Айюб
16 Айюб ба ӯ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Чунин суханонро ман бисёр шунидаам.
Шумо дилбардор неву дарди саред!+
3 Кай суханони беҳудаат тамом мешаванд?
Чӣ ба ту* ин қадар намефорад, ки ин тавр ҷавоб медиҳӣ?
4 Агар шумо ба ҷойи ман мебудед,
Ман ҳам метавонистам мисли шумо гап занам,
Бар зидди шумо суханони обдор гӯям
Ва бар ҳоли шумо сар ҷунбонам.+
5 Аммо ман ба ҷойи шумо ин тавр намекардам, балки бо суханони даҳонам шуморо дилбардорӣ менамудам
Ва бо тасаллии лабонам дарди шуморо сабук мегардондам.+
6 Агар гап занам, дардам ором намегардад+
Ва, агар хомӯш шавам, магар азобам кам мешавад?
7 Аммо ҳоло ӯ маро беҳолу бемадор кардааст+
Ва тамоми хонадонамро хароб намудааст.
8 Ту маро бо дасти худ сахт меқапӣ ва ин ҳоли зорам бар зидди ман шоҳидӣ медиҳад,
Ба тавре ки харобиям бархеста, бар зидди ман гувоҳӣ медиҳад.
9 Хашми ӯ маро пора-пора намудааст ва ӯ бар зидди ман кина мегирад.+
Ӯ дандонҳояшро бар ман ғиҷиррос мезанад.
Душманам бо нигоҳаш маро шикоф мекунад.+
10 Онҳо даҳонашонро бар ман воз кардаанд+
Ва маро паст зада, шапалоқ мезананд.
Онҳо ҷамъ шуда ба муқобили ман мебароянд.+
11 Худо маро ба дасти писарбачаҳо супурдааст
Ва ба ихтиёри бадкорон додааст.+
12 Ором будам, вале ӯ маро пора-пора кард.+
Аз пушти гарданам дошта, маро ба замин зад
Ва пас аз ин маро нишони худ гардонд.
Ӯ талхаамро канда бар замин рехтааст.
14 Ӯ бар ман пайиҳам рахна мекушояд
Ва мисли ҷанговар ба ман ҳамла меорад.
16 Рӯям аз гиря сурх шудааст+
Ва пилки чашмонам тираву тор аст*,
17 Ҳарчанд ки дастонам аз зулму ситам тозаву дуоям пок аст.
18 Эй замин, хуни маро рӯпӯш накун!+
Бигзор фиғонам паноҳгоҳе наёбад!
19 Ҳоло низ шоҳиди ман дар осмон аст,
Оне, ки барои ман гувоҳӣ дода метавонад, дар арши аълост.