ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Қӯринтиён 1
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Қӯринтиён

      • Сарсухан (1–3)

      • Павлус Худоро барои қӯринтиён шукр мегӯяд (4–9)

      • Насиҳат дар бораи нигоҳ доштани ягонагӣ (10–17)

      • Масеҳ қудрат ва хиради Худост (18–25)

      • Танҳо бо Яҳува фахр кунед (26–31)

1 Қӯринтиён 1:1

Эзоҳҳо

  • *

    Масеҳ — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 9:15

1 Қӯринтиён 1:2

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 18:1
  • +1Қр 6:11; Ибр 9:13, 14
  • +Мт 12:18, 21; Крн 4:12

1 Қӯринтиён 1:5

Оятҳои иловагӣ

  • +Қл 1:9

1 Қӯринтиён 1:6

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 18:5

1 Қӯринтиён 1:7

Оятҳои иловагӣ

  • +Лқ 17:29, 30; 2Тс 1:7; 1Пт 1:7

1 Қӯринтиён 1:8

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 4:5; 5:5; Ошк 1:10

1 Қӯринтиён 1:9

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 7:9

1 Қӯринтиён 1:10

Оятҳои иловагӣ

  • +Рм 15:5, 6; 2Қр 13:11; Эф 4:1, 3; Фп 2:2
  • +Рм 16:17

1 Қӯринтиён 1:12

Эзоҳҳо

  • *

    Кифо — номи дигари Петрус.

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 18:24; 1Қр 3:4, 5, 21–23

1 Қӯринтиён 1:13

Эзоҳҳо

  • *

    Таъмид — ниг. ба луғат.

1 Қӯринтиён 1:14

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 18:8
  • +Рм 16:23

1 Қӯринтиён 1:16

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 16:15

1 Қӯринтиён 1:17

Эзоҳҳо

  • *

    Сутуни азоб — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 9:15

1 Қӯринтиён 1:18

Эзоҳҳо

  • *

    Сутуни азоб — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 17:18; 1Қр 2:14
  • +Рм 1:16

1 Қӯринтиён 1:19

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 29:14

1 Қӯринтиён 1:20

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «замона». Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».

  • *

    Ё «мубоҳисагар».

1 Қӯринтиён 1:21

Оятҳои иловагӣ

  • +Қл 2:8
  • +Лқ 10:21
  • +1Қр 2:14; 3:18

1 Қӯринтиён 1:22

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 12:38; Лқ 11:29

1 Қӯринтиён 1:23

Оятҳои иловагӣ

  • +Крн 17:32

1 Қӯринтиён 1:24

Оятҳои иловагӣ

  • +Қл 2:3

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.6.2015, саҳ. 3-7

1 Қӯринтиён 1:25

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 13:4

1 Қӯринтиён 1:26

Оятҳои иловагӣ

  • +Юҳ 7:48; Крн 4:13; Яқ 2:5

1 Қӯринтиён 1:27

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 11:25

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.6.2014, саҳ. 24

1 Қӯринтиён 1:28

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 2:6

1 Қӯринтиён 1:30

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «фидия». Ниг. ба луғат, ба калимаи «товон».

Оятҳои иловагӣ

  • +Рм 10:4; 2Қр 5:21
  • +Юҳ 17:19; Ибр 10:10
  • +Рм 3:24; Қл 1:13, 14

1 Қӯринтиён 1:31

Оятҳои иловагӣ

  • +Ир 9:24; 2Қр 10:17

Асосӣ

1 Қӯр. 1:1Крн 9:15
1 Қӯр. 1:2Крн 18:1
1 Қӯр. 1:21Қр 6:11; Ибр 9:13, 14
1 Қӯр. 1:2Мт 12:18, 21; Крн 4:12
1 Қӯр. 1:5Қл 1:9
1 Қӯр. 1:6Крн 18:5
1 Қӯр. 1:7Лқ 17:29, 30; 2Тс 1:7; 1Пт 1:7
1 Қӯр. 1:81Қр 4:5; 5:5; Ошк 1:10
1 Қӯр. 1:95Мс 7:9
1 Қӯр. 1:10Рм 16:17
1 Қӯр. 1:10Рм 15:5, 6; 2Қр 13:11; Эф 4:1, 3; Фп 2:2
1 Қӯр. 1:12Крн 18:24; 1Қр 3:4, 5, 21–23
1 Қӯр. 1:14Крн 18:8
1 Қӯр. 1:14Рм 16:23
1 Қӯр. 1:161Қр 16:15
1 Қӯр. 1:17Крн 9:15
1 Қӯр. 1:18Крн 17:18; 1Қр 2:14
1 Қӯр. 1:18Рм 1:16
1 Қӯр. 1:19Иш 29:14
1 Қӯр. 1:21Қл 2:8
1 Қӯр. 1:21Лқ 10:21
1 Қӯр. 1:211Қр 2:14; 3:18
1 Қӯр. 1:22Мт 12:38; Лқ 11:29
1 Қӯр. 1:23Крн 17:32
1 Қӯр. 1:24Қл 2:3
1 Қӯр. 1:252Қр 13:4
1 Қӯр. 1:26Юҳ 7:48; Крн 4:13; Яқ 2:5
1 Қӯр. 1:27Мт 11:25
1 Қӯр. 1:281Қр 2:6
1 Қӯр. 1:30Рм 10:4; 2Қр 5:21
1 Қӯр. 1:30Юҳ 17:19; Ибр 10:10
1 Қӯр. 1:30Рм 3:24; Қл 1:13, 14
1 Қӯр. 1:31Ир 9:24; 2Қр 10:17
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Қӯринтиён 1:1–31

1 Қӯринтиён

1 Ман, Павлус, ки бо хости Худо даъват шудаам, ки расули Исои Масеҳ* бошам,+ ҳамроҳи бародарамон Сӯстинис 2 ба шумо, эй ҷамоати Худо, ки дар шаҳри Қӯринт+ ҳастед, нома менависам. Ман ба шумо, эй касоне, ки чун пайравони Исои Масеҳ поку муқаддас гардидаед,+ бале, ба шумо, ки ба пок будан даъват шудаед, ва ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷойи шумову дигар ҷойҳо номи Ҳазрати ҳамаамон Исои Масеҳро мехонанд,+ чунин менависам:

3 Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!

4 Лутфу марҳамати Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ ба шумо дода шудааст, дар хотир дошта, доимо Худоро бароятон шукр мегӯям, 5 зеро шумо бо Масеҳ ягонагӣ дошта, ҳама чиро, аз ҷумла атои суханварӣ ва донишро, ба фаровонӣ соҳиб гаштаед.+ 6 Аз ин маълум мешавад, ки он чӣ дар бораи Масеҳ ба шумо шаҳодат дода шуд,+ дар байнатон реша давондааст 7 ва аз ин рӯ шумо ошкор шудани Ҳазратамон Исои Масеҳро+ бесаброна интизор шуда, аз ҳеҷ ато камие надоред. 8 Худо шуморо то ба охир устувор мегардонад, то дар рӯзи Ҳазратамон Исои Масеҳ касе шуморо айбдор карда натавонад.+ 9 Худое, ки шуморо даъват кардааст, то бо Писараш Исои Масеҳ, ки Ҳазрати мост, шарик бошед, амину бовафо аст.+

10 Эй бародарон, аз шумо ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ хоҳиш мекунам, ки ҳамаатон якдилу якзабон, ҳамфикру ҳамақида бошед,+ ва бигзор дар байнатон ҷудоӣ набошад.+ 11 Ба ман аз хонаводаи Хлӯо дар бораатон, эй бародарон, хабар доданд, ки шумо бо якдигар баҳсу мунозира мекунед, 12 яъне яке аз шумо мегӯяд: «Ман шогирди Павлусам», дигаре мегӯяд: «Ман аз они Апуллус»,+ каси дигар бошад: «Ман шогирди Кифо* ҳастам», ва боз нафаре: «Ман аз они Масеҳам». 13 Оё Масеҳ тақсим шудааст? Магар барои шумо дар сутун Павлус кушта шуд? Ё ин ки шумо ба номи Павлус таъмид гирифтед*? 14 Худоро шукр, ки ҳеҷ кадоми шуморо, ғайр аз Криспусу+ Ғоюс,+ таъмид надодаам, 15 то касе нагӯяд, ки шумо ба номи ман таъмид гирифтед. 16 Ҳа, ман боз аҳли хонаи Истефанусро таъмид додаам.+ Ғайр аз ин, дар хотир надорам, ки боз касеро таъмид дода бошам, 17 чунки Масеҳ маро на барои он фиристодааст, ки таъмид диҳам, балки, барои он ки хушхабарро эълон кунам.+ Ман бошам, ин корро бо суханони олимона накардам, то сутуни азоби* Масеҳ беҳуда нагардад.

18 Хабар дар бораи сутуни азоб* барои нобудшавандагон беақлист,+ вале барои мо, наҷотёбандагон, қудрати Худост.+ 19 Дар ин бора навишта шудааст: «Ман хиради хирадмандонро нобуд месозам ва доноии донишмандонро рад мекунам».+ 20 Куҷост хирадманди ин ҷаҳон*? Куҷост шариатдон? Куҷост файласуф*? Магар Худо беақлӣ будани хиради ин ҷаҳонро нишон надод? 21 Хиради Худо бошад, дар он аён гашт, ки, ҳарчанд ҷаҳон бо хиради худ+ Худоро нашинохт,+ ӯ маъқул донист, ки ба воситаи он чизе, ки дар назари дигарон беақлӣ+ метобаду эълон карда мешавад, имондоронро наҷот диҳад.

22 Яҳудиён аломат металабанд+ ва юнониён хирад меҷӯянд, 23 вале мо дар бораи Масеҳ, ки дар сутун кушта шуд, сухан мегӯем ва ин барои яҳудиён санги пешпову барои халқҳои дигар беақлист.+ 24 Аммо барои даъватшудагон, хоҳ яҳудӣ бошанд, хоҳ юнонӣ, Масеҳ қудрату хиради Худост,+ 25 зеро он чӣ аз Худо мебошаду онро беақлӣ меҳисобанд, аз хиради инсонӣ болотар аст. Ҳамчунин он чӣ аз Худосту онро нотавонӣ меҳисобанд, аз қуввати инсон тавонотар аст.+

26 Эй бародарон, чи тавре ки мебинед, бисёре аз шумо, ки даъват шудаед, соҳибқудрат, бузургзода ё дар назари одамон бохирад нестед.+ 27 Вале Худо касонеро интихоб кард, ки ба назари ин ҷаҳон беақл метобанд, то бохирадонро шармсор кунад. Ӯ касонеро интихоб кард, ки дар назари ин ҷаҳон нотавонанд, то тавоноёнро шарманда кунад.+ 28 Худо он чиро, ки ҷаҳон назарногиру паст меҳисобад, яъне чизҳоеро, ки дар назари одамон ҳеҷанд, интихоб кард, то чизҳоеро, ки дар назари мардум пурқадр аст, беқадр созад+ 29 ва ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр накунад. 30 Вале аз баракати Худо шумо бо Исои Масеҳ ягонагӣ доред. Ба воситаи ӯ хиради Худо ба мо аён гашт, ҳамчунин мо дар назари Худо росткор шудем,+ поку муқаддас гаштем+ ва бо баҳои товон* озод шудем.+ 31 Бинобар ин, чуноне ки навишта шудааст, «касе, ки фахр мекунад, бигзор бо Яҳува фахр кунад».+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан