1 Подшоҳон
30 Дар рӯзи сеюм, вақте Довуд бо одамонаш ба Сиқлоҷ+ омад, маълум шуд, ки амолеқиён+ ба ҷануб* ва Сиқлоҷ тохтутоз кардаанд ва ба Сиқлоҷ ҳуҷум оварда, онро оташ задаанд. 2 Онҳо занон+ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар шаҳр буданд, аз хурд то калон, асир карданд. Онҳо касеро накуштанд, балки ба асирӣ гирифта, рафтанд. 3 Вақте Довуд ва одамонаш ба шаҳр омаданд, диданд, ки онро бо оташ сӯзонидаанд ва занону писарону духтаронашонро ба асирӣ бурдаанд. 4 Он гоҳ Довуду одамонаш бо овози баланд гиристанд, то даме ки дигар қуввати гиристан надоштанд. 5 Ду зани Довуд — Аҳинӯами изреъилӣ ва Абиҷайли кармилие, ки аз Нобол бева монда буд,+ ҳамчунин ба асирӣ бурда шуданд. 6 Довуд дар азоби сахт буд, чунки мардон аз сабаби асир гаштани писарону духтаронашон ғамгин гашта хостанд, ки ӯро сангсор кунанд. Аммо Довуд дар Худояш Яҳува қувват ёфт.+
7 Довуд ба Абётори+ коҳин, ки писари Аҳималик буд, гуфт: «Илтимос, пешбандро биёр».+ Абётор пешбандро ба Довуд овард. 8 Довуд аз Яҳува пурсид:+ «Аз паси ин дастаи ғоратгарон биравам? Оё онҳоро дарёб мекунам?» Худо ба ӯ гуфт: «Бирав, зеро ту ҳатман онҳоро дарёб мекунӣ ва ҳамаро аз дасташон халос менамоӣ».+
9 Довуд даррав бо 600 марде, ки ҳамроҳаш буд,+ ба роҳ баромад ва онҳо то водии Басӯр расиданд ва баъзе аз мардонаш дар он ҷо монданд. 10 Довуд бо 400 нафар сур карданро давом дод, аммо 200 нафаре, ки хаста шуда аз водии Басӯр гузашта натавонистанд, бозистоданд.+
11 Онҳо дар саҳро марди мисриеро ёфта, ӯро ба назди Довуд оварданд ва ба вай барои хӯрдан хӯрок ва барои нӯшидан об доданд. 12 Онҳо ҳамчунин ба вай як бурда аз кулчаи анҷир ва ду кулчаи мавизӣ доданд. Ӯ хӯрд ва қувват гирифт, зеро се рӯзу се шаб хӯроке нахӯрда буд ва обе нанӯшида буд. 13 Он гоҳ Довуд аз ӯ пурсид: «Ту хизматгори кистӣ ва аз куҷо мебошӣ?» Он мард дар ҷавоб гуфт: «Ман хизматгори мисрӣ, ғуломи як марди амолеқиям. Хӯҷаинам маро партофта рафт, зеро ман се рӯз пеш касал шудам. 14 Мо ба ҷануби* каритиён,+ замини Яҳудо ва ҷануби* Колеб+ ҳуҷум овардем ва Сиқлоҷро оташ задем». 15 Довуд ба ӯ гуфт: «Оё маро сӯйи он дастаи ғоратгарон роҳнамоӣ мекунӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Агар ба номи Худо қасам хӯрӣ, ки маро намекушӣ ва ба дасти хӯҷаинам намесупорӣ, роҳро ба ту нишон медиҳам».
16 Ӯ онҳоро ба замине овард, ки он ғоратгарон паҳну парешон шуда, мехӯрданду менӯшиданд ва базм мекарданд, зеро аз замини фалиштиён ва Яҳудо ғанимати бузурге ба даст оварда буданд. 17 Довуд онҳоро аз вақте, ки субҳ ҳанӯз надамида буд, то бегоҳӣ зарба зад ва ҳеҷ кас, ғайр аз 400 нафаре, ки ба шутурҳо савор шуда гурехтанд, халос нашуд.+ 18 Довуд, ҳар он чиро ки амолеқиён дуздида буданд, баргардонд+ ва ду зани худро раҳо кард. 19 Аз хурд то калон касе талаф нашуд. Онҳо писарону духтарони худ ва ҳамчунин ғаниматро баргардонданд.+ Довуд ҳамаро баргардонд. 20 Ӯ тамоми гову молро гирифт ва одамонаш онҳоро пешопеши чорвои худ ронда, мегуфтанд: «Ин ғанимати Довуд аст».
21 Довуд ба назди он 200 нафаре, ки аз хастагӣ ҳамроҳаш рафта натавонистанд ва дар он тарафи водии Басӯр монда буданд,+ омад. Онҳо ба пешвози Довуд ва одамонаш баромаданд ва Довуд ба наздашон омада, онҳоро ҳолпурсӣ кард. 22 Аммо дар байни одамоне, ки бо Довуд рафта буданд, касони бад ва нобакоре буданд, ки гуфтанд: «Инҳо бо мо нарафтанд, аз ин рӯ аз ғанимате, ки овардем, ба онҳо чизе намедиҳем, бигзор танҳо зану писаронашонро гиранду раванд». 23 Аммо Довуд гуфт: «Эй бародаронам, бо он чизе, ки Яҳува ба мо дод, чунин накунед. Ӯ моро муҳофизат кард ва он ғоратгаронро, ки бар зидди мо омада буданд, ба дастамон супурд.+ 24 Кӣ ба ин гуфтаҳои шумо розӣ мешавад? Ҳиссаи касоне, ки ба ҷанг рафтанд, ва касоне, ки бо чизҳоямон монданд, як хел хоҳад буд.+ Ғанимат бояд ба ҳама баробар тақсим карда шавад».+ 25 Аз он рӯз сар карда то ба имрӯз ӯ инро барои Исроил дастуру қоида гардонд.
26 Вақте Довуд ба Сиқлоҷ баргашт, аз он ғанимат ба пирони Яҳудо, ки дӯстонаш буданд, фиристода, гуфт: «Ин аз ғанимате, ки аз душманони Яҳува гирифта шудааст, бароятон ҳадия* аст». 27 Ӯ ба касоне, ки дар Байт-Ил,+ Ромӯти Негеб*, Яттир,+ 28 Арӯэр, Сифмӯт, Эштемӯа,+ 29 Рокол, шаҳрҳои ераҳмеилиён,+ шаҳрҳои қениён,+ 30 Ҳормо,+ Кӯр-Ошон, Аток 31 ва Ҳебрӯн+ буданд, ва ҳамчунин, ба ҳамаи ҷойҳое ки Довуд ва одамонаш рафтуомад доштанд, туҳфа фиристод.