Айюб
18 Билдоди+ шуҳӣ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «То ба кай шумо* ин хел сухан меронед?
Каме ақлу фаросат нишон диҳед, ана баъд гап мезанем.
4 Худатро аз ғазаб дарронӣ ҳам,
Оё ба хотири ту замин харобазор мешавад
Ё кӯҳпора аз ҷояш меҷунбад?
5 Нури бадкор хомӯш мешавад
Ва оташи ӯ шуълавар намегардад.+
6 Равшанӣ дар хаймааш тира мешавад
Ва чароғаш хомӯш мегардад.
7 Ӯ дигар чолокона қадам намемонад
Ва ниятҳои худаш ӯро шикаст медиҳанд.+
8 Пойҳояш ӯро ба дом мебаранд
Ва ӯ дар тӯр дармемонад.
9 Қапқон аз пошнааш меқапад
Ва ӯ ба дом меафтад.+
10 Дар зери замин барояш банде пинҳон аст
Ва доме дар сари роҳаш хобидааст.
11 Даҳшатҳо аз ҳар тараф ӯро фаро гирифтаанд+
Ва ӯро дунболагирӣ мекунанд.
13 Пӯсташ хӯрда мешавад
Ва касалии марговартарин* андоми ӯро мехӯрад.
14 Аз хаймаи худ, ки паноҳгоҳи ӯст, ронда мешавад+
Ва ӯро пеш-пеш карда назди подшоҳи даҳшатҳо мебаранд*.
16 Решаҳояш аз бех пажмурда мегарданд
Ва шохаҳояш аз боло хушк мешаванд.
17 Хотираи ӯ аз замин нобуд мегардад
Ва ному нишонаш аз кӯчаҳо нест мешавад.
18 Ӯ аз равшанӣ ба торикӣ партофта мешавад
Ва аз замин ронда мешавад.
19 Дар байни халқаш наслу фарзанде нахоҳад дошт
Ва дар ҷойи зисташ* касе зинда нахоҳад монд.
20 Дар рӯзи мусибаташ мардуми ғарб ба ҳайрат хоҳанд омад
Ва мардуми шарқ ба даҳшат хоҳанд афтод.
21 Ин аст оқибати хаймаҳои бадкорон
Ва ояндаи хонаи худобехабарон».