Забур
Таронаи Довуд.
28 Сӯйи ту мехонам, эй Яҳува, эй Кӯҳпораи ман,+
Ба суханонам гӯш андоз,
Агар хомӯш бимонӣ,
Ман мисли онҳое мегардам, ки ба қабр фурӯ мераванд.+
2 Вақте дастонамро сӯйи ҳуҷраи дарунии муқаддасгоҳат бардорам+
Ва аз ту мадад пурсам, зориҳоямро бишнав.
3 Маро дар қатори бадкорон ва золимон ҷазо надеҳ,+
Дар қатори онҳое, ки бо дигарон дӯстона гап мезананд,
Вале дар дил қасди бад доранд.+
4 Ҷазои рафторашонро
Аз рӯйи корҳои бадашон бидеҳ.+
Онҳоро мувофиқи корҳояшон
Барои амали дастонашон сазо бидеҳ,+
5 Зеро онҳо ба корномаҳои Яҳува+
Ва ба амали дастони ӯ+ диққат намедиҳанд.
Ӯ онҳоро хароб хоҳад намуд ва обод нахоҳад кард.
6 Яҳуваро ҳамду сано бод,
Зеро зориву илтиҷои маро шунидааст.
7 Яҳува қувват+ ва сипари+ ман аст.
Дилам ба ӯ таваккал мекунад.+
Ӯ ба ман мадад кардааст ва дилам шодӣ мекунад,
Аз ин рӯ бо суруди худ ӯро ситоиш мекунам.