Забур
Ба сардори ромишгарон. Маскил*. Таронаи Довуд. Вақте ки Дӯаги адӯмӣ назди Шоул омада, хабар дод, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.+
52 Эй пурзӯр, чаро бо корҳои бадат фахр мекунӣ?+
Охир, меҳру вафои Худо якрӯза нест.+
3 Ту бадиро аз некӣ
Ва дурӯғгӯйиро аз ростгӯйӣ бештар дӯст медорӣ. (Село)
4 Ҳар гуна сухани нешдорро нағз мебинӣ,
Эй забони фиребгар!
5 Аз ин рӯ Худо туро абадан ба хок яксон мекунад.+
7 Онҳо мегӯянд: «Чунин аст ҳоли касе, ки Худоро паноҳгоҳи* худ насохтааст.+
Ӯ ба бисёрии сарваташ таваккал кард+
Ва ба ҳилаҳои бади худ умед баст».
8 Аммо ман дар хонаи Худо мисли зайтуни сершоху барг хоҳам буд
Ва ба меҳру вафои Худо абадан ва ба таври ҷовидонӣ такя хоҳам намуд.+
9 Туро барои он чӣ кардӣ, ҳамеша ситоиш хоҳам кард.+
Дар ҳузури вафодоронат
Ба номи ту умед хоҳам баст,+ зеро ки ин некуст.