Ҳизқиёл
13 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, бар зидди пайғамбарони Исроил пешгӯйӣ бикун+ ва ба онҳое, ки аз дили худ пешгӯйӣ мекунанд,+ бигӯ: “Паёми Яҳуваро бишнавед. 3 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли пайғамбарони аблаҳ, ки аз пеши худ гап мезананд, дар ҳоле ки рӯъёе надидаанд.+ 4 Эй Исроил, пайғамбарони ту мисли рӯбоҳони харобазор шудаанд. 5 Шумо назди шикастаҳои ҳисори сангин намебароед ва онро барои хонадони Исроил соз намекунед,+ то Исроил дар рӯзи Яҳува+ дар ҷанг истодагӣ кунад. 6 Эй касоне, ки мегӯед: “Яҳува чунин мегӯяд”, дар ҳоле ки Яҳува шуморо нафиристодааст, шумо рӯъёҳои дурӯғ мебинеду дурӯғро пешгӯйӣ мекунед ва боз умедвор мешавед, ки суханатон иҷро гардад.+ 7 Магар рӯъёи шумо фиреб нест ва, вақте “Яҳува чунин мегӯяд” гуфта, пешгӯйӣ мекунед, дар ҳоле ки ман чизе нагуфтаам, дурӯғ намегӯед?
8 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Азбаски суханони шумо фиреб ва рӯъёҳоятон дурӯғ аст, ман зидди шумоям,— мегӯяд Парвардигор Яҳува”.+ 9 Ман бар пайғамбароне, ки рӯъёҳояшон фиреб ва пешгӯйиҳояшон дурӯғ аст,+ даст мебардорам. Онҳо дар миёни касони наздикам намешаванд, дар насабномаҳои хонадони Исроил зикр намеёбанд ва ба замини Исроил барнамегарданд. Он вақт мефаҳмед, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам.+ 10 Ҳамаи ин аз барои он аст, ки онҳо халқи маро гумроҳ карда, “Осоиштагист!” мегӯянд, ҳол он ки аз осоиштагӣ нишоне нест.+ Онҳо девори нимҷони хонаро бо оҳак андова мекунанд*.+
11 Ба онҳое, ки деворро бо оҳак андова мекунанд, бигӯ, ки он меафтад. Борони сел меборад, жола мезанад ва тундбод мевазаду он мешиканад.+ 12 Вақте девор афтад, аз шумо мепурсанд, ки “Андоваатон куҷо шуд?”+
13 Бинобар ин Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бо хашм тундбод мефиристам, бо қаҳр борони сел меборонам ва бо ғазаби ҳалокатовар жола мерезам. 14 Ман девореро, ки бо оҳак андова кардед, мешиканаму ба хок яксон мекунам ва пойдевори он намоён мешавад. Вақте ки шаҳр фурӯ ғалтад, шумо дар даруни он нобуд мешавед. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”.
15 Вақте ки ман хашмамро бар ин девор ва бар касоне, ки онро андова карданд, пурра фурӯ резам, ба шумо мегӯям: “Аз девор ва андовагаронаш нишоне намонд.+ 16 Пайғамбарони Исроил, онҳое, ки дар бораи Ерусалим пешгӯйӣ мекарданду дар бораи осоиштагияш рӯъёҳо медиданд, дар ҳоле ки осоиштагӣ набуд, нест шуданд”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
17 Эй фарзанди одам, ба духтарони халқат, ки аз дили худ пешгӯйӣ мекунанд, рӯй оварда, дар бораашон пешгӯйӣ намо. 18 Ба онҳо бигӯ: “Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Вой бар ҳоли заноне, ки барои ҳар даст бандҳо* ва барои ҳар сар, мувофиқи қомати кас, чодар медӯзанд, то одамонро ба дом афтонанд. Оё шумо халқи маро ба дом афтонда, ҷони худро халос карданиед? 19 Шумо барои як каф ҷаву як пора нон маро дар миёни халқам беҳурмат месозед.+ Шумо халқамро, ки дурӯғҳоятонро гӯш мекунад, фиреб медиҳед ва касонеро, ки набояд бимиранд, мекушеду касонеро, ки набояд зинда монанд, зинда мегузоред”.+
20 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бандҳои шуморо, эй занон, чашми дидан надорам. Шумо бо онҳо одамонро, гӯё парандае бошанд, шикор мекунед, вале ман бандҳоро аз дастатон меканам ва онҳоеро, ки чун паранда ба дом афтондаед, раҳо месозам. 21 Ман чодарҳои шуморо медарронам ва халқамро аз дасти шумо халос мекунам. Онҳо барои шумо дигар мисли сайд нахоҳанд буд. Он гоҳ мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам.+ 22 Шумо росткорро, ки ман ғамгин карданӣ нестам, бо дурӯғҳоятон зиқ мекунед,+ лекин дастони бадкорро мустаҳкам менамоед,+ то вай аз роҳи бадаш нагардад ва зинда намонад.+ 23 Барои ҳамин шумо, эй занон, дигар рӯъёҳои дурӯғ намебинеду фол намекушоед.+ Ман халқамро аз дастатон халос мекунам ва шумо мефаҳмед, ки ман Яҳува ҳастам”».