Забур
2 Бар сафедорони он ҷо чангҳои худро овехтем.+
3 Касоне, ки моро асир карда буданд, аз мо суруд мепурсиданд,+
Касоне, ки моро масхара мекарданд, аз мо дилхушӣ металабиданд.
Онҳо мегуфтанд: «Ба мо яке аз сурудҳои Сионро бисароед».
4 Чӣ тавр суруди Яҳуваро дар замини бегона бисароем?
6 Агар туро ба хотир наорам,
Агар Ерусалимро аз ҳар чӣ ба ман дилхушӣ меорад,+ воло надонам,
Бигзор забонам ба комам бичаспад.
7 Эй Яҳува, ба хотир ор,
Ки адӯмиён рӯзи афтодани Ерусалим гуфта буданд:
«Онро вайрон кунед! Аз беху бунаш вайрон кунед!»+
8 Эй духтари Бобил, ки ба наздикӣ хароб мешавӣ,+
Хушбахт аст касе, ки сазоятро бидиҳад
Ва бо ту, ҳамон тавре ки бо мо кардӣ, амал кунад.+
9 Хушбахт аст касе, ки фарзандонатро бигирад
Ва бар сангҳо бизанад.+