Айюб
8 Билдоди+ шуҳӣ+ дар ҷавоб ба ӯ гуфт:
2 «То ба кай ин тавр гап мезанӣ?+
Ту мисли бод ғурридиву суханони пуч гуфтӣ!
3 Магар Худо адолатро поймол мекунад?
Оё Худои Тавоно* инсофро пушти по мезанад?
4 Агар писаронат бар зидди Худо гуноҳ карда бошанд,
Ӯ онҳоро барои бадкорияшон ҷазо додааст*.
5 Вале, агар ту Худоро меҷустӣ+
Ва аз Худои Тавоно илтиҷо менамудӣ, ки ба ту лутфу марҳамат кунад,
6 Агар дар ҳақиқат поку росткор мебудӣ,+
Ӯ ба ту назар мекарду туро ба мавқеи пештараат бармегардонд
7 Ва, ҳарчанд аввалат назарногир буд,
Ояндаат дурахшон мешуд.+
8 Аз наслҳои пешин бипурс
Ва ба он чӣ падарони онҳо фаҳмидаанд, диққат деҳ,+
9 Зеро мо дирӯзакак ба дунё омадаем ва чизеро намедонем
Ва рӯзҳоямон дар рӯйи замин мисли соя зудгузар аст.
10 Магар гузаштагон туро таълим нахоҳанд дод?
Магар он чиро, ки медонанд, ба ту нахоҳанд гуфт?
11 Оё най* бе ботлоқ қад мекашад?
Оё қамиш бе об месабзад?
12 Ҳанӯз гул накарда ва ҳанӯз канда нашуда,
Он пеш аз дигар сабзаҳо хушк мешавад.
13 Ин аст оқибати ҳар касе, ки Худоро фаромӯш мекунад,
Зеро умеди худобехабарон* барбод меравад.
14 Онҳо ба чизҳои беҳуда умед мебанданд
Ва гӯё ба тори* заифи тортанак таваккал мекунанд.
15 Ба тори тортанак такя мекунад, лекин устувор намемонад,
Аз он доштанӣ мешавад, лекин он канда мешавад.
16 Ӯ мисли растании серобест, ки дар зери офтоб мерӯяд
Ва навдаҳояш дар боғ паҳн мешаванд.+
17 Дар тӯдаи сангҳо решаҳояш ба ҳам мепечанд
Ва он дар миёни сангҳо барои худ ҷо мекобад.
18 Лекин, вақте аз маконаш решакан шавад,
Маконаш аз вай рӯй гардонда мегӯяд: “Ман туро намешиносам”.+
19 Бале, ӯ ҳамин тавр несту нобуд мешавад+
Ва ба ҷояш дигар растаниҳо аз хок месабзанд.
20 Бешубҳа, Худо аз беайбон рӯ намегардонад,
Аммо бадкоронро ҳаргиз дастгирӣ намекунад.
21 Ӯ боз даҳонатро аз ханда пур мекунад
Ва лабонат аз хурсандӣ фарёд мезананд.
22 Касоне, ки аз ту нафрат доранд, ҷомаи шармандагӣ дар бар мекунанд,
Ва хаймаи бадкорон нест мешавад».