Ирмиё
49 Дар бораи аммӯниён+ Яҳува чунин мегӯяд:
«Магар Исроил соҳиби писарон нест?
Магар ворис надорад?
Пас, чаро Малком+ Ҷодро аз худ кардааст+
Ва чаро мардумаш дар шаҳрҳои Исроил зиндагӣ мекунад?
2 Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,—
Бо амри ман бонг садо медиҳад,
Он тали вайронае мегардад
Ва шаҳракҳои тобеяш* оташ зада мешаванд.
Исроил мулки забтгарони худро соҳиб мешавад,+— мегӯяд Яҳува.—
3 Нола кун, эй Ҳешбӯн, зеро Ой хароб шудааст,
Фарёд бизанед, эй шаҳракҳои тобеи Рабба.
Палос* бипӯшед.
4 Чаро бо водиҳоят, фахр мекунӣ?
Чаро бо водиҳои серҳосилат меболӣ, эй духтари бевафо?
Ту ба ганҷҳоят такя мекунӣ
Ва мегӯӣ: “Кӣ бар зидди ман мебарояд?”
5 Ман аз тамоми атрофиёнат бар сари ту даҳшат меорам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,—
Шумо ба чор тараф мегурезед
Ва ҳеҷ кас гурезагонро ҷамъ намеорад.
6 Вале баъд ман асирони Аммӯнро ҷамъ меорам»,— мегӯяд Яҳува.
7 Яҳува, Худои лашкарҳо, дар бораи Адӯм мегӯяд:
«Магар дар Темон хирад намондааст?+
Магар соҳибфаҳмон дигар маслиҳати хуб дода наметавонанд?
Магар хиради онҳо пӯсидааст?
8 Бигрезед, қафо гардед!
Рафта, дар водиҳои паст зиндагӣ кунед, эй сокинони Дадон,+
Зеро ман, вақте диққатамро сӯйи Эсов кунам,
Бар сараш фалокат меорам.
9 Агар ҷамъоварони ангур наздат меомаданд,
Магар баъди худ андак ангур боқӣ намемонданд?
Агар дуздон шабона меомаданд,
Магар танҳо ба қадри дилхоҳашон ғорат намекарданд?+
10 Вале ман Эсовро луб-луч мекунам,
Ниҳонгоҳҳояшро ошкор месозам,
То дигар пинҳон шуда натавонад.
11 Ятимонатро тарк кун,
Ман бошам, онҳоро зинда нигоҳ медорам
Ва бевазанонат ба ман такя хоҳанд кард».
12 Яҳува чунин мегӯяд: «Агар онҳое, ки ба нӯшидани косаи ғазаб маҳкум нашудаанд, онро нӯшанд, наход ту ҷазое нагирӣ? Ту беҷазо намемонӣ, балки ҳатман аз он менӯшӣ.+
13 Ба номи худ қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— Басра гирифтори даҳшат,+ шармандагӣ, харобӣ ва лаънат мегардад. Тамоми шаҳрҳояш харобазори абадӣ мешаванд».+
14 Ман паёми Яҳуваро шунидам,
Хабаррасоне назди халқҳо фиристода шудааст.
Ӯ мегӯяд: «Ҷамъ шавед ва бар зидди ӯ бароед,
Ба ҷанг тайёр шавед».+
15 «Ман туро дар миёни халқҳо ночиз
Ва дар миёни мардум нафратзада кардаам.+
16 Ту аз ҳайбати худ фиреб хӯрдӣ
Ва ҳавобаландии дилат туро фирефта кард,
Эй он кӣ дар шикофҳои кӯҳ зиндагӣ мекунӣ
Ва дар пуштаи баландтарин сокин ҳастӣ.
Ҳарчанд мисли уқоб дар баландӣ лона мемонӣ,
Ман туро бар замин мепартоям,— мегӯяд Яҳува.—
17 Адӯм ба ҳолати даҳшатангез гирифтор мешавад.+ Ҳар кӣ аз пешаш гузар кунад, тамоми вабоҳояшро дида аз ҳайрат ҳуштак мекашад. 18 Чи тавре ки Садӯму Амӯро ва шаҳрҳои ҳамсояашон нобуд шуданд,+— мегӯяд Яҳува,— дар Адӯм низ касе зиндагӣ нахоҳад кард ва касе сокин нахоҳад шуд.+
19 Касе мисли шере+ дар бешазори сердарахти соҳили Урдун бар чарогоҳҳои ором хоҳад омад, вале ман дар як лаҳза тавре мекунам, ки онҳо рӯ ба гурез оранд. Ман бар вай интихобшудаеро таъйин мекунам. Кист мисли ман ва кӣ ба ман баробар шуда метавонад? Кадом чӯпон бар зидди ман истодагӣ карда метавонад?+ 20 Аз ин рӯ, эй мардум, бишнавед, ки Яҳува бар зидди Адӯм чӣ ҳукме баровардааст ва бар зидди сокинони Темон+ чӣ нияте кардааст:
Баррачаҳои рамаро кашола карда хоҳанд бурд.
Аз пушти онҳо ӯ чарогоҳашонро хароб мекунад.+
21 Аз садои афтоданашон замин ба ларза омад.
Фиғоне ба гӯш мерасад.
Садое то ба баҳри Сурх+ шунида мешавад.
Дар он рӯз дили ҷанговарони Адӯм
Мисли дили заноне хоҳад буд, ки азоби зоиш доранд».
23 Дар бораи Димишқ:+
«Ҳамот+ ва Арфод шармсор шуданд,
Зеро хабари бадро шуниданд.
Онҳо ҳаросон шуданд.
Баҳр хурӯшон аст, наметавонад ором шавад.
24 Димишқ тарсончак шудааст,
Рӯ ба гурез овардааст, вале ваҳм ӯро фаро гирифтааст.
Мисли зане, ки азоби зоиш дорад,
Дарду азоб мекашад.
25 Чӣ шуд ки ин шаҳри пуршукӯҳ
Ва шаҳри шодмонӣ партофта нашудааст?
26 Ҷавононаш дар майдонҳо меафтанд
Ва тамоми лашкараш дар он рӯз нест мешавад,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.
27 Ман девори Димишқро оташ мезанам
Ва он ҳисорҳои мустаҳками Бин-Ҳададро+ фурӯ мебарад».
28 Яҳува дар бораи Қедор+ ва подшоҳиҳои Ҳосӯр, ки Набукаднесари подшоҳи Бобил онҳоро зарба зад, чунин мегӯяд:
«Бархезед ва ба Қедор биравед,
Писарони Шарқро нобуд созед.
29 Хаймаҳо ва рамаҳои онҳоро,
Чодарҳо ва тамоми чизу чораашонро хоҳанд гирифт
Шутурҳояшонро хоҳанд бурд
Ва сӯйи онҳо фарёд хоҳанд зад: “Даҳшат ҳама ҷоро фаро гирифтааст!”
30 Ба дуриҳо бигрезед!
Биравед ва дар водиҳои паст зиндагӣ кунед, эй сокинони Ҳосӯр,— мегӯяд Яҳува,—
Зеро Набукаднесар, подшоҳи Бобил, бар зидди шумо нақша кашидааст
Ва бар зидди шумо ҳила андешидааст.
31 Бархезед ва ба халқе, ки тинҷу ором зиндагӣ мекунанд, ҳамла оред! — мегӯяд Яҳува.—
Онҳо на дар доранд, на ғалақа. Онҳо танҳо́ зиндагӣ мекунанд.
32 Шутурҳо тороҷ мешаванд
Ва чорвои фаровонашон ба ғанимат гирифта мешавад.
Ман онҳоро ба ҳар сӯ* пароканда мекунам,
Бар сари онҳое, ки мӯйи чаккаашонро метарошанд,+
Аз ҳар тараф бало меорам,— мегӯяд Яҳува.—
33 Ҳосӯр ба лонаи шағолон табдил меёбад,
Харобазори абадӣ мегардад.
Касе дар он сокин намешавад
Ва ҳеҷ як одам дар он зиндагӣ намекунад».
34 Дар аввали ҳукмронии подшоҳи Яҳудо, Сидқиёҳу,+ ба пайғамбар Ирмиё аз ҷониби Яҳува дар бораи Элом+ чунин паём омад: 35 «Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: “Ман камони Элом,+ манбаи қувваташро, мешиканам. 36 Ман бар Элом чор бодро аз чор канори осмон меорам ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда месозам. Халқе намешавад, ки гурезагони Элом наздаш нараванд.
37 Ман эломиёнро дар пеши душманонашон ва дар пеши онҳое, ки қасди ҷонашонро доранд, шикаст медиҳам ва бар сарашон фалокат оварда, оташи ғазабамро бар онҳо фурӯ мерезам,— мегӯяд Яҳува.— Ман аз пасашон шамшер мефиристам, то даме ки яксар нобуд шаванд.
38 Ман тахтамро дар Элом+ барқарор карда, аз он ҷо подшоҳ ва миронро решакан месозам,— мегӯяд Яҳува,—
39 Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро ҷамъ меорам”»,— мегӯяд Яҳува.