4 Мӯсо
13 Яҳува ба Мӯсо гуфт: 2 «Ба замини Канъон, ба замине, ки ман ба исроилиён медиҳам, ҷосусонро бифирист, то заминро ҷосусӣ кунанд: якнафарӣ аз ҳар қабилаи падарашон, ки ҳар яке дар миёни онҳо+ сарвар+ бошад».
3 Мӯсо бо фармони Яҳува онҳоро аз биёбони Форон ба он ҷо фиристод.+ Ҳамаи онҳо сарварони исроилиён буданд. 4 Ин аст номҳои онҳо: аз қабилаи Реубен — Шамуаи писари Заккур, 5 аз қабилаи Шимъӯн — Шофоти писари Ҳӯрӣ, 6 аз қабилаи Яҳудо — Колеби+ писари Ефунне, 7 аз қабилаи Иссокор — Иҷъоли писари Юсуф, 8 аз қабилаи Эфроим — Ҳушаи+ писари Нун, 9 аз қабилаи Бинёмин — Фалтии писари Рафу, 10 аз қабилаи Забулун — Ҷаддиили писари Сӯдӣ, 11 аз қабилаи Юсуф,+ аз қабилаи Менашше+ — Ҷаддии писари Сусӣ, 12 аз қабилаи Дон — Аммиили писари Ҷамалӣ, 13 аз қабилаи Ошер — Сатури писари Микоил, 14 аз қабилаи Нафтолӣ — Наҳбии писари Вофсӣ, 15 аз қабилаи Ҷод — Ҷауили писари Мокӣ. 16 Ин аст номи мардоне, ки Мӯсо онҳоро барои ҷосусӣ кардани он замин фиристод. Ҳушаи писари Нунро бошад, Мӯсо Юшаъ*+ ном гузошт.
17 Вақте Мӯсо онҳоро барои ҷосусӣ кардани замини Канъон фиристод, ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо ба Негеб равона шуда, сипас ба кӯҳистон бароед.+ 18 Рафта, бубинед, ки он замин чӣ гуна аст,+ мардуми он пурзӯранд ё камқувват, камшуморанд ё сершумор, 19 замини он ҷо хуб аст ё бад, мардумаш дар хаймагоҳҳо зиндагӣ мекунанд ё дар қалъаҳо, 20 замини он ҷо ҳосилхез аст ё бесамар,+ дарахт дорад ё не. Далер бошед+ ва аз меваи он замин бо худ гирифта, биёред». Он вақт мавсими пухтани ҳосили аввали ангур+ буд.
21 Онҳо баромада, заминро аз биёбони Син+ то Раҳӯб,+ ки назди Лебӯ-Ҳамот*+ аст, ҷосусӣ карданд. 22 Вақте онҳо ба Негеб баромаданд, ба Ҳебрӯн+ расиданд, ки дар он ҷо Аҳиман, Шешай ва Талмай+ зиндагӣ мекарданд, ки онҳо аз насли Аноқ+ буданд. Ҳебрӯн бошад, аз Сӯани Миср ҳафт сол пештар сохта шуда буд. 23 Вақте онҳо ба водии Эшкӯл+ расиданд, дар он ҷо як шохаи токро, ки хӯшаи калони ангур дошт, бурида, бо чӯбдасте дукаса бардоштанд. Ҳамчунин онҳо аз меваи анор ва анҷир низ бо худ гирифтанд.+ 24 Онҳо он маконро ба сабаби хӯшаи ангуре, ки исроилиён дар он ҷо бурида гирифтанд, водии Эшкӯл*+ номиданд.
25 Онҳо, баъди он ки он заминро 40 рӯз+ ҷосусӣ карданд, 26 назди Мӯсою Ҳорун ва тамоми мардуми Исроил ба биёбони Форон, ба Қодеш,+ баргаштанд. Онҳо ба тамоми мардум дар бораи он замин хабар оварданд ва меваҳои он ҷоро нишон доданд. 27 Онҳо ба Мӯсо хабар дода гуфтанд: «Мо ба замине, ки моро фиристодӣ, рафтем, ва дар он, ҳақиқатан ҳам, ширу асал+ ҷорист ва ин аст меваи он замин.+ 28 Аммо мардуми он замин пурзӯранд ва шаҳрҳояшон қалъаҳои хеле бузург доранд. Мо ҳамчунин дар он ҷо фарзандони Аноқро+ дидем. 29 Амолеқиён+ дар замини Негеб+ зиндагӣ мекунанд, ҳиттиён, ябусиён,+ амӯриён+ — дар кӯҳистон, канъониён+ бошанд, назди баҳр ва қад-қади дарёи Урдун».+
30 Сипас Колеб мардумро, ки назди Мӯсо меистоданд, ором карданӣ шуда, гуфт: «Биёед худи ҳозир ба он ҷо баромада, он заминро забт кунем, чунки мо сад дар сад он заминро соҳиб шуда метавонем».+ 31 Аммо мардоне, ки бо вай буданд, гуфтанд: «Мо ба онҳо зӯрамон намерасад. Онҳо аз мо пурзӯртаранд».+ 32 Он мардон дар бораи замине, ки ҷосусӣ карданд, ба исроилиён хабари бад+ медоданду мегуфтанд: «Замине, ки мо онро бо мақсади ҷосусӣ кардан тай намудем, заминест, ки сокинони худро фурӯ мебарад. Тамоми мардуми он ҷо одамони калонҷуссаанд.+ 33 Мо дар он ҷо бузургҷуссагонро*, фарзандони Аноқро,+ дидем, ки аз насли бузургҷуссагонанд. Мо дар назари худамон ва дар назари онҳо малах барин менамудем».