1 Подшоҳон
22 Довуд аз он ҷо+ ба ғори Адуллом гурехт.+ Вақте ки бародаронаш ва тамоми хонадони падараш инро шуниданд, ба наздаш поён омаданд. 2 Ҳамаи одамоне, ки дар тангӣ буданд, қарз доштанд ё аз ҳаёт норозӣ буданд, дар гирди ӯ ҷамъ шуданд ва ӯ сардорашон шуд. Ҳамроҳи ӯ дар он ҷо қариб 400 кас буд.
3 Довуд аз он ҷо ба Мисфои Мӯоб рафта, ба подшоҳи Мӯоб+ гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки падару модарам то он вақте, ки Худо бо ман чӣ карданашро маълум созад, бо ту бимонанд». 4 Баъд аз ин ӯ падару модарашро назди подшоҳи Мӯоб гузошт ва онҳо тамоми он вақте, ки Довуд дар паноҳи кӯҳ буд, дар назди вай зиндагӣ карданд.+
5 Пас аз чанде Ҷоди+ пайғамбар ба Довуд гуфт: «Дар ин паноҳгоҳ наист, балки ба замини Яҳудо бирав».+ Аз ин рӯ Довуд аз он ҷо рафта, ба ҷангали Ҳорат омад.
6 Шоул дар бораи Довуду ҳамроҳонаш шунид. Он вақт Шоул дар Ҷибъо,+ дар таги дарахти газе, ки дар теппа буд, найза дар даст менишаст ва ҳамаи ходимонаш дар гирдаш меистоданд. 7 Шоул ба ходимонаш, ки дар атрофаш меистоданд, гуфт: «Эй бинёминиён, илтимос, ба ман гӯш диҳед. Оё писари Исой+ низ ба ҳамаи шумо саҳрову токзорҳо медиҳад? Магар ӯ ҳамаи шуморо мириҳазор ва мирисад таъйин мекунад?+ 8 Ҳамаи шумо бар зидди ман забон як кардаед! Касе маро хабардор накард, ки писарам бо писари Исой аҳд бастааст!+ Касе аз шумо ғами маро нахӯрд ва ба ман нагуфт, ки писарам хизматгори маро шӯр андохтааст, ки бар зидди ман камин гирад ва, чуноне ки имрӯз мебинед, ҳамин тавр аст».
9 Он гоҳ Дӯаги+ адӯмӣ, ки бар ходимони Шоул гузошта шуда буд, гуфт:+ «Ман дидам, ки писари Исой ба Нуб, ба назди Аҳималики писари Аҳитуб,+ омад. 10 Ӯ барои Довуд аз Яҳува пурсон шуд ва ба ӯ тӯшаи роҳ дод. Ӯ ҳатто шамшери Ҷолёти фалиштиро ба вай дод».+ 11 Ҳамон замон подшоҳ кас фиристод, ки Аҳималики писари Аҳитуби коҳин ва тамоми коҳинони хонадони падарашро, ки дар Нуб буданд, оваранд. Ҳамаи онҳо назди подшоҳ омаданд.
12 Он гоҳ Шоул гуфт: «Эй писари Аҳитуб, илтимос, маро гӯш кун». Коҳин дар ҷавоб гуфт: «Гӯшам ба туст, эй хоҷа». 13 Шоул ба вай гуфт: «Барои чӣ ту бо писари Исой бар зидди ман забон як кардӣ? Барои чӣ ту ба ӯ нон ва шамшер додӣ ва барояш аз Худо пурсон шудӣ? Охир, ӯ бар зидди ман баромада, камин гирифтааст, чуноне ки имрӯз дида истодаед». 14 Аҳималик ба подшоҳ гуфт: «Кӣ аз ҳамаи ходимонат мисли Довуд боваринок* аст?+ Ӯ домоди подшоҳ+ ва сардори посбононат буда, дар хонаат соҳиби эҳтиром аст.+ 15 Ғайр аз ин, магар бори аввал аст, ки барои ӯ аз Худо пурсон шудам?+ Ман ҳаргиз он бадиеро, ки ту мегӯӣ, накардаам. Бигзор подшоҳ дар ҳаққи бандаи худ ва аз тамоми хонадони падарам гумони бад накунад, зеро бандаат дар ин бора чизе намедонист».+
16 Вале подшоҳ гуфт: «Эй Аҳималик, ту ва тамоми хонадони падарат+ ҳатман хоҳед мурд».+ 17 Подшоҳ ба посбононе*, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Рафта, коҳинони Яҳуваро бикушед, чунки онҳо тарафдори Довуданд! Онҳо медонистанд, ки ӯ гуреза аст, вале ба ман хабар надоданд». Аммо ходимони подшоҳ нахостанд, ки бар коҳинони Яҳува даст бардошта онҳоро бикушанд. 18 Сипас подшоҳ ба Дӯаг+ гуфт: «Ту рафта, коҳинонро бикуш!» Дӯаги адӯмӣ+ дарҳол бирафт ва ба коҳинон ҳамла овард. Дар он рӯз ӯ 85 мардеро, ки пешбанди катон мепӯшиданд, ба ҳалокат расонд.+ 19 Ӯ ҳамчунин Нуб,+ шаҳри коҳинонро, аз дами теғ гузаронд: ӯ мардон ва занон, кӯдакон ва тифлони ширмак, буққаву хару гӯсфандонро бо шамшер бикушт.
20 Вале яке аз писарони Аҳималики писари Аҳитуб, ки Абётор+ ном дошт, халос шуда, назди Довуд гурехт. 21 Абётор ба Довуд гуфт: «Шоул коҳинони Яҳуваро кушт». 22 Довуд бошад, ба ӯ гуфт: «Рӯзе ки Дӯаги адӯмӣ дар он ҷо буд,+ аз дилам гузашт, ки ӯ ҳатман ба Шоул хабар медиҳад. Ҳалокати ҳамаи касони хонадони падарат айби ман аст. 23 Бо ман бимон. Натарс, ҳар касе қасди ҷони туро дорад, қасди ҷони маро дорад. Ту зери ҳимояи ман ҳастӣ».+