1 Подшоҳон
10 Самуил кӯзаи равғанро гирифта, онро ба сари Шоул рехт.+ Ӯ Шоулро бӯсид ва гуфт: «Яҳува туро тадҳин кард*,+ то пешвои халқаш*+ бошӣ. 2 Имрӯз, вақте аз пешам равӣ, назди қабри Роҳел,+ дар сарзамини Бинёмин, дар Селсаҳ, ду мардеро мебинӣ ва онҳо ба ту мегӯянд: “Харҳо, ки ба ҷустуҷӯяшон рафтӣ, ёфт шуданд ва акнун падарат харҳоро фаромӯш карда,+ барои шумо хавотир шуда мегӯяд: “Писарамро чӣ тавр ёбам?” 3 Аз он ҷо сӯйи дарахти калони Тобӯр равона шав. Дар он ҷо се мардеро вомехӯрӣ, ки барои парастиши Худо сӯйи Байт-Ил+ мебароянд: яке аз онҳо се бузғоларо бардошта мебарад, дигаре — се нон ва сеюмӣ — кӯзаи калони шаробро. 4 Онҳо туро аҳволпурсӣ карда, ба ту ду нон медиҳанд ва ту нонҳоро аз дасташон бигир. 5 Пас аз ин ту ба теппаи Худо, ки қисми лашкари фалиштиён бар он ҷойгир аст, мебароӣ. Вақте ба шаҳр меоӣ, дастаи пайғамбаронеро мебинӣ, ки аз баландӣ фаромада истодаанд. Онҳо пайғамбарӣ мекунанд ва пешопеши онҳо соз, даф, най ва чанг менавозанд. 6 Рӯҳи Яҳува туро фаро мегирад+ ва ту ҳамроҳашон мисли пайғамбар гап мезанӣ ва одами дигаре мешавӣ.+ 7 Ин аломатҳо ки рӯй доданд, чизе аз дастат ояд, бикун, зеро Худо бо туст. 8 Пас аз ин пешопеши ман ба Ҷилҷол+ фаро ва ман низ назди ту ба он ҷо меоям, то қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагӣ биёрам. То омадани ман ҳафт рӯз интизор шав ва баъд ба ту мегӯям, ки чӣ кор кунӣ».
9 Аз вақте ки Шоул пушташро гардонид, то ки аз пеши Самуил равад, Худо дилу ботини ӯро дигар кардан гирифт ва ҳамаи он аломатҳо дар он рӯз ба амал омаданд. 10 Онҳо аз он ҷо рафта, ба теппа баромаданд ва дар он ҷо дастаи пайғамбаронро диданд. Ҳамон замон рӯҳи Худо Шоулро фаро гирифт+ ва ӯ дар байни онҳо чун пайғамбар гап зад.+ 11 Вақте шиносонаш диданд, ки ӯ чун пайғамбар дар байни дигар пайғамбарон гап мезанад, ба якдигар гуфтанд: «Бо Шоули писари Қиш чӣ рӯй дод? Наход Шоул ҳам дар қатори пайғамбарон бошад?» 12 Яке аз мардони он ҷо гуфт: «Пас, падари инҳо кист?» Дар он вақт мақоле пайдо шуд: «Наход Шоул ҳам дар қатори пайғамбарон бошад?»+
13 Вақте ки вай пайғамбариро бас кард, сӯйи баландӣ рафт. 14 Чанде пас амаки Шоул ба ӯву хизматгораш гуфт: «Шумо ба куҷо рафта будед?» Вай ҷавоб дод: «Ба кофтани харҳо,+ лекин онҳоро дар ҳеҷ ҷо наёфта ба назди Самуил рафтем». 15 Он гоҳ амаки Шоул гуфт: «Бигӯ, ки Самуил ба шумо чӣ гуфт». 16 Шоул ба амакаш гуфт: «Ӯ ба мо гуфт, ки харҳо аллакай ёфт шуданд». Аммо он чиро, ки Самуил дар бораи подшоҳӣ гуфт, ба вай хабар надод.
17 Самуил мардумро пеши Яҳува дар Мисфо ҷамъ овард+ 18 ва ба исроилиён гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ин манам, ки Исроилро аз Миср берун овардам ва аз дасти Миср ва ҳамаи мамлакатҳое, ки шуморо азоб медоданд, халос кардам.+ 19 Вале имрӯз шумо аз Худои худ, ки шуморо аз ҳамаи бадиҳо ва азобҳоятон наҷот дода буд, рӯй гардондед+ ва гуфтед: “Не, бар мо подшоҳе таъйин бикун”. Акнун мувофиқи қабила ва авлоди* худ дар пеши Яҳува биистед”».
20 Самуил қабилаҳои Исроилро наздик овард+ ва аз байни онҳо қабилаи Бинёмин интихоб шуд.+ 21 Баъд ӯ қабилаи Бинёминро мувофиқи хонаводаҳояш наздик овард ва хонаводаи матриён интихоб шуд. Оқибат интихоб ба Шоули писари Қиш афтод,+ лекин, вақте ки ӯро кофтанд, наёфтанд. 22 Онҳо аз Яҳува пурсиданд:+ «Оё ин мард омадааст?» Яҳува ҷавоб дод: «Ана вай, дар байни борҳо пинҳон шудааст». 23 Онҳо давида, ӯро аз он ҷо оварданд. Вақте ки Шоул дар байни мардум истод, як сару гардан аз ҳама баландтар буд.+ 24 Самуил ба тамоми мардум гуфт: «Дидед, ки Яҳува киро интихоб кард?+ Касе монанди ӯ дар байни тамоми мардум нест». Он гоҳ тамоми халқ нидо кард: «Зинда бод подшоҳ!»
25 Самуил ба халқ гуфт, ки подшоҳ ба чӣ ҳақ дорад,+ ва инро дар китобе навишта, ба ҳузури Яҳува гузошт. Сипас Самуил тамоми мардумро ба хонаҳояшон фиристод. 26 Шоул низ ба хонаи худ, ба Ҷибъо, рафт ва ҷанговароне, ки Яҳува ба дилашон андохта буд, ҳамроҳи вай рафтанд. 27 Аммо баъзе одамони нобакор гуфтанд: «Магар аз дасти ин одам меояд, ки моро наҷот диҳад?»+ Онҳо ба вай беҳурматӣ карданд ва ба ӯ туҳфае наоварданд,+ лекин Шоул дар ин бора дам назад.