Айюб
9 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Аниқ медонам, ки чунин аст,
Вале чӣ тавр инсони хокӣ метавонад бо Худо баҳс кунаду ҳақ барояд?+
4 Ӯ хирадманд ва пурқудрат аст.+
Кӣ метавонад ба ӯ зид барояду саломат бимонад?+
5 Ӯ кӯҳҳоро аз ҷояшон мекӯчонад, аммо касе аз ин хабардор намешавад,
Ӯ кӯҳҳоро ҳангоми ғазабаш чаппа мекунад.
6 Ӯ заминро аз ҷояш меҷунбонад,
Ба тавре ки сутунҳои он ба ларза меоянд.+
7 Ӯ ба офтоб мефармояд, ки надурахшад,
Ва бар рӯшноии ситорагон+ муҳр зада, онҳоро пинҳон месозад.
9 Ӯ галаситораҳои* Айиш*, Кесил* ва Киморо* офаридааст+
Ва галаситораҳои ҷануби кураи осмонро сохтааст.
11 Ӯ аз пешам мегузарад, вале ман ӯро намебинам,
Аз наздам гузашта меравад, вале пай намебарам.
12 Вақте чизеро кашида мегирад, кӣ ӯро боздошта метавонад?
Кӣ ба ӯ гуфта метавонад: “Чӣ кор мекунӣ?”+
14 Аз ин рӯ, пеш аз он ки ба ӯ ҷавоб диҳам ва бо ӯ баҳс кунам,
Бояд ҳар як суханамро баркашам!
15 Ҳатто агар ҳақ бар ҷониби ман мебуд, ҷуръат намекардам ба ӯ ҷавоб гардонам,+
Аз Довари худ танҳо илтиҷо менамудам, ки бар ман раҳм кунад.
16 Агар сӯйи ӯ фарёд занам, оё ба фарёдам мерасад?
Бовар надорам, ки ӯ ба овозам гӯш диҳад.
17 Чунки ӯ бар сарам тӯфони бало меорад
Ва захмҳои маро бесабаб зиёд мегардонад.+
18 Намемонад, ки нафасамро рост кунам,
Ҷонамро аз талхиҳо лабрез мегардонад.
19 Агар гап дар сари қувват бошад, ӯ пурзӯр аст.+
Агар гап дар сари адолат бошад, ӯ мегӯяд: “Кист, ки маро айбдор кунад?”
20 Ҳақ бар ҷонибам бошад ҳам, даҳонам маро айбдор мекунад.
Ҳатто агар беайбиямро нигоҳ дорам*, ӯ маро гунаҳкор мебарорад.
21 Беайбиямро нигоҳ дорам ҳам, аз худ дилпур нестам,
Аз ҳаётам безорам.
22 Фарқе надорад. Бинобар ин мегӯям:
“Ӯ ҳам шахси беайб ва ҳам бадкорро нест мекунад”.
23 Агар селобе биёяду одамон бимиранд,
Ӯ ба ҳоли зори бегуноҳ механдад.
24 Замин ба дасти бадкор супурда шудааст.+
Ӯ чашмони доварони заминро пӯшидааст.
Агар ин кори ӯ набошад, пас, кори кист?
25 Инак, рӯзҳои ман аз даванда тезтаранд,+
Гузашта мераванду ман рӯзи некро намебинам.
26 Онҳо мисли қаиқҳои қамишӣ шино карда мераванд,
Мисли уқобоне, ки сӯйи туъмаи худ мешитобанд.
27 Агар бигӯям: “Ғами* худро фаромӯш мекунам,
Рӯямро дигар турш намекунам ва шод мешавам”,
28 Дар ин сурат ҳам аз сабаби дарду азобҳоям хоҳам тарсид+
Ва медонам, ки ту маро беайб ҳисоб нахоҳӣ кард.
29 Модом ки гунаҳкор ҳисоб ёбам,
Чаро беҳуда талош кунам?+
30 Агар худро дар оби барф тоза кунам
Ва дастонамро дар ишқор бишӯям,+
31 Ту маро дар чоҳи пур аз ифлосӣ меғӯтонӣ,
Ба тавре ки ҳатто либосҳоям аз ман нафрат хоҳанд кард.
32 Охир, ӯ мисли ман одамизод нест, ки ба ӯ ҷавоб гардонам
Ва ҳамроҳаш ба додгоҳ биравем.+
33 Касе нест, ки дар миёни мо доварӣ кунад*,
Касе нест, ки довари мо бошад.
34 Агар ӯ маро дигар бо чӯбаш назанад
Ва дили маро аз даҳшат пур насозад,+
35 Ман натарсида бо ӯ гап мезанам,
Зеро шахсе нестам, ки аз тарс сухан гӯяд.