Ҳушаъ
6 «Биёед сӯйи Яҳува баргардем,
Зеро ӯ, ки моро пора-пора кардааст,+ шифо низ хоҳад дод,
Ӯ, ки моро зарба задааст, захмҳои моро хоҳад баст.
2 Баъд аз ду рӯз ӯ моро ҷон мебахшад,
Дар рӯзи сеюм ба по мехезонад
Ва мо пеши назари ӯ зиндагӣ хоҳем кард.
3 Мо дониш хоҳем гирифт, боғайратона дониши Яҳуваро хоҳем ҷуст.
Чуноне ки дамидани субҳ ҳатмиву ногузир аст, ӯ низ ҳатман меояд,
Ӯ назди мо мисли борон меояд,
Мисли борони баҳор, ки заминро сероб мекунад».
4 «Бо ту чӣ кор кунам, эй Эфроим?
Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо?
Охир, меҳру вафои шумо мисли абрҳои саҳар аст,
Мисли шабнамест, ки зуд нопадид мешавад.
Ҳукмҳои ман дар ҳаққи шумо мисли нур хоҳанд дурахшид,+
6 Зеро ман аз меҳру вафо* хурсанд мешавам, на аз қурбонӣ,
Аз худошиносии шумо шод мегардам, на аз қурбониҳои сӯхтанӣ.+
7 Вале онҳо, ки одамони хокиянд, аҳдро шикастанд,+
Дар сарзаминашон ба ман хиёнат карданд.
9 Гурӯҳи коҳинон мисли дастаҳои ғоратгарон аст, ки дар сари роҳи кас камин мегиранд.
Онҳо дар роҳи Шакем+ одам мекушанд,
Зеро ки бадкирдоранд.
10 Ман дар хонадони Исроил шоҳиди чизи қабеҳе шудам.
11 Вале барои ту, эй Яҳудо, дарав дар пеш аст,
Дар он вақт ман асирони халқамро бармегардонам».+