3 Мӯсо
12 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 2 «Ба исроилиён бигӯй: “Агар зан ҳомила шавад ва писар таваллуд кунад, ӯ ҳафт рӯз нопок ҳисобида мешавад. Ӯ мисли рӯзҳои хунравии ҳармоҳааш нопок ҳисобида мешавад.+ 3 Дар рӯзи ҳаштум бошад, бачаро бояд хатна кунанд*.+ 4 Баъд аз ин зан бояд 33 рӯзи дигар аз сабаби хунравияш худро пок созад. Ӯ то тамом шудани рӯзҳои покшавияш набояд ба ҳеҷ чизи поку муқаддас даст расонад ва ба ҷойи муқаддас биёяд.
5 Агар зан духтар таваллуд кунад, ӯ 14 рӯз нопок ҳисобида мешавад. Ӯ мисли рӯзҳои хунравии ҳармоҳааш нопок ҳисобида мешавад. Ӯ баъд аз 14 рӯз бояд 66 рӯзи дигар худро аз сабаби хунравияш пок созад. 6 Вақте рӯзҳои покшавияш баъд аз таваллуди писар ё духтар ба охир расанд, ӯ бояд қӯчқори яксола ё хурдтарро барои қурбонии сӯхтанӣ+ ва кафтарбача ё мусичаеро барои қурбонии гуноҳ пеши коҳин, назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ, биёрад. 7 Коҳин онро ба Яҳува пешкаш менамояд ва барои вай товон медиҳад ва зан аз хунравияш пок мешавад. Ин аст қонун дар бораи зане, ки писар ё духтар таваллуд кардааст. 8 Агар зӯри вай ба гӯсфанд нарасад, ӯ бояд ду мусича ё ду кафтарбача биёрад:+ якеро барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигареро барои қурбонии гуноҳ. Коҳин барояш товон медиҳад ва ӯ пок мешавад”».