Айюб
11 Сӯфори+ наъмотӣ ба ӯ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Наход ин суханон беҷавоб монанд?!
Магар сергапӣ* шахсро росткор мегардонад?
3 Ту бо ин сафсатаҳоят даҳони мардумро бастаниӣ?
Наход ягон кас туро барои суханони масхараомезат сарзаниш накунад?!+
5 Лекин кош Худо бо ту сухан гӯяд
Ва даҳони худро кушода бо ту гап занад!+
6 Кош Худо ба ту сирру асрори хирадро ошкор кунад,
Зеро хирад паҳлуҳои зиёде дорад.
Он гоҳ ту мефаҳмӣ, ки Худо аз баъзе гуноҳҳои ту чашм мепӯшад.
7 Оё хиради бепоёни Худоро дарёфта метавонӣ?
Оё дар бораи Худои Тавоно* ҳама чизро фаҳмида метавонӣ?
8 Хиради бепоёни Худо аз осмон болотар аст — чӣ тавр онро дарк мекунӣ?
Он аз гӯр чуқуртар аст — чӣ тавр онро фаҳмида метавонӣ?
9 Он аз замин дарозтар
Ва аз баҳр паҳнтар аст.
10 Агар ӯ гузашта, касеро дастгир кунад ва доваронро ҷамъ орад,
Кӣ ӯро боздошта метавонад?
11 Зеро ӯ пай мебарад, ки кай одамон маккорӣ мекунанд.
Вақте бадкориро бинад, наход ӯ аҳамият надиҳад?
12 Аммо ақли шахси бефаҳм кай медарояд?
Вақте гӯрхар одам таваллуд кунад*.
13 Кошки дили худро тайёр мекардӣ
Ва дастонатро сӯйи ӯ дароз менамудӣ.
14 Агар дастат бадӣ кунад, онро аз худ дур кун
Ва намон, ки ноинсофӣ дар хаймаҳоят сокин бошад.
15 Он гоҳ сари худро бо дили пур баланд мекунӣ
Ва бе ҳеҷ тарсу ҳарос рост меистӣ.
16 Он гоҳ ғами худро фаромӯш мекунӣ.
Андуҳатро мисли обҳои рафта аз ёд мебарорӣ.
17 Ҳаёти ту аз рӯзи равшан дурахшонтар мегардад.
Ҳатто шаби он мисли субҳ равшан мешавад.
18 Ту хотирҷамъ хоҳӣ буд, зеро бароят умеде ҳаст,
Ба гирду атроф назар меандозӣ ва осуда хоб мекунӣ.
19 Вақте хоб равӣ, аз касе парво намекунӣ.
Бисёриҳо аз пайи ёфтани дили ту мешаванд.
20 Аммо чашмони бадкорон хира мешавад
Ва онҳо ҷойи гурез намеёбанд.
Марг умеди ягонаашон мешавад».+