Ишаъё
18 Вой бар ҳоли замини пур аз садои болҳои ҳашарот,
Ки дар минтақаи дарёҳои Ҳабашистон+ аст!
2 Он хабаррасононро бо роҳи баҳр,
Бо обҳо бар киштиҳои қамишӣ* фиристода, мегӯяд:
«Эй хабаррасонони тезрав,
Назди халқи қоматбаланду пӯсташ ҷилодор биравед,
Назди халқе, ки ҳамаро ба ҳарос меорад,+
Халқи боқуввату шикастоваре,
Ки заминашро дарёҳо мешӯянд».
3 Эй ҳамаи сокинони замин, эй мардуми дунё!
Шумо чизеро мисли парчаме бар кӯҳҳо хоҳед дид
Ва садоеро мисли садои шох хоҳед шунид.
4 Яҳува ба ман чунин гуфт:
«Мисли гармӣ ва дурахши офтоб,
Мисли абри шабнам дар гармои мавсими ғунучини ҳосил,
Ман ором хоҳам буд ва ба* макони худ нигоҳ хоҳам кард.
5 Пеш аз ғундоштани ҳосил,
Вақте ток аз гул мебарояд ва ангур хӯша мебандад,
Навдаҳои токро бо каҷкорд* мебуранд
Ва танобакҳои онро бурида мепартоянд.
6 Ҷасади ҳамаи онҳо барои парандагони соҳибчанголи кӯҳистон
Ва барои ҳайвоноти замин гузошта мешавад.
Парандагони соҳибчангол дар тобистон
Ва ҳамаи ҳайвоноти замин дар мавсими ғунучини ҳосил онҳоро мехӯранд.
7 Он вақт халқи қоматбаланду пӯсташ ҷилодор,
Халқе, ки ҳамаро ба ҳарос меорад,
Халқи боқуввату шикастоваре,
Ки заминашро дарёҳо мешӯянд,
Ба ҷое ки номи Яҳува бар он аст, бар кӯҳи Сион,+
Ба Яҳува, Худои лашкарҳо, ҳадия меорад».