Омӯс
8 Парвардигор Яҳува ба ман рӯъёе нишон дод ва ман сабади пур аз меваи тобистонаро дидам. 2 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чиро мебинӣ?» Ман ҷавоб додам: «Сабади пур аз меваи тобистонаро». Яҳува ба ман гуфт: «Рӯзи ҷазои халқам Исроил фаро расидааст. Ман дигар онҳоро намебахшам.+ 3 Дар он рӯз ба ҷойи сурудҳои ибодатгоҳ нола садо медиҳад,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— Ҷасадҳо ба ҳар ҷо партофта мешаванд ва хомӯшӣ ҳукмфармо мешавад!+
4 Бишнавед, эй касоне, ки камбағалро таги по мекунед
Ва нармдилони* ин заминро нобуд месозед,+
5 Эй касоне, ки мегӯед: “Навмоҳ кай мегузарад,+ ки мо ғаллаамонро фурӯшем,
Ва кай шанбе+ мегузарад, ки ғалларо ба савдо барорем?
Он гоҳ сабади андозагириро* хурдтару
Нархро* баландтар мекунем
Ва бо тарозуи нодуруст фиреб медиҳем,+
6 Он гоҳ муҳтоҷро ба нуқраву
Камбағалро ба як ҷуфт кафш мехарем+
Ва ғаллаи бесифатро мефурӯшем”.
7 Яҳува ба Ифтихори Яъқуб+ чунин қасам хӯрдааст:
“Ман ҳаргиз бадкориҳояшонро фаромӯш намекунам.+
8 Аз ин сабаб ин замин ба ларза меояд
Ва ҳар сокини он мотам мегирад.+
Магар он саросар мисли обҳои Нил баланд намешавад?
Мисли Нили Миср ба талотум намеояд?+
9 Дар он рӯз,— мегӯяд Парвардигор Яҳува,—
Ман офтобро дар нисфирӯзӣ фурӯ мешинонам
Ва заминро дар рӯзи равшан торикистон мекунам.+
10 Ман идҳои шуморо ба мотам
Ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба нола табдил медиҳам.+
Ман ҳар миёнро палоспӯш* ва ҳар сарро кал мекунам,
Он рӯзро мисли мотам аз марги писари ягона мегардонам
Ва поёни онро талх месозам”.
11 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд:
“Рӯзҳое меоянд, ки ман бар замин гушнагӣ мефиристам,
Вале на гушнагӣ аз нону ташнагӣ аз об,
Балки аз нашунидани суханони Яҳува.+
12 Онҳо аз баҳр то баҳр
Ва аз шимол то шарқ саргардон мешаванд,
Дар ҳар ҷо каломи Яҳуваро ҷустуҷӯ мекунанд, вале намеёбанд.