Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози «Нобуд насоз». Таронаи Довуд. Миктам*.
58 Оё шумо, ки хомӯш ҳастед, метавонед дар бораи росткорӣ гап занед?+
Оё метавонед одилона доварӣ кунед, эй фарзандони одам?+
3 Бадкорон аз рӯзи таваллуд бо роҳи каҷ мераванд.
Онҳо гумроҳ шудаанд, аз вақти зода шудан фиребгаранд.
4 Заҳри онҳо мисли заҳри морон аст.+
Онҳо мисли мори кубро, ки гӯшашро мепӯшад, каранд.
5 Он ба овози афсунгарон гӯш намедиҳад,
Агарчи дар афсун кардан усто бошанд.
6 Худоё, дандонҳои онҳоро бишкан!
Даҳони ин шеронро пора соз, эй Яҳува!
7 Бигзор онҳо мисли обе, ки хушк мешавад, нопадид гарданд.
Бигзор Худо камонашро зеҳ карда, бо тирҳояш онҳоро афтонад.
8 Бигзор онҳо мисли кирми лесак* шаванд, ки рафта-рафта хушк мегардад.
Бигзор мисли кӯдаке шаванд, ки аз шиками модар мурда таваллуд шудааст ва ҳеҷ гоҳ рӯйи офтобро намебинад.
9 Пеш аз он ки дегҳоятон оташи хорҳоро ҳис кунанд,
Худо мисли тундбоде ҳезуми тару хушкро рӯфта мебарад.+
11 Он гоҳ одамизод хоҳад гуфт: «Ҳақиқатан ҳам, барои росткор мукофоте будааст.+
Дар ҳақиқат, Худое ҳаст, ки заминро доварӣ мекунад».+