Ҳизқиёл
7 Аз ҷониби Яҳува ба ман боз чунин паём омад: 2 «Эй фарзанди одам, Парвардигор Яҳува ба замини Исроил чунин мегӯяд: “Бар чор канори замин анҷом омадааст, анҷом! 3 Рӯзи анҷом бар ту омадааст ва ман ғазабамро бар ту мерезам. Ман мувофиқи роҳу рафторат туро доварӣ мекунам ва барои ҳама корҳои нафратоварат туро ҷазо медиҳам. 4 Чашмам ба ту раҳм намекунад ва дилам ба ту намесӯзад.+ Ман оқибати роҳу рафторатро бар сарат меорам ва ту ҳосили талхи корҳои нафратоваратро мечашӣ.+ Он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман Яҳува ҳастам”.+
5 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Бингар! Фалокат меояд, фалокате, ки мислашро надида будӣ.+ 6 Анҷом наздик аст, анҷом меояд, он бар сари ту ногаҳон меояд. Бубин, он омада истодааст. 7 Навбати ту омад*, эй сокини замин. Он вақт меояд, он рӯз наздик аст.+ Кӯҳистонро воҳима фаро гирифтааст ва дар он нидоҳои шодӣ шунида намешавад.
8 Ба наздикӣ ман ғазабамро бар сарат мерезам+ ва тамоми хашмамро бар ту холӣ мекунам.+ Ман мувофиқи роҳу рафторат туро доварӣ мекунам ва барои ҳама корҳои нафратоварат туро ҷазо медиҳам. 9 Чашмам ба ту раҳм намекунад ва дилам ба ту намесӯзад.+ Ман оқибати роҳу рафторатро бар сарат меорам ва ту ҳосили талхи корҳои нафратоваратро мечашӣ. Он гоҳ мефаҳмӣ, ки ман, Яҳува, туро зарба зада истодаам.+
10 Ана он рӯз! Бубин, он меояд!+ Навбати ту омад*. Чӯби ҷазо ғунча кард ва ғурури душман шукуфт. 11 Зӯроварӣ чӯбе гардидааст, ки бадкоронро ҷазо медиҳад.+ На онҳо боқӣ мемонанд, на сарваташон, на мардуми сершумору на шукӯҳашон. 12 Он вақт меояд, он рӯз фаро мерасад. Бигзор харидор шодӣ накунад ва фурӯшанда мотам нагирад, зеро ғазаб бар тамоми мардум фурӯ мерезад*.+ 13 Фурӯшанда, ҳатто агар зинда монад, чизи фурӯхтаашро баргардонда наметавонад, зеро ин рӯъё ба тамоми мардум дахл дорад. Ҳеҷ кас барнамегардад ва ҳеҷ кас аз сабаби хатояш зинда намемонад.
14 Онҳо карнай навохтанду+ ҳама тайёранд, аммо касе ба ҷанг намеравад, зеро ғазаби ман бар тамоми мардум аланга задааст.+ 15 Аз берун шамшер+ ва аз дарун вабою гушнагист. Касе, ки дар саҳрост, аз шамшер мемурад ва касе, ки дар шаҳр аст, туъмаи гушнагиву вабо мегардад.+ 16 Наҷотёфтагон ба кӯҳистон мегурезанд ва ҳар яке мисли кафтари водиҳо аз хатои худ нола мекунад.+ 17 Аз тарс дастонашон беқувват мешавад ва дар эзорашон тар мекунанд.+ 18 Онҳо палос* дар бар мекунанд+ ва ларза онҳоро фаро мегирад. Ҳар як кас гирифтори нанг мешавад ва ҳар сар кал мегардад*.+
19 Онҳо нуқраашонро ба кӯчаҳо мепартоянд ва тиллояшон барои онҳо нафратовар мегардад. На нуқра ва на тиллояшон наметавонад онҳоро дар рӯзи ғазаби Яҳува халос кунад.+ Онҳо сер намешаванд, шикамашон пур намешавад, зеро ин чизҳо* барояшон санги пешпо ва сабаби хато шудаанд. 20 Онҳо аз зебу зинаташон фахр мекарданд ва аз нуқраву тилло бутҳои нафратовару ҳаром месохтанд.+ Аз ин рӯ ман ин чизҳоро барояшон нафратангез мегардонам. 21 Ман нуқраву тиллояшонро ба бегонагон барои ғорат ва ба бадкорони замин барои ғанимат медиҳам ва онҳо ин чизҳоро ҳаром мекунанд.
22 Ман рӯямро аз онҳо мегардонам+ ва онҳо* ниҳонгоҳи* маро нопок месозанд. Ғоратгарон ба он дохил шуда, онро нопок мекунанд.+
23 Занҷир* бисоз,+ зеро замин аз хуни ноҳақ+ ва шаҳр аз зӯроварӣ пур шудааст.+ 24 Ман бадтарини халқҳоро ба сарашон меорам+ ва онҳо хонаҳояшонро соҳиб мешаванд.+ Ман ба ғурури пурзӯрон хотима мебахшам ва муқаддасгоҳи онҳо ҳаром мегардад.+ 25 Вақте азоб кашанд, осоиштагиро ҷӯё мешаванд, аммо намеёбанд.+ 26 Фалокат болои фалокат, як хабар аз пайи хабари дигар меояд. Мардум беҳуда аз пайғамбар рӯъё меҷӯяд.+ Онҳо аз коҳинон дастур ва аз пирон маслиҳате нахоҳанд ёфт.+ 27 Подшоҳ мотам мегирад,+ сардорон либоси ноумедӣ* мепӯшанд ва дастони халқ аз даҳшат ба ларза меояд. Ман бо онҳо мувофиқи роҳҳои худашон амал менамоям ва онҳоро аз рӯйи довариҳои худашон доварӣ мекунам. Он гоҳ мефаҳманд, ки ман Яҳува ҳастам”».+