Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
21 Эй Яҳува, подшоҳ аз тавоноии ту хурсандӣ мекунад+
Ва аз наҷоте, ки медиҳӣ, бениҳоят шод мегардад!+
2 Хости дилашро иҷро намудаӣ,+
Талаби лабонашро рад накардаӣ. (Село)
3 Ту ӯро бо баракатҳои бешумор пешвоз гирифтаӣ
Ва бар сараш тоҷе аз зари холис гузоштаӣ.+
4 Ӯ аз ту ҳаёт пурсид ва ба вай додӣ,+
Ба ӯ умри дароз, умри ҷовиду абадӣ, додӣ.
5 Ҷалоли бузурги ӯ дар наҷотест, ки ту мефиристӣ.+
Ту бар ӯ шукӯҳу шавкат ниҳодаӣ.
6 Баракати абадиро ба ӯ ато кардаӣ,+
Бо шодии рӯйи худ ӯро шод гардондаӣ,+
7 Зеро подшоҳ ба Яҳува таваккал мекунад,+
Бо меҳру вафои Худои Таоло ӯ ҳаргиз фурӯ намеғалтад.+
8 Дасти ту ҳама душманонатро хоҳад ёфт,
Дасти ростат бадхоҳонатро пайдо хоҳад кард.
9 Дар вақти муқарраршуда, вақте ба онҳо диққат диҳӣ,
Онҳоро, мисли он ки ба оташдони фурӯзон партофтаӣ, нобуд месозӣ.
Яҳува ба хашм омада, онҳоро фурӯ мебарад ва оташ онҳоро мехӯрад.+
10 Ту тухми онҳоро аз рӯйи замин пок месозӣ
Ва наслашонро аз миёни одамизод нест мекунӣ,
11 Зеро онҳо бар зидди ту қасди бад доштанд.+
Нияти бади дилашон иҷро намешавад,+
12 Зеро зеҳи камонатро сӯяшон мекашӣ
Ва тавре мекунӣ, ки онҳо ақиб гарданд.+
13 Эй Яҳува, бо қуввати худ бархез.
Мо дар васфи тавоноият суруд мехонем*.