Ибриён
3 Пас, эй бародарони покам, эй шарикони даъвати осмонӣ,+ дар бораи расул ва саркоҳин, ки ӯро эътироф мекунем, яъне Исо, андеша ронед.+ 2 Ӯ ба Худо, ки вайро таъйин намудааст, вафодор буд,+ чуноне ки Мӯсо дар тамоми хонадони Худо вафодор буд.+ 3 Ӯ назар ба Мӯсо сазовори ҷалоли бештар гардид,+ зеро созандаи хона назар ба худи хона сазовори эҳтироми бештар аст. 4 Бешубҳа, ҳар хона созандае дорад, созандаи ҳама чиз бошад, Худост. 5 Мӯсо чун хизматгузор дар тамоми хонадони Худо вафодор буд ва хизмати ӯ шаҳодати чизҳое буд, ки бояд дар оянда ошкор мегаштанд. 6 Аммо Масеҳ* чун писар вафодор буд,+ чун писаре, ки бар хонадони Худо таъйин гаштааст. Хонадони Ӯ бошад, моем,+ ба шарте ки минбаъд низ далерона сухан гӯем ва умедеро, ки бо он фахр мекунем, то охир маҳкам нигоҳ дорем.
7 Аз ин рӯ, чуноне ки рӯҳи муқаддас мегӯяд:+ «Имрӯз, агар овози ӯро бишнавед, 8 дили худро сахт накунед, чи тавре ки бобоёнатон карда буданд, вақте маро дар рӯзи озмоиш дар биёбон ба хашму ғазаб оварданд,+ 9 ва, гарчанд муддати 40 сол корҳоямро дида буданд, маро озмуданд.+ 10 Аз ин сабаб ман аз он насл нафрат карда, гуфтам: “Онҳо халқи гумроҳдиланд ва роҳҳои маро нашинохтанд”. 11 Аз ин рӯ бо ғазаб қасам хӯрдам: “Онҳо ба оромии ман дохил нахоҳанд шуд”».+
12 Эй бародарон, бохабар бошед, ки дили ҳеҷ кадоми шумо аз Худои зинда дур шуда, бад ва беимон нагардад,+ 13 балки ҳар рӯз, то даме ки «имрӯз»+ гуфта мешавад, якдигарро рӯҳбаланд кунед, то дили ҳеҷ яки шумо зери таъсири гуноҳи фиребанда сахт нашавад. 14 Охир, мо, дар асл, танҳо вақте шарики Масеҳ мешавем, ки дилпурии аввалаамонро то охир нигоҳ дорем,+ 15 чуноне ки гуфта шудааст: «Имрӯз, агар овози ӯро бишнавед, дили худро сахт накунед, чи тавре ки бобоёнатон карда буданд, вақте маро ба хашму ғазаб оварданд».+
16 Кӣ суханони Худоро шунида бошад ҳам, ӯро ба хашму ғазаб овард? Магар на ҳамаи онҳое, ки бо роҳбарии Мӯсо аз Миср берун омаданд?+ 17 Худо дар давоми 40 сол аз кӣ нафрат кард?+ Магар на аз онҳое, ки гуноҳ карданду дар биёбон мурданд?+ 18 Дар бораи кӣ ӯ қасам хӯрда гуфт, ки ба оромияш дохил намешаванд? Магар на дар бораи онҳое, ки беитоатӣ карданд? 19 Чуноне ки мебинем, онҳо аз беимонии худ дохил шуда натавонистанд.+