Забур
Суруди болобароӣ.
123 Сӯйи ту чашмонамро боло менигаронам,+
Эй он кӣ бар осмон тахтнишинӣ.
2 Ҳамон тавре ки чашмони ғуломон ба дасти хӯҷаинашон
Ва чашмони канизон ба хонумашон нигарон аст,
Чашмони мо низ сӯйи Худоямон Яҳува менигарад,+
Мо интизори лутфи ӯем.+
3 Ба мо лутф намо, эй Яҳува, ба мо лутф намо,
Зеро аз таънаву таҳқир ҷонамон сер шудааст.+
4 Ҷонамон аз масхараи худбоварон
Ва таънаҳои мағрурон сер шудааст.