ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 3 Подшоҳон 10
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 3 Подшоҳон

      • Маликаи Сабо ба назди Сулаймон меояд (1–13)

      • Сарватмандии Сулаймон (14–29)

3 Подшоҳон 10:1

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 4:29
  • +2Вқ 9:1, 2; Мт 12:42

3 Подшоҳон 10:2

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 25:3, 6; 4Пш 20:13
  • +Зб 72:10

3 Подшоҳон 10:3

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «пӯшида набуд».

3 Подшоҳон 10:4

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 3:28; Пг 12:9
  • +2Вқ 9:3–8

3 Подшоҳон 10:5

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «дар ӯ дигар рӯҳ намонд».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 4:22

3 Подшоҳон 10:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «суханон».

3 Подшоҳон 10:8

Оятҳои иловагӣ

  • +Пнм 8:34

3 Подшоҳон 10:9

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 5:7

3 Подшоҳон 10:10

Эзоҳҳо

  • *

    Як киккар ба 34,2 кг баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 43:11
  • +Зб 72:10

3 Подшоҳон 10:11

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 9:27, 28; Зб 45:9
  • +2Вқ 2:8
  • +2Вқ 9:10, 11

3 Подшоҳон 10:12

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 5:12; Зб 150:3

3 Подшоҳон 10:13

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 9:12

3 Подшоҳон 10:14

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 9:13, 14

3 Подшоҳон 10:16

Эзоҳҳо

  • *

    Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 14:25, 26
  • +2Вқ 9:15, 16

3 Подшоҳон 10:17

Эзоҳҳо

  • *

    Вазни «мино»-е, ки дар Навиштаҳои Ибронӣ омадааст, ба 570 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 7:2

3 Подшоҳон 10:18

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 122:2, 5
  • +2Вқ 9:17–19

3 Подшоҳон 10:19

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 49:9; 4Мс 23:24; 24:9

3 Подшоҳон 10:21

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 7:2
  • +2Вқ 9:20, 21

3 Подшоҳон 10:22

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 10:4; Зб 72:10; Ҳз 27:12; Юн 1:3
  • +3Пш 10:18

3 Подшоҳон 10:23

Оятҳои иловагӣ

  • +Пг 5:19
  • +3Пш 3:12, 13; 4:29; 2Вқ 9:22–24

3 Подшоҳон 10:24

Оятҳои иловагӣ

  • +Пнм 2:6

3 Подшоҳон 10:26

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «аспсавору».

  • *

    Ё «аспсавор».

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 17:15, 16; 3Пш 4:26
  • +2Вқ 1:14; 9:25

3 Подшоҳон 10:27

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 1:15; 9:27

3 Подшоҳон 10:28

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «аз Миср ва аз Қаве меоварданд, тоҷирони подшоҳ барои аз Қаве харидани онҳо». Қаве, эҳтимол, ба Қилиқия ишора мекунад.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 1:16, 17; 9:28

3 Подшоҳон 10:29

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Сурия».

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 1:4

Асосӣ

3 Подш. 10:13Пш 4:29
3 Подш. 10:12Вқ 9:1, 2; Мт 12:42
3 Подш. 10:22Мс 25:3, 6; 4Пш 20:13
3 Подш. 10:2Зб 72:10
3 Подш. 10:43Пш 3:28; Пг 12:9
3 Подш. 10:42Вқ 9:3–8
3 Подш. 10:53Пш 4:22
3 Подш. 10:8Пнм 8:34
3 Подш. 10:93Пш 5:7
3 Подш. 10:101Мс 43:11
3 Подш. 10:10Зб 72:10
3 Подш. 10:113Пш 9:27, 28; Зб 45:9
3 Подш. 10:112Вқ 2:8
3 Подш. 10:112Вқ 9:10, 11
3 Подш. 10:122Вқ 5:12; Зб 150:3
3 Подш. 10:132Вқ 9:12
3 Подш. 10:142Вқ 9:13, 14
3 Подш. 10:163Пш 14:25, 26
3 Подш. 10:162Вқ 9:15, 16
3 Подш. 10:173Пш 7:2
3 Подш. 10:18Зб 122:2, 5
3 Подш. 10:182Вқ 9:17–19
3 Подш. 10:191Мс 49:9; 4Мс 23:24; 24:9
3 Подш. 10:213Пш 7:2
3 Подш. 10:212Вқ 9:20, 21
3 Подш. 10:221Мс 10:4; Зб 72:10; Ҳз 27:12; Юн 1:3
3 Подш. 10:223Пш 10:18
3 Подш. 10:23Пг 5:19
3 Подш. 10:233Пш 3:12, 13; 4:29; 2Вқ 9:22–24
3 Подш. 10:24Пнм 2:6
3 Подш. 10:265Мс 17:15, 16; 3Пш 4:26
3 Подш. 10:262Вқ 1:14; 9:25
3 Подш. 10:272Вқ 1:15; 9:27
3 Подш. 10:282Вқ 1:16, 17; 9:28
3 Подш. 10:29Юш 1:4
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
3 Подшоҳон 10:1–29

3 Подшоҳон

10 Маликаи Сабо овозаи Сулаймонро, ки ӯ ба шарофати номи Яҳува пайдо карда буд, шунида,+ омад, ки ӯро бо муаммоҳо бисанҷад.+ 2 Ӯ бо шумораи бениҳоят зиёди ходимонаш, ҳамчунин бо равғани хушбӯй+ ва тиллову сангҳои қиматбаҳои беҳад бисёре,+ ки бар шутурон буданд, ба Ерусалим омад. Ӯ назди Сулаймон омада, дар бораи ҳар чӣ дар дилаш буд, гуфтугӯ кард. 3 Сулаймон ҳалли ҳамаи муаммоҳои ӯро ёфт: чизе барои подшоҳ чандон душвор набуд*, ки ӯ ба малика фаҳмонда натавониста бошад.

4 Вақте ки маликаи Сабо тамоми хиради Сулаймон,+ хонаеро, ки вай бино карда буд,+ 5 хӯроки дастархони ӯ,+ ходимонеро, ки дар сари он менишастанд, рафтори пешхизматону сарулибоси онҳо, соқиён ва ҳамчунин қурбониҳои сӯхтаниеро, ки ӯ доимо дар хонаи Яҳува меовард, дид, ҳуш аз сараш парид*. 6 Ӯ ба подшоҳ гуфт: «Овозае, ки ман дар бораи комёбиҳо* ва хиради ту дар замини худ шунида будам, рост баромад. 7 Вале, то даме ки омада, ҳамаи инро бо чашми худ надидам, ба он овозаҳо бовар намекардам. Ҳоло бошад, фаҳмидам, ки ба ман ҳатто нисфашро нагуфта будаанд. Хирад ва ҳашамати ту аз овозаат бештар будааст. 8 Хушбахтанд одамони ту ва хушбахтанд ходимони ту, ки доимо дар пешат истода, хиради туро мешунаванд!+ 9 Худоят Яҳуваро, ки туро хуш карда бар тахти Исроил шинондааст, ҳамду сано бод!+ Муҳаббати Яҳува ба Исроил пойдор аст, зеро ӯ туро подшоҳ кардааст, то аз рӯйи адлу инсоф доварӣ намоӣ».

10 Сипас ӯ ба подшоҳ 120 киккар* тилло, равғани хушбӯйи зиёде+ ва сангҳои қиматбаҳоро тақдим кард.+ Баъд аз ин касе ин қадар равғани хушбӯе, ки маликаи Сабо ба шоҳ Сулаймон тақдим кард, наоварда буд.

11 Киштиҳои Ҳиром, ки аз Ӯфир+ тилло меоварданд, аз он ҷо боз ба миқдори хеле зиёд чӯби сандал+ ва инчунин сангҳои қиматбаҳо оварданд.+ 12 Подшоҳ аз чӯби сандал такягоҳҳои хонаи Яҳува ва қасри шоҳ, ҳамчунин чангу созҳои тории сарояндагонро сохт.+ Ин қадар чӯби сандал то ба ин рӯз оварда ва дида нашудааст.

13 Шоҳ Сулаймон низ ҳар чизеро, ки дили маликаи Сабо кашиду вай хоҳиш кард, ғайр аз он чизҳое, ки шоҳ аз дасткушодӣ ҳадия карда буд, ба малика бидод. Баъд аз ин вай аз назди шоҳ рафта, бо ходимонаш ба сарзамини худ баргашт.+

14 Вазни тиллое, ки ҳар сол ба хазинаи Сулаймон меомад, 666 киккар буд,+ 15 ғайр аз он чӣ аз тоҷирони сайёр, аз даромади савдогарон ва аз ҳамаи подшоҳони Арабистону ҳокимони замин меомад.

16 Шоҳ Сулаймон аз тиллои омехта 200 сипари калон+ (ба ҳар як сипар 600 сиқл* тилло сарф шуд)+ 17 ва 300 сипари хурд сохт (бар ҳар яки ин сипарҳо се мино* тилло сарф шуд). Подшоҳ он сипарҳоро дар хонаи Ҷангали Лубнон+ гузошт.

18 Инчунин подшоҳ аз устухони фил тахти+ боҳашамате сохт ва онро бо зари тоза рӯкаш кард.+ 19 Сӯйи он тахт шаш зинапоя мебурд ва дар паси тахт соябони гирде буд. Ду тарафи тахт дастмонакҳо дошт ва дар бари он дастмонакҳо ду шер+ меистод. 20 Бар шаш зинапоя 12 шер меистод, яктогӣ аз ду тарафи ҳар зинапоя. Тахте мисли он дар ягон мамлакати дигар сохта нашуда буд.

21 Ҳамаи ҷому пиёлаҳои шоҳ Сулаймон аз тилло буд ва ҳамаи ашёи хонаи Ҷангали Лубнон+ аз тиллои тоза буд. Чизе аз нуқра сохта нашуда буд, зеро нуқра дар рӯзҳои Сулаймон қадру қимате надошт.+ 22 Киштиҳои таршишии+ шоҳ бо киштиҳои Ҳиром дар баҳр сафар мекарданд ва дар се сол як бор пур аз тилло, нуқра, устухони фил,+ маймун ва товус меомаданд.

23 Шоҳ Сулаймон аз ҷиҳати сарват+ ва хирад+ аз ҳамаи подшоҳони рӯйи замин бузургтар буд. 24 Тамоми аҳли замин толиби дидори Сулаймон буданд ва хиради ӯро, ки Худо ба дилаш андохта буд,+ шунидан мехостанд. 25 Ҳар яки онҳо бо туҳфаи худ — бо колои нуқра ва тилло, либос, аслиҳа, равғани хушбӯй ва аспу хачирҳо, меомад ва ин сол аз сол давом меёфт.

26 Сулаймон аспу* аробаҳояшро торафт зиёд мекард: ӯ 1400 ароба ва 12 000 асп*+ дошт ва онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва дар назди шоҳ, дар Ерусалим, нигоҳ медошт.+

27 Подшоҳ нуқраро дар Ерусалим чун сангҳо ва чӯби сидраро чун тутанҷирҳои Шефило фаровон сохт.+

28 Аспҳои Сулаймонро аз Миср меоварданд ва тоҷирони подшоҳ барои харидани галаи аспон* маблағи муайян медоданд.+ 29 Ҳар як аробае, ки аз Миср мехариданд, 600 сиқл нуқра ва ҳар як асп 150 сиқл нуқра арзиш дошт. Онҳо ҳамчунин аспу аробаҳоро ба ҳамаи шоҳони ҳиттиён+ ва шоҳони Арам* мефурӯхтанд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан