Ирмиё
25 Дар соли чоруми ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, ки соли якуми подшоҳии Набукаднесари подшоҳи Бобил буд, ба Ирмиё дар бораи тамоми халқ чунин паём фиристода шуд: 2 Ин аст суханоне, ки пайғамбар Ирмиё ба тамоми халқи Яҳудо ва ҳамаи сокинони Ерусалим гуфт:
3 «Аз соли 13-уми ҳукмронии Юшиёи+ писари Омӯн, подшоҳи Яҳудо, то ба имрӯз, яъне тӯли 23 сол, паёми Яҳува ба ман фиристода мешуд. Ман такрор ба такрор* ба шумо гап мезадам, вале шумо гӯш намедодед.+ 4 Яҳува тамоми бандаҳояш пайғамбаронро назди шумо такрор ба такрор мефиристод, вале шумо гӯш намекардед ва диққат намедодед.+ 5 Онҳо мегуфтанд: “Илтимос, ҳар яке аз роҳу рафтори бадатон гардед.+ Он гоҳ дар замине, ки Яҳува аз қадим ба шумою бобоёнатон дода буд, дурудароз зиндагӣ мекунед. 6 Аз пайи худоёни бегона наравед, онҳоро парастиш накунед ва ба онҳо саҷда набаред. Бо ин корҳоятон Худоро дарғазаб насозед, то ба саратон фалокат наорад”.
7 Яҳува мегӯяд: “Шумо ба ман гӯш надодед, балки бо амали дастонатон маро дарғазаб кардед ва худро гирифтори фалокат намудед”.+
8 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Азбаски ба суханонам гӯш надодед, 9 ман тамоми қабилаҳои шимол ва бандаам, Набукаднесари подшоҳи Бобилро,+ ҷамъ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— ва бар зидди ин замин,+ сокинонаш ва тамоми халқҳои гирду атрофаш бармехезонам.+ Ман онҳоро ба нестӣ месупорам ва тавре мекунам, ки ҳар кӣ онҳоро бубинад, ба даҳшат ояд ва аз ҳайрат ба ҳолашон ҳуштак кашад. Ман онҳоро абадан харобазор мегардонам 10 ва садои хушнудию шодмонӣ,+ садои домоду арӯс,+ садои дастос* ва равшании чароғро аз миёни онҳо нест мекунам. 11 Тамоми ин замин ба харобазор ва даҳшатзор табдил меёбад ва ин халқҳо 70 сол ба подшоҳи Бобил хизмат мекунанд.+
12 Вале баъди пурра шудани 70 сол+ ман бо подшоҳи Бобил ва халқаш ҳисобамро баробар мекунам*,+— мегӯяд Яҳува,— ва замини калдониёнро барои хатояш ба харобазори абадӣ табдил медиҳам.+ 13 Ман бар он замин тамоми он чиро, ки бар зиддаш гуфтаам, ҳамаи он чиро, ки дар ин китоб навишта шудааст, яъне он чиро, ки Ирмиё бар зидди тамоми ин халқҳо пешгӯйӣ кардааст, хоҳам овард. 14 Онҳоро халқҳои зиёд ва подшоҳони бузург+ ғуломи худ мегардонанд+ ва ман ба онҳо мувофиқи рафторашон ва аз рӯйи амали дастонашон подош медиҳам”».+
15 Яҳува, Худои Исроил, ба ман чунин гуфт: «Ин косаи шароби ғазабро аз дасти ман бигир ва ба тамоми халқҳое, ки туро наздашон мефиристам, бинӯшон. 16 Онҳо онро нӯшида, хоҳанд калавид ва аз зарби шамшере, ки ба миёнашон мефиристам, мисли девона рафтор хоҳанд кард».+
17 Ман косаро аз дасти Яҳува гирифта, ба тамоми халқҳое, ки Яҳува маро наздашон фиристода буд, нӯшонидам.+ 18 Ман онро аввал ба Ерусалиму шаҳрҳои Яҳудо, подшоҳонаш ва миронаш нӯшонидам,+ то онҳо харобу лаънатзада гарданд ва, ҳар кӣ онҳоро бинад, ба даҳшат омада аз ҳайрат ба ҳолашон ҳуштак кашад,+ чуноне ки имрӯз аст. 19 Сипас ба фиръавн — подшоҳи Миср, хизматгоронаш, миронаш, тамоми халқаш,+ 20 ва тамоми мардуми гуногунқабилааш, ба тамоми подшоҳони Ус, тамоми подшоҳони фалиштиён,+ Ашқалӯн,+ Ғазза, Эқрӯн ва бақияи Ашдӯд, 21 ба адӯмиён,+ мӯобиён+ ва аммӯниён,+ 22 ба тамоми подшоҳони Сӯр, тамоми подшоҳони Сидӯн+ ва подшоҳони ҷазираи баҳр, 23 ба Дадон,+ Темо, Бӯз ва ҳамаи онҳое, ки мӯйҳои чаккаашонро метарошанд,+ 24 ба тамоми подшоҳони Арабистон+ ва тамоми подшоҳони мардуми гуногунқабилаи биёбоннишин, 25 ба тамоми подшоҳони Зимрӣ, тамоми подшоҳони Элом,+ тамоми подшоҳони Модай,+ 26 ба тамоми подшоҳони шимол, аз дуру наздик, яке пайи дигаре ва ба тамоми подшоҳиҳои рӯйи замин нӯшонидам. Баъди онҳо подшоҳи Шешак*+ низ менӯшад.
27 «Ба онҳо бигӯ: Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Бинӯшед, маст шавед ва қай карда, биафтед, то аз зарби шамшере, ки бар миёни шумо мефиристам, бархеста натавонед”.+ 28 Агар онҳо косаро аз дасти ту гирифта, нӯшидан нахоҳанд, ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Аз он бинӯшед! 29 Агар ман аввал бар шаҳре, ки бо номам хонда шудааст, фалокат орам,+ наход шумо беҷазо монед?!+
Шумо беҷазо намемонед, зеро ман бар зидди тамоми мардуми замин шамшер меорам”,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
30 Ту тамоми ин суханонро ба онҳо пешгӯйӣ карда бигӯ:
“Яҳува аз боло наъра мезанад
Ва аз ҷойгоҳи покаш садояш шунида мешавад.
Ӯ бар сари макони худ бо овози баланд наъра мезанад.
Мисли онҳое, ки ангурро пахш мекунанд,
Ӯ бо тантана бар зидди тамоми сокинони замин хоҳад суруд.
31 Ғулғула то ба канори замин шунида мешавад,
Зеро Яҳува бо халқҳо мурофиа дорад.
Ӯ тамоми одамонро худаш доварӣ мекунад+
Ва бадкоронро аз дами шамшер мегузаронад”,— мегӯяд Яҳува.
32 Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Ана, фалокат аз халқе ба халқи дигар мегузарад+
Ва тундбоди шадиде аз канорҳои дурдасти замин бармехезад.+
33 Дар он рӯз шумораи куштагони Яҳува аз як канори замин то канори дигари он хоҳад буд. Дар ҳаққи онҳо касе мотам нахоҳад гирифт, онҳоро ҷамъ ё гӯручӯб нахоҳанд кард. Онҳо мисли поруе дар рӯйи замин хоҳанд хобид”.
34 Гиряву нола кунед, эй чӯпонон,
Бар замин ғел занед, эй бузургони рама,
Зеро рӯзи куштаву пароканда шуданатон фаро расидааст.
Шумо мисли зарфи пурқимате бар замин хоҳед афтод!
35 Барои чӯпонон ҷойи гурезе нест
Ва бузургони рама наметавонанд халос шаванд.
36 Фиғони чӯпонон
Ва нолаи бузургони рама ба гӯш мерасад,
Зеро Яҳува чарогоҳашонро валангор кардааст.
37 Аз оташи ғазаби Яҳува
Дар маконҳои тинҷу ором ҷони зиндае намондааст.
38 Ӯ монанди шери ҷавон+ аз хонааш баромадааст,
Аз зарби шамшери хунрез ва оташи ғазаби ӯ
Замини онҳо даҳшатзор гардидааст».