Юил
2 «Дар Сион шох навозед!+
Дар кӯҳи муқаддаси ман барои ҷанг наъра занед.
Бигзор ҳамаи сокинони замин ба ларза оянд,
Зеро рӯзи Яҳува омада истодааст,+ он наздик аст!
2 Ин рӯз рӯзи торикиву тирагӣ,+
Рӯзи абр ва сиёҳӣ аст,+
Он мисли сапедаест, ки кӯҳҳоро равшан месозад.
3 Пешопеши онҳо ҳамаро оташ ба комаш мекашад
Ва ҳар он чиро, ки аз пасашон аст, аланга фурӯ мебарад.+
Замини сари роҳашон мисли боғи Адан+ аст,
Вале баъд аз онҳо биёбони хароба мемонад,
Чизе аз дасташон халосӣ намеёбад.
4 Намуди онҳо мисли намуди аспҳост
Ва давидани онҳо мисли давидани аспҳои ҷангист.+
5 Вақте бар қуллаи кӯҳҳо меҷаҳанд, садояшон мисли садои аробаҳост,+
Мисли чарс-чарси коҳест, ки дар алангаи оташ месӯзад.
Онҳо мисли халқи пурзӯре ҳастанд, ки барои ҷанг саф кашидааст.+
6 Мардум аз дидани онҳо ба тарсу ҳарос меояд,
Ранги рӯйи ҳама мепарад.
7 Онҳо мисли ҷанговарон ҳамла меоранд,
Мисли сарбозон ба девор мебароянд,
Ҳар яке бо роҳи худ меравад
Ва касе аз роҳаш намегардад.
8 Онҳо якдигарро тела намедиҳанд,
Ҳар яке бо роҳи худ меравад.
Баъзеяшон аз найза афтанд ҳам,
Дигарон пеш мераванд.
9 Онҳо ба шаҳр ҳамла мекунанд, бар ҳисори он медаванд,
Ба хонаҳо мебароянд ва мисли дузд аз тирезаҳо медароянд.
10 Замину осмон пеши онҳо ба ларза омадааст,
Офтобу моҳ тира шудааст+
Ва ситорагон дигар намедурахшанд.
11 Яҳува дар сари лашкараш истода овоз баланд мекунад,+ зеро урдугоҳи ӯ хеле сершумор аст.+
Иҷрогари каломаш тавоност.
Рӯзи Яҳува бузургу ваҳмангез аст.+
Кист, ки онро паси сар кунад?»+
12 «Ҳоло низ дер нашудааст, бо тамоми дили худ,
Бо рӯза+ ва гиряву нола сӯйи ман баргардед,+— мегӯяд Яҳува.—
13 Либоси+ худро неву дилатонро+ чок кунед
Ва сӯйи Худоятон Яҳува баргардед,
Зеро ӯ дилсӯзу меҳрубон, пурсабр*+ ва пур аз меҳру вафо аст,+
Ӯ аз фикраш гашта мусибат намеорад.
14 Шояд ки, ӯ аз сари қаҳр фаромада фикрашро дигар кунад+
Ва шуморо баракат диҳад,
То ба Худоятон Яҳува ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтанӣ биёред.
15 Дар Сион шох навозед.
Рӯза эълон кунед, ҷамъомади махсус баргузор намоед.+
16 Мардумро ҷамъ оред, ҷамоатро пок гардонед.+
Пирон, кӯдакон ва тифлони ширхорро ҷамъ кунед.+
Бигзор домод аз ҳуҷраи худ ва арӯс аз хонаи арӯсияш берун ояд.
17 Бигзор коҳинон — хизматгузорони Яҳува,
Байни даҳлез ва қурбонгоҳ+ гиря карда бигӯянд:
“Эй Яҳува, ба халқи худ раҳм кун.
Мероси худро хандахариши мардум нагардон
Ва нагузор, ки халқҳо бар онҳо ҳукмронӣ кунанд.
Чӣ лозим аст, ки халқҳо бигӯянд: “Худои онҳо куҷост?”+
18 Он вақт Яҳува бо ғайрати зиёд замини худро ҳимоя мекунад
Ва ба халқи худ раҳм менамояд.+
19 Яҳува халқашро шунида хоҳад гуфт:
“Инак, ман ба шумо ғалла, шароби нав ва равған медиҳам
Ва шумо сер мешавед.+
Шуморо дигар дар миёни халқҳо шарманда намекунам.+
20 Ман шимолиёнро аз шумо дур мекунам,
Онҳоро дар замини хушку хароба пароканда месозам,
Сафи пеши онҳоро то баҳри шарқӣ*
Ва сафи ақибашонро то баҳри ғарбӣ* парешон менамоям.
Бӯйи бади онҳо хоҳад баромад,
Бӯйи нафратоварашон паҳн хоҳад шуд,+
Зеро Худо корҳои бузургро ба амал хоҳад овард”.
21 Натарс, эй замин!
Шодиву хурсандӣ кун, зеро Яҳува корҳои бузург хоҳад кард.
Дарахти анҷир ва ток ҳосили бисёр меоранд.+
23 Эй писарони Сион, аз корҳои Худоятон Яҳува шодиву хурсандӣ кунед,+
Зеро ӯ ба шумо борони тирамоҳро ба қадри даркорӣ медиҳад
Ва бар шумо чун пештара, ҳам тирамоҳу ҳам баҳор,
Борони бисёр меборонад.+
24 Хирмангоҳҳо аз ғаллаи тоза пур мешаванд,
Дар чархушт шароби наву дар ҷувоз равған лабрез мегардад.+
25 Ман зарареро, ки малахи болдор, малахи бебол, малахи пурхӯр ва кирминаи малах тӯли солҳо расонда буданд,
Зарари лашкари бузургеро, ки ба миёни шумо фиристода будам, рӯпӯш мекунам.+
26 Шумо хӯрда, сер мешавед+
Ва номи Худоятон Яҳуваро,
Ки барои шумо корҳои аҷоиб кардааст, ситоиш мекунед.+
Халқи ман дигар ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад.+
Халқи ман дигар ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад.
28 Пас аз ин ман бар ҳар гуна одамон рӯҳи худро мерезам,+
Он гоҳ писарону духтарони шумо пешгӯйӣ мекунанд,
Пиронсолони шумо хобҳо ва ҷавононатон рӯъёҳо мебинанд.+
29 Дар он рӯзҳо ман рӯҳамро ҳатто ба ғуломону канизонам мерезам.
30 Ман дар осмону замин муъҷизаҳо мекунам
Ва дар онҳо хун, оташ ва сутунҳои дудро мебинанд.+