Айюб
10 Аз ҳаётам безорам.+
Дарду алами диламро мебарорам.
Ғаму андуҳамро* баён мекунам!
2 Ба Худо хоҳам гуфт: “Маро айбдор эълон накун.
Ба ман бигӯй, ки чаро бо ман мубориза мебарӣ.
3 Ба ту чӣ фоида аз он ки ба ман зулму ситам намоӣ
Ва аз офаридаи худ* нафрат кунӣ,+
Дар сурате ки нақшаҳои бадкоронро дуруст мешуморӣ?
4 Оё чашмони ту мисли чашмони одамизод аст?
Оё ту мисли инсони хокӣ нигоҳ мекунӣ?
5 Оё рӯзҳои ту мисли рӯзҳои инсони миранда аст,
Оё солҳои ту баробари солҳои одамизод аст,+
6 Ки дар ман хато меҷӯйӣ
Ва гуноҳамро ёфтанӣ мешавӣ?+
7 Ту медонӣ, ки гунаҳкор нестам.+
Ҳеҷ кас маро аз дасти ту халос карда наметавонад.+
8 Ту бо дастони худ маро шакл додӣ ва сохтӣ,+
Лекин ҳоло несту нобуд кардан мехоҳӣ.
10 Магар ту маро мисли шир нарехтаӣ
Ва мисли панир қиём накардаӣ?
11 Ту маро пӯсту гӯшт пӯшондаӣ,
Аз устухон ва рагу пайванд бофтаӣ.+
13 Лекин дар даруни дилат ният доштӣ, ки ин чизҳоро бар сари ман биёрӣ.
Ман медонам, ки ин чизҳо аз тарафи туянд.
14 Агар гуноҳе мекардам, ту инро медидӣ+
Ва аз хатоям чашм намепӯшидӣ.
15 Агар гунаҳкор бошам, вой бар ҳоли ман!
16 Агар сарамро бардорам, ту маро мисли шер сайд мекунӣ+
Ва қуввати худро боз бар зидди ман ба кор мебарӣ.
17 Шоҳидони навро бар зидди ман меорӣ,
Хашму ғазабат бар ман бештар аланга мезанад
Ва бадбахтиҳо яке пайи дигаре бар сарам меоянд.
18 Пас, чаро маро аз шиками модар берун овардӣ?+
Пеш аз он ки чашми касе маро бубинад, бояд мемурдам.
19 Он гоҳ маро, мисли он ки ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштам,
Аз шиками модар рост ба қабр мебурданд”.
20 Магар рӯзҳои ман камшумор нестанд?+ Пас, бигзор ӯ маро ба ҳоли худ гузорад.