Ишаъё
51 Ба ман гӯш диҳед, эй касоне, ки дар пайи росткорӣ ҳастед,
Эй ҷӯяндагони Яҳува!
Ба кӯҳе, ки аз он гирифта шудаед,
Ва ба коне, ки аз он канда шудаед, нигаред.
2 Ба падаратон Иброҳим
Ва ба Соро,+ ки шуморо зоидааст, назар андозед.
Вақте ӯро даъват кардам, ӯ танҳо буд.+
Ман ӯро баракат додам ва наслашро сершумор кардам.+
Дар вай шодиву хурсандӣ
Ва шукргузориву сурудҳои хушоҳанг садо хоҳанд дод.+
4 Ба ман диққат деҳ, эй халқам,
Ба ман гӯш деҳ, эй қавмам,+
Зеро шариат аз ҷониби ман мебарояд+
Ва ман адолати худро нури халқҳо мегардонам.+
5 Адолати ман наздик аст.+
Ҷазираҳо ба ман умед мебанданд+
Ва дасти пурқудрати маро интизор мешаванд.
6 Чашмони худро сӯйи осмон боло кунед,
Ба поён, сӯйи замин, назар андозед.
Осмон чун дуд пароканда мешавад,
Замин чун либос лах-лах мегардад
Ва сокинони он чун магас мемиранд.
Аз таънаи инсони миранда натарсед
Ва аз бадгӯйии онҳо ба ҳарос наоед,
8 Зеро куя онҳоро чун либосе хоҳад хӯрд,
Аммо росткории ман пойдор хоҳад буд
Ва наҷоти ман аз насл ба насл хоҳад монд».+
9 Бедор шав! Бедор шав, эй дасти Яҳува,+
Ва қудратро дар бар кун!
Бедор шав, чуноне ки дар замонҳои қадим, дар даврони наслҳои гузашта, карда будӣ.
Магар Роҳобро*+ ту пора-пора накардаӣ?
Магар бузургҷуссаи баҳриро ту накуштаӣ?+
10 Магар ту баҳрро, обҳои азимро, хушк накардаӣ?+
Ва барои бозхаридагонат дар таги баҳр роҳ накушодаӣ?+
11 Бозхаридагони Яҳува бармегарданд.+
Шодию хурсандӣ бо онҳо хоҳад буд,
Ғаму ғусса ва оҳу воҳ аз онҳо дур хоҳад шуд.+
12 «Ман, ман Дилбардори ту ҳастам.+
Пас, аз инсони хокие, ки мемирад,+
Ва аз фарзанди одам, ки мисли алаф пажмурда мешавад, чӣ метарсӣ?
13 Чаро Яҳуваро, ки Офарандаи туст,+
Худоеро, ки осмонро паҳн кардааст+ ва бунёди заминро гузоштааст, фаромӯш кардаӣ?
Ту рӯзи дароз аз хашми ситамгар тарсон будӣ,
Гӯё вай туро нобуд карда метавонист.
Он хашми ситамгар ҳоло куҷост?
14 Бандие, ки сар хам мекард, ба зудӣ озод мегардад,+
Вай намемираду ба чоҳ фурӯ намеравад
Ва бе нон намемонад.
15 Ман Яҳува, Худои ту, ҳастам,
Худое, ки баҳрро ба хурӯш ва мавҷҳои онро ба талотум меорад.+
Номи ман Яҳува, Худои лашкарҳост.+
16 Ман суханони худро ба даҳони ту мегузорам
Ва дар сояи дасти худ туро паноҳ медиҳам,+
То осмонро бино созам ва бунёди заминро гузорам+
Ва ба Сион бигӯям: “Ту халқи ман ҳастӣ”.+
17 Бедор шав! Бедор шав! Бархез, эй Ерусалим!+
Ту аз дасти Яҳува, аз косаи хашми ӯ, нӯшидаӣ,
Аз ҷом нӯшидаӣ,
Косаро холӣ кардаӣ ва мекалавӣ.+
18 Аз ҳамаи писароне, ки ӯ ба дунё овардааст, касе нест, ки ӯро роҳнамоӣ кунад,
Аз ҳамаи писароне, ки ӯ калон кардааст, касе нест, ки дасти ӯро бигирад.
19 Ду чиз ба сари ту омад.
Кӣ ба ту ҳамдардӣ хоҳад кард?
Нобудиву харобӣ ва гушнагиву шамшер!+
Кӣ туро тасаллӣ хоҳад дод?+
Хашми Яҳува, сарзаниши Худои ту, бар онҳо фурӯ рехтааст».
21 Пас, инро бишнав,
Эй зане, ки азоб дидаӣ ва мастӣ, вале на аз шароб!
22 Худовандат Яҳува, Худои ту, ки халқашро ҳимоя мекунад, чунин мегӯяд:
«Ман косаеро, ки кас аз он нӯшида мекалавад,+
Ҷомро, косаи хашми худро, аз дасти ту мегирам.
Ту дигар аз он наменӯшӣ.+
23 Ман онро ба дасти шиканҷадеҳони ту медиҳам,+
Ба онҳое, ки ба ту мегуфтанд: “Хам шав ва мо аз болоят мегузарем!”
Ту тахтапуштатро мисли замин,
Мисли кӯчае, кардӣ, то онҳо бигзаранд».