Ҳизқиёл
23 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, ду зан духтари як модар буданд.+ 3 Онҳо дар Миср фоҳиша шуданд+ ва аз ҷавонияшон фоҳишагӣ карданд. Дар он ҷо синаҳои онҳоро мемолиданд ва пистонҳои духтарияшонро мефишурданд. 4 Номи калонӣ Оҳола* ва номи хоҳараш Оҳолиба* буд. Онҳо аз они ман шуданд ва писарону духтарон ба дунё оварданд. Оҳола Сомария+ асту Оҳолиба Ерусалим.
5 Оҳола, дар ҳоле ки аз они ман буд, зинокорияшро сар кард.+ Ӯ муштоқи хушдорони шаҳватпарасташ,+ ҳамсоягони ошурияш,+ шуд. 6 Онҳо сарварон ва ҳокимоне буданд, ки дар тан либоси хушранги кабуд доштанд, ва ҳамаашон ҷавонони дилкаши аспсавор буданд. 7 Ӯ бо писарони беҳтарини Ошур зино мекард ва худро бо бутҳои ҳароми* хушдоронаш нопок месохт.+ 8 Ӯ аз фоҳишагие, ки дар Миср мекард, даст накашид, зеро онҳо дар ҷавонияш бо ӯ ҳамхоб мешуданд, синаҳои духтарияшро мефишурданд ва шаҳвати худро бар ӯ фурӯ мерехтанд.+ 9 Аз ин рӯ ман вайро ба дасти хушдорони шаҳватпарасташ супурдам, ба дасти писарони Ошур,+ ки муштоқашон буд. 10 Онҳо ӯро лучу бараҳна карданд,+ писарону духтаронашро ба зӯрӣ гирифта бурданд+ ва худашро бо шамшер куштанд. Ӯ дар миёни занон бадном гашт ва онҳо ӯро ҷазо доданд.
11 Вақте хоҳараш Оҳолиба инро дид, шаҳваташ бештар гашт ва ӯ аз апааш зиёдтар фоҳишагӣ кард.+ 12 Ӯ муштоқи ҳамсоягонаш, писарони Ошур, шуд,+ муштоқи ҳокимон ва сарварони хушлибосу аспсаворе, ки ҳамаашон ҷавонони дилкаш буданд. 13 Ӯ худро нопок кард ва ман фаҳмидам, ки ӯву апааш бо як роҳ рафтаанд.+ 14 Ӯ боз бештар фоҳишагӣ кард. Ӯ тасвири мардонеро дид, ки дар девор кандакорӣ шуда буд, тасвири калдониёнеро, ки бо ранги сурх кашида буданд. 15 Онҳо камарбанд ва саллаи фашдор доштанд ва намудашон мисли ҷанговар буд, ҳамаи онҳо бобилиён, зодагони замини калдониён, буданд. 16 Ҳамин ки онҳоро дид, муштоқашон гашт ва ба замини калдониён кас фиристод.+ 17 Он гоҳ писарони Бобил ба ҷогаҳи ишқбозии ӯ омаданд ва ӯро бо шаҳвати худ нопок сохтанд. Пас аз он ки ӯ бо онҳо нопок шуд, бо нафрат аз онҳо рӯ гардонд.
18 Вақте ӯ шарму ҳаё накарда зино мекард ва лучу бараҳна мешуд,+ ман бо нафрат аз ӯ рӯ гардондам, чуноне ки аз апааш рӯ гардонда будам.+ 19 Ӯ айёми ҷавонияшро, вақте дар замини Миср фоҳишагӣ мекард,+ ба хотир оварда боз бештар зинокорӣ кард.+ 20 Ӯ мисли суррияи* мардоне, ки узви мардонаашон чун узви хару асп аст, муштоқи хушдоронаш шуд. 21 Ту ташнаи рафтори фосиқонае шудӣ, ки дар ҷавоният дар Миср мекардӣ,+ вақте синаатро, пистонҳои ҷавониятро, мефишурданд.+
22 Бинобар ин, эй Оҳолиба, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман хушдоронатро, ки бо нафрат аз онҳо рӯ тофта будӣ, бар зидди ту барангехта,+ аз ҳар тараф ба сарат меорам.+ 23 Ман писарони Бобил+ ва тамоми калдониён,+ мардуми Фақуд,+ Шуа ва Куаро бо тамоми писарони Ошур, ки ҳамаашон ҷавонони дилкаш, ҳокимону сарварон, яккачину ҷанговарони аспсаворанд, ба сарат меорам. 24 Онҳо бо ғулғулаи чарху аробаҳо, лашкари бешумор, сипарҳои калону майда дар даст ва кулоҳ ба сар бар ту ҳамла меоранд. Онҳо туро гирд мекунанд ва ман ба онҳо қудрат медиҳам, ки туро доварӣ кунанд, ва онҳо туро аз рӯйи диди худ доварӣ хоҳанд кард.+ 25 Ман хашмамро бар ту фурӯ мерезам ва онҳо бо ғазаб амал мекунанд. Онҳо гӯшу биниятро мебуранд ва бақияи туро аз дами шамшер мегузаронанд. Онҳо писарону духтаронатро мебаранд ва боқимондагонро ба коми оташ месупоранд.+ 26 Онҳо либосҳоятро аз танат мекашанд+ ва зару зеваратро мегиранд.+ 27 Ман ба беҳаёгӣ ва фоҳишагие, ки дар замини Миср сар карда будӣ,+ хотима мебахшам+ ва ту дигар ба онҳо* наменигариву Мисрро ба хотир намеорӣ”.
28 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро ба дасти касоне месупорам, ки онҳоро чашми дидан надоштӣ ва бо нафрат аз онҳо рӯй тофтӣ.+ 29 Онҳо бо ту бо нафрат амал мекунанд ва ҳар чизеро, ки барояш заҳмат кашида будӣ, мегиранду+ туро лучу бараҳна мемонанд. Онҳо бараҳнагии шармовари зинои туро, беҳаёгӣ ва фоҳишагиятро фош мекунанд.+ 30 Ин чизҳо барои он ба сарат меоянд, ки ту чун фоҳиша аз пайи халқҳо медавидӣ+ ва худро бо бутҳои ҳаромашон нопок месохтӣ.+ 31 Ту ки ба рафтори апаат пайравӣ кардӣ,+ косаи ӯро ба дастат медиҳам”.+
32 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Ту аз косаи калони апаат менӯшӣ+
Ва хандахаришу масхараи мардум мешавӣ, чунки коса пур аз ин чизҳост.+
33 Ту аз косаи апаат Сомария,
Аз косаи даҳшату харобӣ, нӯшида,
Масту ғамзада мешавӣ.
Инро ман гуфтаам,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.
35 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ту ки маро фаромӯш кардӣ ва хор доштӣ,+ оқибати беҳаёгӣ ва фоҳишагиятро мечашӣ”».
36 Пас аз ин Яҳува ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, оё ҳукми Оҳола ва Оҳолибаро+ эълон мекунӣ ва корҳои нафратоварашонро ба онҳо баён менамоӣ? 37 Онҳо ба ман хиёнат карданд+ ва дастонашон пур аз хун аст. Онҳо на фақат бо бутҳои ҳаромашон зино карданд, балки писаронеро, ки барои ман зоида буданд, ҳамчун хӯроки бутҳояшон дар оташ қурбон мекунанд.+ 38 Беш аз ин, худи ҳамон рӯз муқаддасгоҳамро нопок гардонданд ва шанбеҳоямро таги по намуданд. 39 Онҳо писаронашонро ба бутҳои ҳаромашон қурбон карданд+ ва худи ҳамон рӯз ба муқаддасгоҳам омада, онро нопок гардонданд.+ Онҳо дар хонаи ман чунин карданд. 40 Онҳо ҳамчунин кас фиристода, мардонро аз ҷойҳои дурдаст даъват карданд.+ Вақте он мардон меомаданд, ту, эй Оҳолиба, шустушӯ кардӣ, ба чашмонат сурма кашидӣ ва худро бо зару зевар оро додӣ.+ 41 Ту бар кати пуршукӯҳ,+ назди дастархоне+ нишастӣ, ки бар он бухур+ ва равғани маро гузошта будӣ.+ 42 Аз макони ту овози мардони ишратпарасте шунида мешуд, ки дар байнашон майзадагон аз биёбон буданд. Онҳо ба дасти ҳар дуи шумо дастпона ва ба саратон тоҷи зебое мегузоштанд.
43 Сипас ман дар бораи зане, ки аз хиёнаткорияш шалпар шуда буд, гуфтам: “Ӯ боз зино мекунад”. 44 Онҳо назди ӯ мерафтанд, чуноне ки кас назди фоҳиша меравад. Ҳамин тавр, онҳо назди ин занони беҳаё, назди Оҳолаву Оҳолиба, рафтанд. 45 Аммо росткорон ӯро мувофиқи хиёнаткориву+ хунрезияш+ доварӣ мекунанд, зеро ин занон хиёнаткоранд ва дастонашон пур аз хун аст.+
46 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Лашкаре бар зиддашон оварда мешавад, то онҳоро ба ҳолати даҳшатовар гирифтор кунад ва ба тороҷ супорад.+ 47 Ҷанговарон онҳоро сангсор мекунанд+ ва бо шамшер пора-пора месозанд. Онҳо писарону духтаронашонро мекушанд+ ва хонаҳояшонро алов сар медиҳанд.+ 48 Ман дар ин замин ба беҳаёгиҳо хотима мебахшам ва ҳамаи занон аз ин дарс гирифта, ба рафтори ин ду зан пайравӣ намекунанд.+ 49 Он лашкар оқибати беҳаёгӣ ва гуноҳҳоеро, ки ин ду зан бо бутҳои ҳаромашон карда буданд, ба сарашон меорад. Он вақт онҳо мефаҳманд, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам”».+