Наҳемё
5 Мардон бо занонашон аз дасти бародарони яҳудии худ ба дод омада нолаю фиғон бардоштанд.+ 2 Баъзеҳо мегуфтанд: «Мо писару духтари бисёр дорем. Ба мо ғалла даркор аст, то ки бихӯрему зинда монем». 3 Дигарон мегуфтанд: «Мо киштзор, токзор ва хонаҳои худро ба гарав мемонем, то ки дар вақти гуруснагӣ ғалла дошта бошем». 4 Баъзеи дигар бошанд, чунин мегуфтанд: «Мо барои хироҷи подшоҳ киштзору токзорҳои худро амонат гузошта пул қарз гирифтем.+ 5 Мо ҳам мисли бародарони худ ҳастем* ва фарзандонамон ҳам мисли фарзандони онҳоянд, вале мо маҷбурем, ки писару духтаронамонро ба ғуломӣ диҳем ва баъзе духтаронамон аллакай дар ғуломӣ ҳастанд.+ Пеши роҳи инро гирифтан аз дасти мо намеояд, чунки киштзору токзорҳоямон аз они дигарон шудаанд».
6 Нолаю фиғони мардум ва ин суханонро шунида ман сахт дарғазаб шудам. 7 Ман дар дили худ дар ин бора фикр кардам ва калоншавандагону сардоронро айбдор карда ба онҳо гуфтам: «Ҳар яки шумо аз бародари худ фоида меситонед!»+
Беш аз ин, ман барои ҳалли ин масъала мардуми зиёдеро ҷамъ овардам. 8 Ман ба онҳо гуфтам: «Мо бародарони яҳудиамонро, ки ба халқҳои дигар фурӯхта шуда буданд, ҳар қадаре ки зӯрамон расид, харида баргардондем. Пас, наход шумо бародарони худро фурӯшеду+ мо боз онҳоро бихарем?» Онҳо хомӯш монда, чизе дар ҷавоб гуфта натавонистанд. 9 Он гоҳ ман гуфтам: «Коре, ки шумо мекунед, нағз нест. Магар шумо набояд аз Худоямон битарсед,+ то ки халқҳои дигар, ки ба мо душманӣ мекунанд, моро таъна назананд? 10 Ман ҳам бо бародаронам ва хизматгузоронам ба халқ пул ва ғалла қарз медиҳам, вале биёед қарзро барои фоида гирифтан надиҳем.+ 11 Аз шумо илтимос мекунам, ки худи ҳамин рӯз киштзорҳо,+ токзорҳо, боғҳои зайтун ва хонаҳои бародарони худро, ҳамчунин садяки* пул, ғалла, шароби нав ва равғанеро, ки шумо аз онҳо барои қарзи додаатон мегиред, ба онҳо баргардонед».
12 Онҳо ҷавоб доданд: «Мо ин чизҳоро ба онҳо бармегардонем ва чизе талаб намекунем. Ҳар он чиро ту гуфтӣ, ба ҷо меорем». Он гоҳ ман коҳинонро даъват кардам ва ин мардонро қасам додам, ки дар гапашон истанд. 13 Ҳамчунин ман доманамро таконда, гуфтам: «Бигзор Худо ҳар касеро, ки қасамашро шиканад, ҳамин тавр аз хона ва молу мулкаш таконда берун созад ва ӯ ҳамин тавр таконда шаваду бенаво гардад». Дар ҷавоб тамоми ҷамоат гуфтанд: «Омин!»* Онҳо Яҳуваро ҳамду сано хонданд ва халқ ба қавлаш вафо кард.
14 Аз рӯзе ки подшоҳ маро ҳокими Яҳудо таъйин намуд,+ дар давоми 12 сол, аз соли 20-ум+ то соли 32-юми+ подшоҳ Ардашер,+ на ман ва на бародаронам нони ҳокимиро нахӯрдаем.+ 15 Ҳокимони пешина бошанд, ба халқ вазнинӣ карда, ҳар рӯз аз онҳо барои нону шароб 40 сиқл* мегирифтанд. Хизматгузоронашон ҳам мардумро азоб медоданд. Вале ман аз тарси Худо+ чунин накардам.+
16 Бар замми ин, ман дар сохтмони ин девор кумак мекардам ва тамоми хизматгузоронам дар ин ҷо барои кор ҷамъ меомаданд, дар сурате ки мо ягон киштзорро аз они худ накардем.+ 17 Аз дастархони ман 150 нафар яҳудию сардорон ва ҳамчунин касоне, ки аз дигар халқҳо ба назди мо меомаданд, нон мехӯрданд. 18 Ҳар рӯз аз ҳисоби ман* як буққа, шаш гӯсфанди беҳтарин ва мурғ пухта мешуд ва ҳар даҳ рӯз мо ба фаровонӣ ҳар навъ шароб доштем. Бо вуҷуди ин ман аз халқ барои худ нони ҳокимӣ талаб намекардам, чунки бе ин ҳам меҳнати вазнине бар гардани онҳо буд. 19 Эй Худои ман, ба хотири ҳамаи корҳое, ки барои ин халқ кардаам, маро ба некӣ ба ёд овар.+