Ҳизқиёл
26 Дар соли 11-ум, дар рӯзи якуми моҳ, Яҳува ба ман паём фиристода гуфт: 2 «Эй фарзанди одам, Сӯр дар бораи Ерусалим чунин гуфтааст:+ “Хуб шуд! Дарвозаи халқҳо шикаста шуд!+ Акнун ки он хароб гаштааст, давр даври ман шуд ва ман бой мешавам”. 3 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Эй Сӯр, ман зидди туям. Ман бар зидди ту халқҳои бисёрро бармехезонам, чуноне ки баҳр мавҷҳояшро мехезонад. 4 Онҳо деворҳои Сӯрро нобуд карда, бурҷҳояшро* вайрон мекунанд.+ Ман хоки онро рӯфта, онро ба кӯҳпораи холиву суфтае табдил медиҳам. 5 Ӯ дар миёни баҳр маконе барои хушк кардани тӯрҳо мешавад.+
Ман сухан кардаам: он тороҷи халқҳо мешавад,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.— 6 Маҳалҳои деҳоташ бо дами шамшер кушта мешавад ва он гоҳ мардум мефаҳмад, ки ман Яҳува ҳастам”.
7 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар зидди Сӯр шоҳи Бобил — Набукаднесарро*, аз тарафи шимол меорам.+ Ӯ шоҳи шоҳон аст,+ ки аспу+ аробаҳо+ ва савораву лашкари зиёде дорад. 8 Ӯ маҳалҳои деҳотатро бо шамшер нобуд мекунад, барои муҳосираи ту девору хокрез* месозад ва сипари бузурге мебардорад. 9 Ӯ деворҳоятро бо дабоба* мешиканад ва бо табарҳо бурҷҳоятро чаппа мекунад. 10 Аспҳои ӯ чунон бисёр хоҳанд буд, ки зери чангашон мемонӣ. Вақте ӯ аз дарвозаҳоят, мисли он ки ба шаҳри рахнадор бошад, зада дарояд, деворҳоят аз ғулғулаи саворон, чархҳо ва аробаҳояш ба ларза меоянд. 11 Суми аспҳояш ҳама кӯчаҳоятро поймол мекунад.+ Ӯ мардуматро аз дами шамшер мегузаронад ва сутунҳои бузургатро ба хок яксон мекунад. 12 Онҳо дороиятро тороҷ ва молатро ғорат намуда,+ деворҳоятро мешикананд ва хонаҳои зебоятро чаппа мекунанд. Сипас онҳо сангу чӯб ва хоки туро ба об мепартоянд.
13 Ман ба садои сурудҳоят хотима мебахшам ва овози чангҳо дар ту дигар шунида намешавад.+ 14 Ман туро ба кӯҳпораи холиву суфтае табдил медиҳам ва ту маконе барои хушк кардани тӯрҳо мешавӣ.+ Туро дигар бино намекунанд, чунки инро ман, Яҳува, гуфтаам”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува.
15 Парвардигор Яҳува ба Сӯр чунин мегӯяд: “Вақте садои шикастат ба гӯш расад, вақте дар замини ту куштор шавад ва мардумат ҷон канаду оҳу воҳ кашад, ҷазираҳо ба ларза меоянд.+ 16 Ҳама мирони баҳр аз тахти худ фуруд омада, ҷомаҳои худро дур мекунанд, либоси гулдӯзияшонро мекашанд ва ба ларза меоянд. Онҳо бар замин нишаста, аз ларзидан намемонанд ва бо чашмони ҳайратзада ба ту менигаранд.+ 17 Онҳо дар ҳаққи ту марсия* суруда+ хоҳанд гуфт:
“Эй он кӣ аз баҳрҳо сокин гашта будӣ, эй шаҳри номдор, сад ҳайф ки, нобуд шудӣ!+
Туву сокинонат дар баҳр пурқудрат будед+
Ва тамоми мардуми заминро ба ҳарос меовардед!
18 Акнун дар рӯзи шикасти ту ҷазираҳо ба ларза меоянд,
Акнун ки ту нобуд шудӣ, ҷазираҳои баҳр ба даҳшат меафтанд”.+
19 Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман туро мисли шаҳрҳои беодам вайрона месозам ва бо обҳои пурталотуму азим пӯшонда ғарқ мекунам.+ 20 Он гоҳ туро бо онҳое, ки ба гӯр фурӯ мераванд, ба гузаштагон ҳамроҳ месозам. Ман туро ҳамроҳи онҳое, ки ба гӯр фурӯ мераванд,+ дар ҷойи аз ҳама паст, ки мисли харобаҳои қадимист, сокин мекунам, то ту беодам бошӣ. Пас аз ин ман замини зиндагонро оро медиҳам.
21 Ман туро ногаҳон ба даҳшат гирифтор мекунам ва туро аз байн мебарам.+ Туро ҷустуҷӯ кунанд ҳам, дигар намеёбанд”,— мегӯяд Парвардигор Яҳува».