Марқус
16 Вақте ки рӯзи шанбе+ гузашт, Марями Маҷдалия, Марями+ модари Яъқуб ва Салӯмит алафҳои хушбӯй хариданд, то рафта, ба ҷасади Исо бимоланд.+ 2 Саҳарии барвақти рӯзи якуми ҳафта, баробари баромадани офтоб, онҳо сари қабри Исо омаданд.+ 3 Дар роҳ онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ барои мо сангро аз даҳани қабр меғелонда бошад?» 4 Лекин, вақте онҳо ба он ҷо омаданд, диданд, ки санг ғелонда шудааст, ҳол он ки он бисёр калон буд.+ 5 Онҳо ба ғоре, ки қабри Исо буд, даромада, ҷавонмарди сафедпӯшеро диданд, ки дар тарафи рост нишаста буд. Онҳо инро дида сахт ба ҳайрат афтоданд. 6 Он мард ба занҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед.+ Ман медонам, ки шумо Исои носириро мекобед, ки ӯро дар сутун куштаанд. Ӯ зинда шудааст+ ва дар ин ҷо нест. Ана ҷое, ки ҷасади ӯро монда буданд.+ 7 Ҳозир бошад, рафта, ба шогирдон ва ба Петрус чунин хабар диҳед: “Исо пеш аз шумо ба Ҷалил меравад+ ва, чи тавре ки ба шумо гуфта буд, ӯро дар он ҷо мебинед”».+ 8 Онҳо сахт ба ҳаяҷон афтода, тарсону ларзон аз ғор баромаданду давида рафтанд ва аз тарс ба касе чизе нагуфтанд.*+