Айюб
33 Акнун, эй Айюб, суханонамро бишнав.
Ва ба ҳамаи гапҳоям гӯш деҳ.
2 Инак, ман бояд даҳонамро кушоям
Ва забонам* бояд сухан гӯяд.
3 Суханонам аз покии дилам шаҳодат медиҳанд,+
Лабонам он чизеро, ки медонам, аз таҳти дил баён мекунанд.
5 Агар тавонӣ, ба ман ҷавоб деҳ.
Тайёр шав ва далелҳоятро ба ман бигӯ.
6 Ман ҳам дар назари Худо мисли туям,
Ман ҳам аз гил сохта шудаам.+
7 Аз ин рӯ ту набояд аз ман тарсӣ
Ва суханонам набояд ба ту гаронӣ кунанд.
8 Лекин ман шунидам, ки ту мегӯӣ,
Бале, аз даҳонат чунин суханонро мешунидам:
10 Лекин Худо баҳона ёфта бар ман зид мебарояд
Ва маро душмани худ меҳисобад.+
11 Бар пойҳоям кунда мезанад
Дар ҳар як рафторам айб меҷӯяд”.+
12 Лекин ин гапат хатост, аз ин рӯ ба ту мегӯям:
Худо аз инсони хокӣ беандоза бузургтар аст.+
13 Барои чӣ аз ӯ шикоят мекунӣ?+
Магар барои он ки ӯ ба суханонат ҷавоб намедиҳад?+
14 Охир, Худо як бору ду бор сухан мегӯяд,
Лекин ҳеҷ кас аҳамият намедиҳад,
15 Дар хоб, дар руъёи шаб,+
Вақте одамон дар хоби гаронанд
Ва дар ҷогаҳашон хоб рафтаанд.
16 Он гоҳ ӯ гӯшҳои одамонро мекушояд+
Ва насиҳатҳои худро дар ақли онҳо ҷо мекунад*,
17 То ки шахсро аз бадӣ дур кунад+
Ва инсонро аз ғурур нигаҳ дорад.+
19 Ҳамчунин шахс бар бистараш азоб кашида дарсе меомӯзад
Ва аз дарди устухонҳояш ибрате мегирад.
20 Азобаш чунон сахт аст, ки аз нон нафрат мекунад
Ва ҷонаш аз хӯроки болаззат безор аст.+
21 Ӯ чунон хароб мешавад, ки
Аз ӯ фақат устухон мемонад.
22 Ҷонаш ба лаби гӯр мерасад
Ва ҳаёташ ба дасти онҳое, ки қасди ҷони ӯро доранд.
23 Агар ӯ хабаррасоне* медошт,
Касе, ки аз байни ҳазор нафар ӯро тарафгирӣ кунад,
То ба вай бигӯяд, ки чӣ дуруст аст,
24 Он гоҳ Худо ба ӯ лутфу марҳамат карда мегуфт:
26 Ӯ аз Худо зорӣ мекунад+ ва Худо ӯро мешунавад,
Бо нидоҳои шодӣ рӯйи Худоро мебинад
Ва Худо инсони мирандаро аз нав росткор мешуморад.
27 Сипас он шахс ба мардум рӯ оварда мегӯяд:
29 Бале, Худо ҳамаи ин корҳоро барои инсон мекунад,
Ду бору се бор,
30 То ки ҷони ӯро аз гӯр раҳо кунад,
То ки нури ҳаёт бар вай бидурахшад.+
31 Диққат деҳ, эй Айюб! Ба ман гӯш деҳ!
Хомӯш мон ва ман гапамро давом медиҳам.
32 Агар гуфтание дошта бошӣ, ба ман ҷавоб деҳ.
Гап зан, зеро мехоҳам исбот кунам, ки ҳақ бар ҷониби туст.
33 Агар гуфтание надошта бошӣ, пас, гӯш деҳ.
Хомӯш бош ва ман хирадро ба ту таълим медиҳам».