Айюб
40 Яҳува суханашро давом дода, ба Айюб гуфт:
2 «Оё дуруст аст, ки айбҷӯ бо Худои Тавоно* баҳс кунад?+
Бигзор он касе, ки Худоро сарзаниш кардан мехоҳад, ҷавоб диҳад».+
3 Айюб дар ҷавоб ба Яҳува гуфт:
4 «Инак, ман ҳеҷам.+
Акнун чӣ ҷавоб дода метавонам?
Даҳонамро бо кафи дастам мепӯшонам.+
5 Ман як бор гап задам, вале дубора ҷавоб намедиҳам,
Ду бор сухан гуфтам, вале акнун хомӯш мемонам».
6 Он гоҳ Яҳува суханашро давом дода, аз тундбод ба Айюб ҷавоб дод:+
7 «Миёнатро мисли мард маҳкам бубанд,
Биё, ман ба ту савол медиҳам ва ту ба ман фаҳмон.+
8 Оё ба адолати ман шак дорӣ?
Оё мехоҳӣ маро айбдор созӣ, то худатро росткор барорӣ?+
9 Оё дастат мисли дасти Худо пурқувват аст?+
Оё овози ту низ мисли овози ӯ гулдуррос мезанад?+
10 Канӣ, худатро бо ҷалолу бузургӣ оро деҳ
Ва бо шукӯҳу шавкат бипӯшон.
11 Хашму ғазаби худро сар деҳ,
Ба ҳар ҳавобаланд назар андоз ва ӯро ба пастӣ шинон,
12 Ба ҳар ҳавобаланд назар андоз ва ӯро хоксор гардон
Ва бадкоронро дар ҷояшон поймол кун,
13 Онҳоро зери хок пинҳон намо,
Дар ҷойи ниҳонӣ онҳоро банд кун,
14 Он гоҳ ҳатто ман тан мегирам*,
Ки дасти ростат туро наҷот дода метавонад.
15 Ана, баҳмутро* бигирем. Онро низ мисли ту ман офаридаам.
Он мисли буққа алаф мехӯрад.
16 Ба қувваи ронҳояш
Ва мушакҳои пурзӯри шикамаш назар кун!
17 Думи ӯ мисли дарахти сидра бақувват аст,
Рагу пайи ронҳояш бо ҳам бофта шудаанд.
18 Устухонҳои вай қубурҳои мисин аст,
Дасту пояш мисли сихҳое аз оҳани кӯфта.
19 Аз ҷинси худ ӯ аввалин ва бузургтарин офаридаи Худост,
Танҳо Офаридгораш метавонад бо шамшери худ ба ӯ наздик шавад.
20 Кӯҳҳо барои ӯ хӯрок ҳосил мекунанд,
Дар он ҷо ҳама ҳайвоноти ваҳшӣ бозӣ мекунанд.
21 Ӯ зери дарахти челон,
Дар сояи қамишҳои ботлоқ дароз мекашад.
22 Дарахтони челон бар ӯ соя меафкананд
Ва сафедорони водӣ ӯро иҳота мекунанд.
23 Агар дарё ба талотум ояд, ӯ наметарсад,
Агар Урдун+ башаст ба рӯйи ӯ бизанад, парвое надорад.
24 Оё касе ӯро дар пеши назараш қапида метавонад?
Оё касе бинии ӯро бо чангак сӯрох карда метавонад?