3 Мӯсо
18 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ба исроилиён бигӯй: “Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам.+ 3 Мисли мардуми Миср, ки он ҷо зиндагӣ мекардед, рафтор накунед ва ба корҳои мардуми Канъон, ки шуморо он ҷо мебарам, пайравӣ нанамоед.+ Расму оини онҳоро риоя накунед. 4 Ҳукмҳо ва фармудаҳои маро риоя намоед ва мувофиқи онҳо рафтор кунед.+ Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам. 5 Шумо бояд фармудаҳову ҳукмҳои маро риоя кунед. Ҳар кӣ онҳоро ба ҷо орад, ба воситаи онҳо зиндагӣ хоҳад кард.+ Ман Яҳува ҳастам.
6 Ҳеҷ яке аз шумо набояд бо хеши наздики худ ҳамхоб шавад.+ Ман Яҳува ҳастам. 7 Бо падари худ ҳамхоб нашав ва бо модари худ ҳамхоб нашав. Ӯ модари туст ва ту набояд бо модарат ҳамхоб шавӣ.
8 Бо зани падарат ҳамхоб нашав,+ зеро бо ин корат бар сари ӯ шармандагӣ меорӣ.
9 Бо хоҳар ё апаи худ ҳамхоб нашав, хоҳ вай духтари падарат бошад, хоҳ духтари модарат, хоҳ дар як хонадон таваллуд шуда бошед, хоҳ не.+
10 Бо духтари писарат ва ё духтари духтарат ҳамхоб нашав. Онҳо аз хуни туянд ва бо ин корат ту бар сари худ шармандагӣ меорӣ.
11 Бо духтари зани падарат ҳамхоб нашав. Ӯ аз насли падарат аст, ӯ хоҳари туст.
12 Бо аммаат ҳамхоб нашав. Ӯ хеши ҳамхуни падарат аст.+
13 Бо холаат ҳамхоб нашав. Ӯ хеши ҳамхуни модарат аст.
14 Бо зани амакат ҳамхоб нашав, зеро бо ин корат бар сари амакат шармандагӣ меорӣ. Ӯ янгаи туст.+
15 Бо келинат ҳамхоб нашав.+ Ӯ зани писарат аст ва ту набояд бо ӯ ҳамхоб шавӣ.
16 Бо зани бародарат ҳамхоб нашав,+ зеро бо ин корат бар сари бародарат шармандагӣ меорӣ.
17 Ҳам бо зане ва ҳам бо духтари вай ҳамхоб нашав.+ Духтари писари ӯ ё духтари духтари ӯро ба занӣ нагир, то бо онҳо ҳамхоб шавӣ. Онҳо хешони наздики ӯянд. Ин як кори ифлос аст*.
18 То вақте занат зинда аст, аз болои вай хоҳар ё апаашро ба занӣ нагир+ ва бо вай ҳамхоб нашав.
19 Вақте зане хунравии ҳармоҳа дошта бошад, ба вай наздик нашав, то бо вай ҳамхоб шавӣ.+
20 Бо зани ёри худ* ҳамхоб нашав ва худро бо ин корат нопок насоз.+
21 Ягон фарзанди худро ба Мӯлик*+ пешкаш накун* ва бо ин корат номи Худои худро беҳурмат нагардон.+ Ман Яҳува ҳастам.
22 Ҳеҷ марде набояд бо марди дигаре ҳамхоб шавад.+ Ин як кори ҳаром аст.
23 Ҳеҷ мард набояд бо ҳайвон алоқаи ҷинсӣ кунад ва худро бо он нопок созад. Ҳамчунин ҳеҷ зан набояд пеши ҳайвон биистад, то бо вай алоқаи ҷинсӣ кунад.+ Ин як кори норавост.
24 Бо ҳеҷ яке аз ин корҳо худро нопок насоз, зеро халқҳое, ки ман аз пешат меронам, худро бо ҳамаи ин корҳо нопок сохтаанд.+ 25 Аз ин рӯ он замин нопок аст ва онро барои гуноҳаш ҷазо медиҳам ва замин сокинонашро қай мекунад.+ 26 Вале шумо фармудаҳову ҳукмҳои маро риоя намоед+ ва ҳеҷ яке аз шумо, хоҳ сокини таҳҷоӣ бошад, хоҳ ғарибе, ки дар миёни шумо зиндагӣ мекунад,+ ягонтои ин корҳои ҳаромро накунад, 27 зеро касоне, ки пеш аз шумо дар ин замин зиндагӣ мекарданд, ба ҳамаи ин корҳои ҳаром даст мезаданд+ ва ҳоло замин аз пушти онҳо расво шудааст. 28 Агар ба ин корҳо даст назанед ва заминро нопок насозед, он шуморо мисли халқҳое, ки пеш аз шумо дар он зиндагӣ мекарданд, қай намекунад. 29 Ҳамаи онҳое, ки ба яке аз ин корҳои ҳаром даст зананд, аз миёни халқи худ решакан мешаванд. 30 Фармудаҳои маро риоя кунед ва ба ҳеҷ яке аз ин корҳои ҳаром, ки пеш аз шумо карда мешуд, даст назанед,+ то аз пушти онҳо нопок нашавед. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам”».