1 Подшоҳон
25 Пас аз чанде Самуил+ вафот кард ва тамоми Исроил ҷамъ омада, барои ӯ гиряву нола кард ва ӯро дар Ромо,+ дар хонааш, гӯронданд. Баъд аз ин Довуд бархеста, ба биёбони Форон фаромад.
2 Дар Моӯн+ марде буд, ки чорвояш дар Кармил*+ буд. Ӯ марди хеле бой буда, 3000 гӯсфанд ва 1000 буз дошт. Он вақт ӯ барои тарошидани пашми гӯсфандонаш дар Кармил буд. 3 Номи он мард Нобол+ ва номи занаш Абиҷайл+ буд. Ин зан бофаҳму хирад ва хушрӯй буд, аммо шавҳараш, ки аз хонадони Колеб+ буд, марди дағалу бадкирдор буд.+ 4 Довуд, ки дар биёбон буд, шунид, ки Нобол пашми гӯсфандонашро метарошад. 5 Он гоҳ Довуд даҳ ҷавонро ба назди Нобол фиристод ва ба он ҷавонон гуфт: «Ба Кармил биравед ва ба назди Нобол омада, аз номи ман ӯро пурсупос кунед 6 ва бигӯед: “Илоҳӣ умри дароз бинӣ ва туву хонаводаат ва ҳар он чӣ дорӣ, дар амон бошад. 7 Ман шунидам, ки ту пашми гӯсфандонатро метарошӣ. Вақте чӯпононат бо мо буданд, мо ба онҳо зараре нарасондем+ ва тамоми он вақте, ки онҳо дар Кармил буданд, чизеро аз даст надоданд. 8 Аз хизматгорони худ бипурс ва онҳо ба ту мегӯянд. Бигзор ин ҷавонон дар назарат писанд афтанд, зеро мо дар рӯзи нек омадем. Илтимос, ба бандагонат ва писарат Довуд чизе аз дилат барояд, бидеҳ”».+
9 Одамони Довуд рафта, ҳамаи ин суханонро аз номи Довуд ба Нобол гуфтанд. Вақте ки онҳо гапашонро тамом карданд, 10 Нобол ба хизматгузорони Довуд гуфт: «Довуд худаш кист ва писари Исой кист? Имрӯзҳо хизматгорони зиёде аз дасти хӯҷаинашон мегурезанд.+ 11 Наход ман нону об ва гӯштеро, ки барои пашмтарошонам тайёр кардаам, гирифта, ба касоне бидиҳам, ки намедонам аз куҷо пайдо шудаанд?!»
12 Одамони Довуд баргаштанд ва тамоми ин суханонро ба ӯ хабар доданд. 13 Довуд ҳамон замон ба одамонаш гуфт: «Ҳар яке шамшери худро бибандед!»+ Онҳо шамшери худро ба миён бастанд ва Довуд низ шамшери худро баст. Тақрибан 400 нафар ҳамроҳи Довуд рафт, 200 нафари дигар бошад, назди чизу чораашон монд.
14 Дар ин миён яке аз хизматгорон омада, ба Абиҷайли зани Нобол гуфт: «Довуд аз биёбон кас фиристода, хӯҷаинамонро дуои нек кард, аммо вай онҳоро ҳақоратборон кард.+ 15 Ин одамон ба мо некии бисёр карданд. Онҳо ягон бор ба мо зарар нарасонданд ва тамоми он вақте, ки бо онҳо дар саҳро будем, ҳеҷ чизамонро аз даст надодем.+ 16 Тамоми он вақте, ки мо рама чаронда, ҳамроҳашон будем, онҳо шабу рӯз мисли девор моро муҳофизат мекарданд. 17 Акнун фикр кун, ки бояд чӣ кор кунӣ, зеро аниқ аст, ки ба сари хӯҷаинамон ва тамоми хонадонаш мусибате меояд,+ ва ӯ чунон нобакор аст,+ ки бо ӯ гап зада намешавад».
18 Абиҷайл+ зуд 200 нон, ду кӯзаи калони шароб, панҷ гӯсфанди сарбурида, панҷ сатил* ғаллаи бирён, 100 кулчаи мавизӣ ва 200 кулчаи анҷир гирифта, ҳамаашро ба харҳо бор кард.+ 19 Ӯ ба хизматгоронаш гуфт: «Пешопешам биравед ва ман аз пайи шумо меоям», аммо ба шавҳараш Нобол чизе нагуфт.
20 Вақте ӯ ба хар савор шуда, аз назар пинҳон аз кӯҳ мефаромад, Довуд ҳамроҳи одамонаш сӯйи ӯ меомад ва ӯ бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. 21 Довуд мегуфт: «Ман тамоми чизу чораи ин одамро дар биёбон беҳуда нигаҳбонӣ кардам. Аз дороии ӯ як чиз ҳам аз даст нарафт,+ вай бошад, дар ивази некӣ бадӣ кард.+ 22 Бигзор Худо душманони Довудро ба балоҳо гирифтор кунад*, агар аз тамоми мардинаи* Нобол то саҳар як нафар ҳам зинда бимонад».
23 Вақте ки Абиҷайл Довудро дид, саросемавор аз хар фаромад ва рӯ ба замин афтода ба Довуд таъзим кард. 24 Ӯ пеши пойи Довуд афтода, гуфт: «Эй хоҷаам, бигзор гуноҳ бар гардани ман бошад. Иҷозат деҳ, ки канизат ба ту гап занад, ва ба суханони канизат гӯш деҳ. 25 Бигзор хоҷаам ба ин Ноболи нобакор+ аҳамият надиҳад, зеро номаш ба ӯ муносиб аст: номи ӯ Нобол* аст ва худаш низ аҳмақ аст. Аммо канизат ҷавононеро, ки хоҷаам фиристод, надида буд. 26 Эй хоҷаам, ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти ту қасам ки, туро Яҳува нагузошт,+ ки хун рехта гуноҳ кунӣ+ ва бо дасти худ қасд гирӣ*. Бигзор душманонат ва бадхоҳони хоҷаам мисли Нобол шаванд. 27 Бигзор ин ҳадияеро*,+ ки канизат ба хоҷаам овардааст, ба ҷавононе, ки ҳамроҳи хоҷаам мебошанд,+ бидиҳанд. 28 Илтимос, гуноҳи канизатро бибахш. Яҳува, бешубҳа, хонадони хоҷаамро устувор месозад,+ чунки хоҷаам барои Яҳува меҷангад+ ва дар умраш бадие накардааст.+ 29 Агар касе бархеста, туро дунболагирӣ намояд ва қасди ҷони туро кунад, Худоят Яҳува ҳаёти хоҷаамро печонида, дар ҳамёни ҳаёт эҳтиёт мекунад, лекин ҳаёти душманонатро мисли санги фалахмон* дур меандозад. 30 Вақте ки Яҳува мувофиқи ваъдаҳояш ба хоҷаам некӣ кунад ва туро пешвои Исроил созад,+ 31 виҷдонат туро азоб намедиҳад ва ту пушаймон намешавӣ, ки бесабаб хун рехтӣ ва бо дасти худ қасд гирифтӣ*.+ Вақте ки Яҳува ба хоҷаам некӣ кунад, канизи худро ба ёд ор».
32 Он гоҳ Довуд ба Абиҷайл гуфт: «Яҳува, Худои Исроилро, ҳамду сано бод, ки туро имрӯз ба пешвози ман фиристод! 33 Худо ақлу фаросати туро баракат диҳад! Бигзор ӯ туро баракат диҳад, зеро имрӯз нагузоштӣ, ки хун рехта гуноҳ кунам+ ва бо дасти худ қасд гирам*. 34 Ба номи Яҳува, Худои Исроил, Худои зиндае, ки нагузошт ба ту зарар расонам,+ қасам ки, агар ту зуд ба пешвози ман намеомадӣ,+ аз мардинаи* Нобол як кас ҳам то саҳар зинда намемонд».+ 35 Довуд он чиро, ки Абиҷайл барояш оварда буд, қабул кард ва ба ӯ гуфт: «Ба хонаат хотирҷамъ бирав. Ман ба гапи ту гӯш додам ва хоҳиши туро ба ҷо меорам».
36 Баъд аз ин Абиҷайл назди Нобол, ки мисли шоҳ дар хонааш базм мекард, баргашт. Табъи Нобол хуш буд ва ӯ масти аласт буд. Абиҷайл то дамидани субҳ ба ӯ даҳон накушод. 37 Саҳарӣ, вақте Нобол ҳушёр шуд, занаш ба ӯ он чизеро, ки рӯй дод, нақл кард. Он гоҳ дили Нобол шах шуд ва худи ӯ мисли санг карахт гашт. 38 Тақрибан даҳ рӯз пас Яҳува Ноболро зарба зад ва ӯ мурд.
39 Вақте Довуд шунид, ки Нобол мурдааст, гуфт: «Яҳуваро ҳамду сано бод, ки даъвоямро шунида,+ маро аз таънаю маломати Нобол+ сафед кард, ӯ нагузошт, ки бандааш бадие кунад,+ ва Яҳува бадии Ноболро ба сари худи ӯ овард». Сипас Довуд кас фиристода, Абиҷайлро хостгорӣ кард. 40 Ходимони Довуд назди Абиҷайл ба Кармил омада, ба ӯ гуфтанд: «Довуд моро фиристод, то ки туро барои худ ба занӣ гирад». 41 Абиҷайл даррав бархеста, рӯ ба замин таъзим кард ва гуфт: «Ман тайёрам, ки каниз шуда пойҳои ходимони хоҷаамро бишӯям».+ 42 Баъд аз он Абиҷайл+ дарҳол бархеста, ба хар савор шуд ва панҷ канизаш аз пасаш равона буданд. Ӯ ҳамроҳи ходимони Довуд бирафт ва зани Довуд шуд.
43 Довуд ҳамчунин Аҳинӯами+ изреъилиро+ ба занӣ гирифта буд ва ҳар дуи ин занҳо зани ӯ шуданд.+
44 Микали+ зани Довудро бошад, падараш Шоул ба Фалтии+ писари Лаиш, ки аз Ҷаллим буд, ба шавҳар дод.