Мико
3 Ман гуфтам: «Эй сардорони Яъқуб
Ва эй фармондеҳони хонадони Исроил, илтимос, гӯш диҳед:+
Магар шумо набояд донед, ки адлу инсоф чист?
2 Вале шумо аз некӣ нафрат доред+ ва бадиро нағз мебинед.+
Шумо пӯсти халқи маро аз баданаш ва гӯшташро аз устухонҳояш меканед.+
3 Шумо гӯшти халқи маро мехӯред,+
Пӯсти баданашро меканед
Ва устухонҳояшро шикаста майда мекунед,+
Чуноне ки гӯшту устухонро майда карда, дар дег мепазанд.
4 Вақте мерасад, ки онҳо аз Яҳува мадад меҷӯянд,
Аммо ӯ ҷавоб намедиҳад.
5 Яҳува дар ҳаққи пайғамбароне, ки халқи маро гумроҳ мекунанд, сухане дорад.+
Онҳо, вақте дар даҳонашон хӯроке ҳаст*,+ сулҳро ваъда медиҳанд,+
Аммо ба касе, ки ба даҳонашон чизе намеандозад, ҷанг эълон мекунанд.
Худо дар ҳаққи онҳо чунин мегӯяд:
6 “Барои шумо шаб мешавад+ ва рӯъёе намебинед.+
Бароятон танҳо торикӣ мешавад ва фол намекушоед.
Офтоб барои он пайғамбарон фурӯ менишинад
Ва рӯз барои онҳо ба торикӣ табдил меёбад.+
7 Пешбинон шармсор мешаванд+
Ва фолкушоён ноумед мегарданд.
Ҳамаи онҳо даҳони* худро мепӯшонанд,
Зеро аз Худо ҷавобе намешавад”».
8 Ман бошам, бо рӯҳи Яҳува аз қувват, адолат ва мардонагӣ пур гаштаам,
То ки ба Яъқуб исёни ӯ ва ба Исроил гуноҳи ӯро бигӯям.
9 Эй сардорони хонадони Яъқуб
Ва эй фармондеҳони хонадони Исроил, илтимос, гӯш диҳед.+
Шумо аз адолат нафрат доред ва чизи ростро каҷ мегардонед,+
10 Сионро бо хун ва Ерусалимро бо беинсофӣ бино мекунед.+
Бо ин ҳол онҳо ба Яҳува такя карда, мегӯянд*:
«Магар Яҳува бо мо нест?+
Балое ба сари мо намеояд».+