1 Подшоҳон
15 Баъд аз ин Самуил ба Шоул гуфт: «Яҳува маро фиристода буд, ки туро тадҳин кунам*, то подшоҳи халқи Исроил шавӣ.+ Ҳоло сухани Яҳуваро бишнав.+ 2 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман амолеқиёнро ба ҷавобгарӣ мекашам, зеро, вақте Исроил аз Миср берун меомад, онҳо дар роҳ ба халқи ман муқобилат карданд.+ 3 Акнун рафта, амолеқиёнро зарба зан+ ва онҳоро бо ҳар он чӣ доранд, ба нестӣ супор.+ Ба онҳо раҳм накун, балки марду зан, кӯдаку тифли ширмак, буққаву гӯсфанд, шутуру хар — ҳамаро бикуш”».+ 4 Шоул халқро ҷамъ овард ва онҳоро дар Талоим ҳисоб кард: он ҷо 200 000 сарбози пиёда ва 10 000 ҷанговар аз Яҳудо буд.+
5 Шоул то ба шаҳри Амолеқ расид ва дар водӣ камин ниҳод. 6 Шоул ба қениён+ гуфт: «Аз байни амолеқиён дур шавед, то ман шуморо бо онҳо нобуд насозам,+ зеро, вақте халқи Исроил аз Миср мебаромад, шумо ба онҳо некӣ кардед*».+ Қениён аз миёни Амолеқ дур шуданд. 7 Пас аз ин Шоул амолеқиёнро+ аз Ҳавило+ то Шур,+ ки дар назди Миср аст, зарба зад. 8 Ӯ Аҷаҷ,+ подшоҳи Амолеқро, зинда дастгир кард, тамоми одамони дигарро бошад, аз дами шамшер гузаронда ба нестӣ супурд.+ 9 Шоул ва халқ чизҳои камарзиш ва нодаркорро ба нестӣ супурданд, вале дилашон нашуд, ки Аҷаҷ, гову моли беҳтарин, моли парворӣ, қӯчқорон ва ҳар чизи хубро нобуд созанд.+
10 Пас аз ин Яҳува ба Самуил паём фиристода, гуфт: 11 «Ман пушаймонам*, ки Шоулро подшоҳ кардам, зеро ӯ пайравӣ кардани маро бас кард ва гуфтаҳоямро ба амал наовард».+ Самуил аз ин хеле ғамгин шуд ва шаби дароз бо сӯзу гудоз сӯйи Яҳува дуо гуфт.+ 12 Вақте Самуил саҳари барвақт хест, то ба пешвози Шоул биравад, ба ӯ гуфтанд: «Шоул ба Кармил+ рафт ва дар он ҷо барои худ ҳайкале сохт.+ Пас аз ин вай гашта, ба Ҷилҷол равона шуд». 13 Вақте Самуил ниҳоят ба назди Шоул омад, Шоул ба вай гуфт: «Яҳува туро баракат диҳад! Ман гуфтаҳои Яҳуваро иҷро кардам». 14 Аммо Самуил гуфт: «Пас, баъ-баи бузу гӯсфандон, ки ба гӯшам мерасад, ва маоси говон, ки мешунавам, чист?»+ 15 Шоул дар ҷавоб гуфт: «Онҳоро аз назди амолеқиён оварданд, зеро халқ беҳтарин гову молро дареғ дошт, то ба Худоят Яҳува қурбон кунад. Ҳама чизи боқимондаро бошад, мо ба нестӣ супурдем». 16 Он гоҳ Самуил ба Шоул гуфт: «Бас аст! Бигзор, ки ман он чиро, ки Яҳува имшаб гуфт, ба ту бигӯям».+ Шоул ба вай гуфт: «Бигӯй!»
17 Самуил гуфт: «Вақте ту сардори қабилаҳои Исроил шудӣ ва, вақте Яҳува туро тадҳин кард,+ то подшоҳи Исроил бишавӣ, магар дар назари худ ночиз набудӣ?+ 18 Пас аз ин Яҳува ба ту супориш дода гуфт: “Бирав ва амолеқиёни гунаҳкорро ба нестӣ супор.+ Бар зидди онҳо биҷанг, то даме ки ҳамаашонро нобуд созӣ”.+ 19 Пас, чаро ба овози Яҳува гӯш надодӣ ва чашмгушнагӣ карда ба ғанимат дарафтодӣ+ ва он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овардӣ?»
20 Аммо Шоул ба Самуил гуфт: «Не, ман ба овози Яҳува гӯш додам! Ман барои иҷрои супориши Яҳува рафтам, подшоҳи Амолеқ, Аҷаҷро, овардам ва амолеқиёнро ба нестӣ супурдам.+ 21 Вале халқ аз ғанимат гӯсфандону говон, чизҳои беҳтаринеро, ки бояд ба нестӣ супурда мешуд, гирифт, то ба Худоят Яҳува дар Ҷилҷол қурбон кунад».+
22 Он гоҳ Самуил гуфт: «Чӣ ба Яҳува бештар писанд аст: қурбониҳои сӯхтаниву+ ҳадияҳо ё итоат ба сухани ӯ? Охир, итоат ба Яҳува аз қурбониҳо беҳтар аст+ ва гӯш додан ба овози ӯ — аз чарбуи+ қӯчқорҳо. 23 Исёнкорӣ+ мисли фолбинӣ+ аст ва худбоварӣ мисли ҷодугариву бутпарастист*. Азбаски ту сухани Яҳуваро рад кардӣ,+ ӯ низ туро рад карда, аз подшоҳӣ маҳрум месозад».+
24 Он гоҳ Шоул ба Самуил гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро аз халқ тарсида аз фармони Яҳува ва сухани ту берун баромадам ва ба гапи онҳо гӯш додам. 25 Акнун илтимос мекунам, аз гуноҳам гузар ва ҳамроҳам баргард, то ман ба Яҳува саҷда кунам».+ 26 Лекин Самуил ба Шоул гуфт: «Бо ту барнамегардам, зеро ту сухани Яҳуваро рад кардӣ ва Яҳува низ туро рад кард, то дигар бар Исроил подшоҳ набошӣ».+ 27 Вақте Самуил рафтанӣ шуд, Шоул аз домани яктаҳи* беостинаш дошт, лекин он аз дасташ канда шуд. 28 Самуил ба ӯ гуфт: «Имрӯз Яҳува подшоҳии Исроилро аз дасти ту канда гирифт ва онро ба каси дигаре медиҳад, ки аз ту беҳтар аст.+ 29 Худои бузурги Исроил+ дурӯғ намегӯяд+ ва аз фикраш намегардад*, зеро ӯ инсони хокӣ нест, ки аз фикраш гардад*».+
30 Он гоҳ Шоул гуфт: «Ман гуноҳ кардам. Аммо, илтимос, дар пеши пирони халқам ва дар пеши Исроил маро иззату эҳтиром кун ва бо ман баргард, то ба Худоят Яҳува саҷда кунам».+ 31 Самуил аз ақиби Шоул баргашт ва Шоул ба Яҳува саҷда кард. 32 Самуил гуфт: «Аҷаҷ, подшоҳи Амолеқро, назди ман биёред». Аҷаҷ дар дили худ гуфта буд: «Аниқ аст, ки хатари* марг паси сар шуд», аз ин рӯ ба назди Самуил бо дили нохоҳам* рафт. 33 Самуил ба ӯ гуфт: «Чи тавре ки шамшери ту модарро аз фарзандаш маҳрум мекард, ҳамон тавр модари ту аз миёни занон аз фарзанд маҳрум мешавад». Инро гуфта, Самуил Аҷаҷро ба ҳузури Яҳува дар Ҷилҷол бо шамшер пора кард.+
34 Самуил ба Ромо рафт ва Шоул ба хонаи худ, ба Ҷибъои Шоул, равона шуд. 35 Самуил барои Шоул мотам гирифт+ ва то рӯзи мурданаш ӯро дигар надид. Яҳува пушаймон буд, ки Шоулро бар Исроил подшоҳ таъйин кард.+