Айюб
36 Элиҳу суханашро давом дода гуфт:
2 «Боз камтари дигар тоқат кун, то ман гап занам,
Зеро ҳанӯз барои тарафдории Худо гуфтаниҳое дорам.
3 Чизҳоеро, ки медонам, батафсил мегӯям
Ва росткории Офаридгорамро эълон мекунам.+
5 Бешубҳа, Худо пурқудрат аст+ ва касеро рад намекунад.
Хирадаш поёну андоза надорад.
7 Аз росткорон чашм намеканад,+
Онҳоро бо подшоҳон ба тахт мешинонад*+ ва то абад сарафроз мегардонад.
8 Лекин, агар онҳоро занҷирбанд кунанд
Ва онҳо дар қайду банд азоб кашанд,
9 Ӯ хатояшонро ба онҳо ошкор месозад
Ва нишон медиҳад, ки аз сабаби ғурур чӣ гуноҳе кардаанд.
10 Гӯши онҳоро барои насиҳат мекушояд
Ва ба онҳо мегӯяд, ки аз бадӣ даст кашанд.+
11 Агар онҳо ӯро гӯш кунанду ба ӯ хизмат кунанд,
Ҳаёташон хуб мегузарад
Ва солҳои умрашон пур аз хушиву хурсандӣ мешавад.+
13 Худобехабарон* дар дил кина мепарваранд,
Ҳатто вақте ӯ онҳоро бандубаст мекунад, фарёд зада ёрӣ намепурсанд.
15 Аммо Худо ғамзадагонро ҳангоми азобашон наҷот медиҳад.
Вақте ба онҳо зулм мекунанд, Худо гӯшҳои онҳоро мекушояд.
Дастархонатро аз нозу неъмат пур карда туро тасаллӣ медиҳад.+
17 Он гоҳ ту аз ҳукме, ки ба бадкор бароварда мешавад, қонеъ мегардӣ,+
Вақте ҳукм мебароранд ва адлу инсофро ба амал меоранд.
18 Лекин эҳтиёт шав, ки ба ғазаб дода шуда аз балои дигарон шод нашавӣ*+
Ва пораи калоне гирифта гумроҳ нагардӣ.
19 Магар он гоҳ мадад хостанат туро аз фалокат наҷот медиҳад?
Оё ин қадар ҷон канданат туро аз бало халос мекунад?+
20 Орзуманди шаб набош,
Ки дар он одамон аз ҷояшон нест мешаванд.
21 Эҳтиёт шав, ки ба бадӣ рӯ наорӣ
Ва ба ҷойи азоб бадкориро интихоб накунӣ.+
22 Инак, Худо қудрати бузург дорад.
Кадом омӯзгор ба ӯ баробар аст?
25 Тамоми одамизод ин корҳоро дидааст.
Инсони миранда аз дурӣ ба онҳо назар мекунад.
29 Оё касе қабатҳои абрро фаҳмида метавонад?
Магар гулдурроси раъдро, ки аз хаймаи ӯ бармеояд, метавонад дарк кунад?+
30 Бубин, ки чӣ тавр барқи худро бар он паҳн мекунад+
Ва қаъри баҳрро мепӯшонад.
32 Бо дастонаш барқро мегирад
Ва онро бар нишоне мезанад.+
33 Раъди ӯ аз омаданаш дарак медиҳад,
Ҳатто чорпоён хабар медиҳанд, ки ӯ* омада истодааст.