Наҳум
2 Касе, ки пароканда месозад, бар зидди ту* баромадааст.+
Қалъаҳоро муҳофизат кун,
Роҳро посбонӣ намо,
Миёнатро маҳкам банд ва тамоми қуввататро ҷамъ кун.
2 Яҳува шукӯҳи Яъқуб
Ва шукӯҳи Исроилро барқарор мекунад,
Зеро тороҷгарон онҳоро тороҷ
Ва навдаҳояшонро нобуд карданд.+
3 Сипари паҳлавонони ӯ сурх
Ва либоси ҷанговаронаш қирмизист.
Дар рӯзе ки ба ҷанг тайёрӣ мебинад,
Оҳани аробаҳои ҷангияш мисли оташ барқ мезанад
Ва найзаҳояш* такон мехӯранд.
4 Аробаҳои ҷангияш девонавор дар кӯчаҳо метозанд
Ва дар майдонҳо бошаст медаванд.
Онҳо мисли машъалҳо медурахшанд ва мисли барқ ялт-ялт мекунанд.
5 Ӯ фармондеҳонашро назди худ мехонад.
Онҳо дар вақти роҳ рафтан пешпо мехӯранд,
Сӯйи ҳисори вай мешитобанд,
Девори ҳимояро мустаҳкам месозанд.
6 Дарвозаҳои дарёҳо кушода мешаванд
Ва қаср фурӯ меғалтад*.
7 Чунин қарор шудааст:
Ӯро бараҳна карда, ба асирӣ бурдаанд
Ва канизонаш нола мекунанд.
Онҳо ба сина зада, чун кабӯтарон меноланд.
8 Нинве+ тамоми умр мисли ҳавзи пур аз об буд,
Ҳоло бошад, мардуми он рӯ ба гурез овардаанд.
Сӯйи онҳо фарёд мезананд: «Истед! Истед!»,
Аммо касе ба ақиб нигоҳ намекунад.+
9 Нуқраву тиллоро ғорат кунед!
Ганҷинаҳои ӯ поён надоранд.
Онҳо пур аз ҳар чизи қиматбаҳоянд.
10 Шаҳрро холӣ ва харобу валангор кардаанд!+
Дили онҳо аз тарс суст шудааст, зонуҳояшон меларзад ва камарашон беқувват гаштааст.
Ранги рӯйи ҳама кандааст.
11 Куҷост лонаи шерон,+ ки шерони ҷавон он ҷо туъма мехӯрданд,
Ҷое ки шер бо бачаҳояш аз он мебаромад
Ва касе набуд, ки онҳоро тарсонад?
12 Шер барои бачаҳояш туъмаи бисёреро медарид
Ва барои шерони модаи худ буғӣ мекард.
Лонаи ӯ доимо аз сайд
Ва хонааш аз ҳайвонҳои дарида пур буд.
13 «Ман бар зидди туям,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,+—
Аробаҳои ҷангиятро дар дуд месӯзонам+
Ва шамшер шерони ҷавони туро мекушад.
Ман ба шикори ту дар рӯйи замин хотима мебахшам
Ва овози хабаррасононат дигар шунида намешавад».+