4 Мӯсо
20 Дар моҳи якум тамоми мардуми Исроил ба биёбони Син омад ва дар Қодеш+ сокин гашт. Дар он ҷо Марям+ мурд ва гӯручӯб шуд.
2 Дар он ҷо барои мардум об набуд+ ва онҳо бар зидди Мӯсою Ҳорун ҷамъ омаданд. 3 Мардум бо Мӯсо ҷанҷол+ карда мегуфтанд: «Кош, вақте ки бародаронамон дар ҳузури Яҳува мурданд, мо ҳам мемурдем! 4 Барои чӣ ҷамоати Яҳуваро ба ин биёбон овардед, то мо ва чорвоямон дар ин ҷо бимирем?+ 5 Чаро моро аз Миср берун овардед ва ба ин ҷойи сабилмонда овардед?+ Дар ин ҷо на ғаллаву анҷир мерӯяд ва на ангуру анор, барои нӯшидан об ҳам нест».+ 6 Он гоҳ Мӯсою Ҳорун аз пеши ҷамоат назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ омаданд ва рӯ ба замин афтоданд ва ҷалоли Яҳува ба онҳо намудор шудан гирифт.+
7 Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт: 8 «Асоро бигир ва тамоми халқро ҷамъ ор ва туву бародарат Ҳорун дар пеши назари онҳо ба кӯҳпора бигӯед, ки об диҳад ва шумо барои онҳо аз кӯҳпора об бароред ва ба мардум ва чорпоёнашон барои нӯшидан диҳед».+
9 Мӯсо асоро аз пеши Яҳува гирифт,+ ҳамон тавре ки ӯ ба вай фармуда буд. 10 Мӯсою Ҳорун ҷамоатро назди кӯҳпора ҷамъ карданд ва Мӯсо ба мардум гуфт: «Гӯш кунед, эй саркашон! Оё мо бароятон аз ин кӯҳпора об барорем?»+ 11 Бо ин суханон Мӯсо дасти худро бардошта, ду бор бо асо ба кӯҳпора зад ва оби бисёре зада баромад ва мардуму чорпоёнашон нӯшидан гирифтанд.+
12 Баъдтар Яҳува ба Мӯсою Ҳорун гуфт: «Барои он ки шумо ба ман имон наовардед ва поку муқаддас буданамро дар пеши назари исроилиён нишон надодед, шумо ин ҷамоатро ба замине, ки ман ба онҳо медиҳам, намедароред».+ 13 Ин оби Мерибо*+ буд, ҷое ки исроилиён бо Яҳува ҷанҷол карданд ва дар он ҷо ӯ дар миёни онҳо поку муқаддас будани худро нишон дод.
14 Сипас Мӯсо аз Қодеш хабаррасонҳоро назди подшоҳи Адӯм фиристод,+ то онҳо аз ӯ чунин хоҳиш кунанд: «Бародарат Исроил+ чунин мегӯяд: “Ту сахтиҳоеро, ки ба сари мо омадааст, нағз медонӣ. 15 Падаронамон ба Миср рафтанд+ ва мо солҳои зиёд дар он ҷо зиндагӣ кардем+ ва мисриён мову падаронамонро азоб медоданд.+ 16 Мо сӯйи Яҳува оҳу нола кардем+ ва ӯ ба додамон расиду фариштаашро фиристод+ ва моро аз замини Миср берун овард ва ҳоло мо дар Қодеш ҳастем, дар шаҳре, ки назди сарҳади туст. 17 Илтимос, ба мо иҷозат деҳ, ки аз замини ту гузарем. Мо аз байни киштзор ва токзори ту намегузарем ва аз чоҳҳои ту об наменӯшем. Мо бо Шоҳроҳ меравем ва аз он ба тарафи росту чап тоб намехӯрем, то даме ки аз замини ту гузашта равем”».+
18 Лекин Адӯм ба ӯ гуфт: «Аз замини ман нахоҳӣ гузашт. Агар гузарӣ, ман ба пешвозат бо шамшер мебароям». 19 Исроилиён ба ӯ гуфтанд: «Мо бо роҳи асосӣ меравем ва, агар мо ё чорпоямон аз оби ту нӯшем, пулашро медиҳем.+ Ба мо ҳеҷ чиз лозим нест, фақат мехоҳем аз ин ҷо пойи пиёда гузарем».+ 20 Вале ӯ гуфт: «Не, намегузарӣ!»+ Пас аз ин Адӯм бо мардуми зиёд ва лашкари* пурзӯре ба пешвози онҳо баромад. 21 Инак, Адӯм ба исроилиён иҷозат надод, ки аз замини ӯ гузаранд, барои ҳамин онҳо ба тарафи дигар тоб хӯрданд.+
22 Тамоми мардуми Исроил аз Қодеш кӯч карданд ва ба кӯҳи Ҳӯр+ омаданд. 23 Дар кӯҳи Ҳӯр, назди сарҳади замини Адӯм, Яҳува ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 24 «Ҳорун мемирад ва ба гузаштагони худ мепайвандад.+ Ӯ ба замине, ки ман ба исроилиён медиҳам, намедарояд, чунки шумо ҳар дуятон назди обҳои Мерибо аз амри ман саркашӣ кардед.+ 25 Ҳорун ва писараш Элъозорро бигир ва онҳоро ба кӯҳи Ҳӯр бибар. 26 Либоси Ҳорунро+ аз танаш бикаш ва ба писараш Элъозор+ пӯшон, Ҳорун бошад, дар он ҷо мемирад».
27 Мӯсо айнан ҳамон тавре ки Яҳува гуфт, рафтор намуд ва дар пеши назари тамоми мардум онҳо ба кӯҳи Ҳӯр баромаданд. 28 Мӯсо либоси Ҳорунро кашид ва ба писараш Элъозор пӯшонд. Баъди ин Ҳорун дар қуллаи кӯҳ мурд+ ва Мӯсову Элъозор аз кӯҳ фаромаданд. 29 Вақте мардум диданд, ки Ҳорун мурдааст, дар тамоми хонадони Исроил барои Ҳорун 30 рӯз мотам гирифтанд.+