Ҳизқиёл
43 Пас аз ин ӯ маро назди дарвозаи шарқӣ бурд.+ 2 Ман дидам, ки ҷалоли Худои Исроил аз шарқ меояд.+ Овози ӯ чун обҳои пурталотум буд+ ва замин аз ҷалоли ӯ медурахшид.+ 3 Чизи дидаам монанди рӯъёе буд, ки ҳангоми барои хароб кардани шаҳр омаданам* дида будам. Он монанди рӯъёе буд, ки назди дарёи Кабар дида будам,+ ва ман рӯ ба замин афтодам.
4 Сипас ҷалоли Яҳува аз дарвозаи шарқӣ ба ибодатгоҳ даромад.+ 5 Рӯҳ маро бардошта, ба саҳни дарунӣ овард ва ман дидам, ки ибодатгоҳ аз ҷалоли Яҳува пур шуд.+ 6 Ман шунидам, ки касе аз ибодатгоҳ бо ман гап мезанад, ва он мард омада, дар наздам истод.+ 7 Ӯ ба ман гуфт:
«Эй фарзанди одам, ин ҷоест, ки тахти ман меистад,+ ва ҷоест, ки кафи пойҳоямро мегузорам.+ Дар ин ҷо ман дар миёни халқи Исроил то абад сокин мешавам.+ Хонадони Исроил, онҳову подшоҳонашон, бо бутпарастии хиёнаткорона* ва ҷасадҳои подшоҳони мурдаашон дигар номи поки маро беҳурмат намекунанд.+ 8 Онҳо остонаи худро назди остонаи ман ва паҳлударии худро назди паҳлударии ман сохтанд ва фақат деворе миёни ману онҳо буд.+ Ҳамин тавр онҳо номи поки маро бо корҳои нафратоварашон нопок карданд ва ман ба хашм омада онҳоро нобуд сохтам.+ 9 Акнун бигзор бутпарастии хиёнаткорона* ва ҷасадҳои подшоҳонашонро аз пеши назарам дур кунанд ва ман то абад дар миёни онҳо сокин мешавам.+
10 Эй фарзанди одам, ибодатгоҳро ба хонадони Исроил тасвир бикун,+ то аз хатоҳои худ шарм кунанд,+ ва бигзор онҳо нақшаи онро омӯзанд*. 11 Агар онҳо аз корҳои кардаашон шарм доранд, нақшаи ибодатгоҳ, сохти он, баромаду даромадгоҳҳояшро ба онҳо нишон деҳ.+ Тамоми нақшаҳояшро ба онҳо нишон деҳ ва фармудаву қонунҳояшро ба онҳо маълум соз. Онҳоро дар пеши чашмашон бинавис, то тамоми он нақшаро риоя кунанд ва фармудаҳояшро ба ҷо оранд.+ 12 Ин шариати ибодатгоҳ аст. Тамоми замини гирдогирди болои кӯҳ ҷойи муқаддастарин аст.+ Ин аст шариати ибодатгоҳ.
13 Андозаи қурбонгоҳ бо газ,+ бо газе, ки як оринҷу як каф аст*, чунин мебошад: баландии пояи он як газ, паҳнияш як газ зиёдтар аз қисми болоӣ ва ҳошияи гирдогирди лабаш як ваҷаб*. Ин пояи қурбонгоҳ аст. 14 Баландии барҷастагии поёнии гирдогирд, ки бар пояи рӯйи замин аст, ду газ мебошад. Паҳнии ин барҷастагӣ аз паҳнии барҷастагии калон як газ зиёдтар аст. Баландии барҷастагии калон чор газ аст ва он гирдогирд аз оташдони қурбонгоҳ якгазӣ паҳнтар аст. 15 Баландии оташдони қурбонгоҳ чор газ аст ва аз он чор шох баромада меистад.+ 16 Оташдони қурбонгоҳ чоркунҷа аст — дарозияш 12 газ ва бараш 12 газ.+ 17 Дарозии барҷастагии калон 14 газ ва бараш 14 газ аст, ҳошияи гирдогирдаш бошад, ним газ аст. Пояи қурбонгоҳ аз қисми болоӣ дида гирдогирд як газ паҳнтар аст.
Зинаҳои он аз тарафи шарқиянд».
18 Пас аз ин ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ин аст дастурот барои сохтани қурбонгоҳ, то бар он қурбониҳои сӯхтанӣ оранд ва хун пошанд.+
19 Ба коҳинони левизодае, ки аз насли Содӯқанд+ ва ба ҳузури ман хизмат мекунанд, аз пода як буққаи ҷавонеро* барои қурбонии гуноҳ бидеҳ,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 20 Аз хуни он гирифта, ба чор шохи қурбонгоҳ, чор гӯшаи барҷастагӣ ва гирдогирди ҳошия бимол, то онро аз гуноҳ пок кунӣ ва барояш товон диҳӣ.+ 21 Сипас буққаи ҷавон, ин қурбонии гуноҳро, гирифта, дар ҷойи муқарраршудаи ибодатгоҳ, берун аз муқаддасгоҳ, бисӯзон.+ 22 Дар рӯзи дуюм нарбузи солимеро барои қурбонии гуноҳ пешкаш кун. Онҳо қурбонгоҳро аз гуноҳ пок месозанд, чуноне ки бо хуни буққаи ҷавон пок сохта буданд.
23 Баъде ки онро аз гуноҳ пок созӣ, аз пода буққаи ҷавони солим ва аз рама қӯчқори солимеро гирифта, пешкаш кун. 24 Онҳоро ба Яҳува биёр. Коҳинон бояд онҳоро намак зада,+ барои қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува пешкаш кунанд. 25 Ҳафт рӯз барои қурбонии гуноҳи ҳаррӯза нарбуз, буққаи ҷавон ва қӯчқорро пешкаш кун.+ Ин чорпоён бояд беайб бошанд. 26 Коҳинон бояд барои қурбонгоҳ ҳафт рӯз товон диҳанд. Онҳо бояд онро пок созанд ва барои истифода омода намоянд. 27 Вақте ин рӯзҳо ба охир расанд, дар рӯзи ҳаштум+ ва пас аз ин, коҳинон қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагии шуморо дар ин қурбонгоҳ пешкаш мекунанд ва ман аз шумо хушнуд мешавам”,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува».