 15:9; 1Вқ 10:13

1 Подшоҳон 28:19

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:1; 31:1
  • +1Пш 31:2, 5; 2Пш 2:8
  • +1Пш 31:7

1 Подшоҳон 28:21

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 20:27

1 Подшоҳон 28:24

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «қурбон кард».

  • *

    Ё «нони бехамиртуруш».

1 Подшоҳон 28:25

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 28:8

Асосӣ

1 Подш. 28:11Пш 14:52
1 Подш. 28:11Пш 27:12; 29:3
1 Подш. 28:21Пш 29:2
1 Подш. 28:31Пш 25:1
1 Подш. 28:32Мс 22:18; 3Мс 19:31; 20:6, 27; 5Мс 18:10, 11; Ошк 21:8
1 Подш. 28:4Юш 19:17, 18; 4Пш 4:8
1 Подш. 28:41Пш 31:1; 2Пш 1:21; 21:12
1 Подш. 28:51Пш 28:20
1 Подш. 28:61Пш 14:37
1 Подш. 28:62Мс 28:30; 4Мс 27:21
1 Подш. 28:72Мс 22:18; 3Мс 19:31; 20:6; 1Пш 15:23; 28:3
1 Подш. 28:7Юш 17:11
1 Подш. 28:85Мс 18:10, 11; 1Вқ 10:13
1 Подш. 28:91Пш 28:3
1 Подш. 28:92Мс 22:18; 3Мс 20:27
1 Подш. 28:121Пш 28:3
1 Подш. 28:141Пш 15:27
1 Подш. 28:151Пш 28:6
1 Подш. 28:153Мс 19:31
1 Подш. 28:161Пш 15:23; 16:14
1 Подш. 28:171Пш 13:14; 15:28; 16:13; 24:20
1 Подш. 28:181Пш 15:9; 1Вқ 10:13
1 Подш. 28:191Пш 28:1; 31:1
1 Подш. 28:191Пш 31:2, 5; 2Пш 2:8
1 Подш. 28:191Пш 31:7
1 Подш. 28:213Мс 20:27
1 Подш. 28:251Пш 28:8
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Подшоҳон 28:1–25

1 Подшоҳон

28 Дар он рӯзҳо фалиштиён лашкарҳои худро ҷамъ карданд, то бо Исроил биҷанганд.+ Окиш ба Довуд гуфт: «Ту, албатта, медонӣ, ки туву одамонат бояд ҳамроҳи ман ба ҷанг бароед».+ 2 Довуд ба Окиш гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки бандаат чӣ кор мекунад». Окиш ба Довуд гуфт: «Ин тавр бошад, аз ин рӯз пас ту нигаҳбони ҷони ман мешавӣ».+

3 Самуил он вақт мурда буд ва тамоми Исроил барои ӯ гиряву нола карда, ӯро дар шаҳраш Ромо гӯронда буданд.+ Он вақт Шоул кишварро аз пурсандагони арвоҳу фолбинон тоза карда буд.+

4 Фалиштиён ҷамъ шуда, омаданд ва дар Шунем урду заданд.+ Он гоҳ Шоул тамоми Исроилро ҷамъ овард ва онҳо дар Ҷилбӯа урду заданд.+ 5 Вақте Шоул урдуи фалиштиёнро дид, ба ҳарос афтод ва дилаш аз тарс ба ларза омад.+ 6 Гарчанде Шоул аз Яҳува пурсон мешуд,+ Яҳува боре ҳам ба ӯ ҷавоб надод: на дар хоб, на бо урим+ ва на ба воситаи пайғамбарон. 7 Ниҳоят Шоул ба ходимонаш гуфт: «Занеро ёбед, ки пурсандаи арвоҳ+ бошад, то ман ба наздаш рафта, маслиҳат кунам». Ходимонаш ба ӯ гуфтанд: «Зане, ки пурсандаи арвоҳ аст, дар Эйн-Дӯр+ мебошад».

8 Шоул андомашро дигар карда ва либосҳои дигар пӯшида, шабона бо ду нафаре аз одамонаш ба назди он зан омад. Ӯ гуфт: «Илтимос, ҳунари пурсидани арвоҳро ба кор бурда фол кушо+ ва касеро, ки ба ту гӯям, бароям даъват кун». 9 Аммо зан ба ӯ гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки Шоул чӣ кор кардааст: ӯ кишварро аз пурсандагони арвоҳ ва фолбинон тоза кардааст.+ Пас, чаро барои ҷони ман дом мегузорӣ, то ки маро бикушанд?»+ 10 Шоул ба ӯ ба номи Яҳува қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, барои ин кор ту айбдор нахоҳӣ буд!» 11 Он гоҳ зан гуфт: «Киро бароят даъват кунам?» Ӯ ҷавоб дод: «Самуилро». 12 Вақте зан «Самуилро»* дид,+ бо тамоми овоз дод зада ба Шоул гуфт: «Чаро ту маро фиреб додӣ? Охир, ту Шоул ҳастӣ!» 13 Подшоҳ ба ӯ гуфт: «Натарс, бигӯй, ки чиро мебинӣ?» Зан ба Шоул гуфт: «Касеро мебинам, ки мисли худост ва аз замин берун меояд». 14 Шоул дарҳол аз ӯ пурсид: «Ӯ чӣ гуна аст?» Зан гуфт: «Мӯйсафеде берун меояд, ки дар тан яктаҳи* беостин дорад».+ Шоул фаҳмид, ки ин «Самуил» аст, ва рӯ ба замин афтода таъзим кард.

15 Он гоҳ «Самуил» ба Шоул гуфт: «Барои чӣ маро даъват намуда безобита кардӣ?» Шоул ҷавоб дод: «Ба сарам балои сахте омад. Фалиштиён бар зидди ман меҷанганд, Худо бошад, аз ман дур шудаасту на бо воситаи пайғамбарон ва на дар хобҳо дигар ба ман ҷавоб намедиҳад.+ Туро даъват кардам, то бигӯӣ, ки чӣ кор кунам».+

16 «Самуил» гуфт: «Агар Яҳува аз ту дур шуда душмани ту гашта бошад,+ чаро аз ман пурсон мешавӣ? 17 Яҳува он чизеро, ки ба воситаи ман пешгӯйӣ карда буд, ҳамонро мекунад: Яҳува подшоҳиро аз дасти ту канда мегирад ва онро ба каси дигар, ба Довуд, медиҳад.+ 18 Азбаски ту ба овози Яҳува гӯш надодӣ ва оташи ғазабашро бар амолеқиён фурӯ нарехтӣ,+ Яҳува имрӯз ин чизҳоро ба сари ту овардааст. 19 Яҳува ҳамчунин Исроил ва туро ба дасти фалиштиён месупорад+ ва пагоҳ туву писаронат+ бо ман хоҳед буд. Бале, Яҳува лашкари Исроилро ба дасти фалиштиён месупорад».+

20 Он гоҳ Шоул ба замин афтид ва аз суханони «Самуил» беҳад тарсид. Дар ӯ мадоре намонд, чунки тамоми он рӯз ва шаб чизе нахӯрда буд. 21 Зан назди Шоул омада, дид, ки ӯ сахт дар изтироб аст, ва ба ӯ гуфт: «Канизат гапи туро ба замин нагузошт ва ҷон ба каф гирифта+ он чиро, ки гуфтӣ, ба ҷо овард. 22 Акнун, илтимос, ба гапи канизат гӯш кун. Иҷозат деҳ, ки бароят як лаб нон биёрам, то ки бихӯрӣ ва қувват гирифта, ба роҳ бароӣ». 23 Аммо ӯ пешниҳодашро рад карда гуфт: «Ман намехӯрам». Лекин ходимонаш ва он зан аз ӯ бисёр илтимос карданд. Оқибат ӯ гапи онҳоро гирифта аз замин хест ва рӯйи кат нишаст. 24 Он зан дар хона гӯсолаи парворӣ дошт. Ӯ дарҳол он гӯсоларо сар бурид* ва орд гирифта, хамир кард ва аз он фатир* пухт. 25 Зан ин чизҳоро пеши Шоулу ходимонаш овард ва онҳо хӯрданду ҳамон шаб бархоста, рафтанд.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан