Дониёл
1 Дар соли сеюми ҳукмронии подшоҳи Яҳудо — Еҳуёқим,+ подшоҳи Бобил — Набукаднесар, ба Ерусалим омада, онро муҳосира кард.+ 2 Яҳува Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, ва ҳамчунин баъзе ашёи хонаи Худои ҳақиқиро ба дасти подшоҳи Бобил супурд+ ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор*,+ ба хонаи худои худ, оварда, дар хазинахонаи худояш гузошт.+
3 Подшоҳ ба Ашфаназ, сардори ходимони дарбор, фармуд, ки баъзеи исроилиён, аз он ҷумла шоҳзодагон ва фарзандони калоншавандагони онҳоро, биёрад.+ 4 Ӯ бояд ҷавонони* бенуқсону зебо, соҳиби хирад, дониш ва ақлу фаҳмро ҷамъ меовард,+ ҷавононеро, ки дар дарбори шоҳ хизмат карда тавонанд. Ӯ бояд ба онҳо хат ва забони калдониёнро таълим медод. 5 Ҳамчунин подшоҳ барои онҳо хӯроки ҳаррӯзаро аз ҳар гуна нозу неъмати дастархонаш ва шаробе, ки менӯшид, таъйин намуд. Ӯ амр фармуд, ки онҳоро се сол таълим диҳанд* ва баъди гузаштани ин муҳлат онҳо дар дарбори шоҳ хизмат кунанд.
6 Дар байни онҳо аз қабилаи Яҳудо Дониёл*,+ Ҳананё*, Мишоил* ва Азарё*+ буданд. 7 Сардори ходимони дарбор ба онҳо номҳои дигар дод*. Ӯ Дониёлро Балтшасар,+ Ҳананёро Шадрак, Мишоилро Мешак ва Азарёро Абдунаҷу+ номид.
8 Аммо Дониёл дар дилаш қарор кард, ки худро бо хӯроки подшоҳ ва шаробе, ки ӯ менӯшад, нопок насозад. Ӯ аз сардори ходимони дарбор иҷозат пурсид, ки худро ин тавр нопок насозад. 9 Он гоҳ Худо тавре кард, ки Дониёл дар назари сардори ходимони дарбор писанд афтод ва ӯ ба вай марҳамат кард.+ 10 Аммо ӯ ба Дониёл гуфт: «Ман аз хоҷаи худ подшоҳ, ки ба шумо хӯроку нӯшокӣ таъйин кардааст, метарсам. Мабодо ӯ бубинад, ки рангу рӯйи шумо аз дигар ҷавонони* ҳамсолатон бадтар аст. Он гоҳ ман дар пеши подшоҳ гунаҳкор мешавам». 11 Вале Дониёл ба посбоне, ки сардори ходимони дарбор ӯро бар Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё таъйин карда буд, гуфт: 12 «Илтимос, бандагонатро бисанҷ: ба мо даҳ рӯз барои хӯрдан сабзавот ва барои нӯшидан об бидеҳ 13 ва баъд рангу рӯйи моро бо рангу рӯйи ҳамсолонамон, ки нозу неъмати подшоҳро мехӯранд, муқоиса кун. Сипас бо мо мувофиқи он чӣ мебинӣ, амал намо».
14 Посбон ин пешниҳодро қабул кард ва онҳоро даҳ рӯз санҷид. 15 Баъди даҳ рӯз онҳо аз дигар ҷавононе, ки хӯроки подшоҳро мехӯрданд, беҳтару бардамтар менамуданд. 16 Аз ин рӯ посбон хӯрок ва шароби онҳоро гирифта, ба ҷойи ин чизҳо ба онҳо сабзавот додан гирифт. 17 Худо ба ин чор ҷавон* дониш ва фаҳмиши ҳар навъ хат ва хирадро ато кард. Ба Дониёл бошад, фаҳмиши ҳама гуна рӯъёҳо ва хобҳо ато шуда буд.+
18 Дар охири муҳлате, ки подшоҳ барои ҷавонон муқаррар карда буд,+ сардори ходимони дарбор онҳоро назди Набукаднесар овард. 19 Вақте подшоҳ бо ҷавонон суҳбат кард, дид, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё баробар нест,+ ва онҳо хизмати худро дар дарбори подшоҳ давом доданд. 20 Дар ҳар масъалае, ки подшоҳ аз онҳо мепурсид ва ҳалли он хираду фаҳмиш металабид, маълум мешуд, ки онҳо аз тамоми коҳинони ҷодугар ва афсунгароне,+ ки дар мамлакати ӯ буданд, даҳ маротиба беҳтаранд. 21 Дониёл то соли якуми ҳукмронии подшоҳ Куруш+ дар он ҷо монд.