Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Нобуд насоз». Таронаи Осаф.+
75 Туро шукрона мегӯем, эй Худо, шукрона мегӯем.
2 Ту мегӯӣ: «Ман вақтро муқаррар намуда,
Бо адолат доварӣ мекунам.
3 Вақте дили одамони тамоми замин аз тарс об шуд,
Ман будам, ки сутунҳои заминро устувор нигаҳ доштам». (Село)
4 Ба лофзан мегӯям: «Лоф назан»,
Ва ба бадкор: «Худатро ин қадар зӯр нагир.
5 Бо қувватат набол
Ва ҳавобаландона гап назан,
6 Зеро сарбаландии инсон на аз шарқу ғарб
Ва на аз ҷануб меояд,
7 Балки Довари ҳама Худост.+
Ӯ якеро сарпаст ва дигареро сарафроз мекунад.+
8 Дар дасти Яҳува косаест,+
Ки дар он шароби омехта ҷӯш мезанад.
Ӯ онро ба ҳама бадкорони замин мерезад
Ва онҳо онро то таҳшинаш менӯшанд».+
9 Аммо ман онро то абад эълон хоҳам кард,
Дар васфи Худои Яъқуб хоҳам сароид*,
10 Зеро ӯ мегӯяд: «Ман шохҳои бадкоронро мешиканам,
Вале росткоронро сарбаланд мегардонам».