Ҳизқиёл
35 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, рӯятро сӯйи кӯҳистони Сеир+ гардонда, зидди он пешгӯйӣ кун.+ 3 Ба он бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман зидди туям, эй кӯҳистони Сеир! Ман бар ту даст бардошта, туро харобазори бекасе месозам.+ 4 Шаҳрҳоятро ба вайронаву туро ба харобазори беодаме табдил медиҳам+ ва ту мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам. 5 Ту ба Исроил пайваста душманӣ мекардӣ+ ва исроилиёнро дар рӯзи сахт, дар рӯзи ҷазои охиринашон, ба дами шамшер супурдӣ.+
6 Ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— ман бароят хунрезӣ тайёр кардаам ва он туро пайгирӣ хоҳад кард.+ Азбаски ту аз хун нафрат доштӣ, хунрезӣ аз пайи ту хоҳад буд.+ 7 Ман кӯҳистони Сеирро харобазори беодаме месозам+ ва пайи пойи равандаю ояндаро аз он ҷо меканам. 8 Ман кӯҳҳои онро аз куштагон пур мекунам. Куштагони шамшер бар теппаҳо, водиҳо ва тамоми рӯдҳои ту хоҳанд афтод. 9 Ман туро ба харобазори абадӣ табдил медиҳам ва шаҳрҳои ту бе одам мемонанд.+ Он гоҳ мардуми ту мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам.
10 Ту гуфтӣ: “Ин ду халқ ва ин ду сарзамин аз они ман мешавад. Ҳар дуи онҳо мулки мо хоҳанд шуд”,+ ҳол он ки Яҳува он ҷо буд. 11 Барои ҳамин ба ҳаёти худ қасам ки,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,— бо ту аз рӯйи хашму ҳасади худат, аз рӯйи бадбиние, ки ба онҳо доштӣ, рафтор мекунам.+ Ман туро доварӣ мекунаму ба онҳо нишон медиҳам, ки ман кистам. 12 Он гоҳ ту мефаҳмӣ, ки ман, Яҳува, ҳамаи суханони бади туро дар ҳаққи кӯҳҳои Исроил шунидам. Ман шунидам, ки ту чунин гуфтӣ: “Онҳо валангор шудаанду акнун луқмаи даҳони мо мегарданд”. 13 Шумо бар зидди ман ҳавобаландона сухани бисёре гуфтед.+ Ман ҳамаашро шунидам.
14 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вақте туро харобазори беодам гардонам, тамоми замин шод мешавад. 15 Вақте ки хонадони Исроил валангор гардид, ту шодӣ кардӣ. Барои ҳамин ман туро низ ба чунин ҳол гирифтор мекунам.+ Ман туро вайронаи бекасе месозам, эй кӯҳистони Сеир, эй тамоми Адӯм!+ Он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам”».